Роҳбарии умумии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тариқи мақоми намояндагии Шӯрои олимони донишгоҳ сурат мегирад. Муҳлати ваколати Шӯрои олимон наметавонад аз 5 сол зиёд бошад. Аз нав интихоб намудани аъзои Шӯрои олимон пеш аз муҳлат бо дархости на камтар аз нисфи аъзо, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи “Оиннома”-и донишгоҳ гузаронида мешавад. Тартиби интихоби ҳайати аввали Шӯрои олимонро маҷлиси умумӣ, омӯзгорон, кормандони илмӣ, намояндагони гурӯҳи дигари кормандон ва донишҷӯён муайян мекунанд.

Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи донишгоҳ таъсис дода шуда, фаъолият менамояд. Ба ҳайати Шӯрои олимони донишгоҳ ректор, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ шомил ҳастанд.

Боиси тазаккур аст, ки баҳри рушду такмили раванди таълим ва тарбияи мутахассисони ҷавон, инкишофи минбаъдаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар донишгоҳ, баланд бардоштани нақши он дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ Шӯрои олимон масъалаҳои рӯзмарраро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Шӯрои олимон барои беҳтар намудани раванди таълим ва омодасозии мутахассисони баландихтисос диққати махсус медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар сол фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ аз назорати аъзои Шӯрои олимон гузашта, вазъи раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин бахшҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон баррасӣ мегарданд.

Дар давоми соли таҳсил аз 10 то 13 ҷаласаи Шӯрои олимон доир мегардад.

Айни ҳол раиси Шӯрои олимон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар аст.

Шӯрои олимони донишгоҳ дорои чунин салоҳиятҳо мебошад:

-назорати умумии ҳайати кормандону донишҷӯёни донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи донишгоҳ;

-шунидан ва тасдиқи ҳисоботи солонаи ректори донишгоҳ;

-муайянкунии масъалаҳои истифодаи маблағҳо ва самтҳои асосии масрафи маблағҳои ғайрибуҷетӣ;

-пешниҳоди олимону омӯзгорони арзанда ба унвонҳои ифтихорӣ ва мукофоти давлатӣ;

-қабули қарорҳо доир ба кушодани тахассусҳои нав, зерсохторҳои иловагӣ дар таркиби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва муҳлати омӯзиши онҳо;

-тасдиқи қоидаҳои қабули довталабон ба донишгоҳ;

-доир намудани интихоби мудирони кафедраҳо ва озмунҳо барои вазифаи дотсентӣ ва профессорӣ;

-иҷрои дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба назар гирифтааст.