Бо мақсади ҷалби донишҷӯёни ҳаваскор ба чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳ ва сатҳи пойтахту ҷумҳурӣ соли 1956 дар донишгоҳ дастаи фарҳангии «Муҳандиси ҷавон» таъсис дода шудааст.

Дастаи ҳаваскорони санъат – «Муҳандиси ҷавон» аз ҳисоби донишҷӯёни соҳибистеъдод ва лаёқатманд таъсис дода шуда, репертуари даста аз сурудҳои лирикию ватанпарваронаи тоҷикӣ ва сурудҳои халқу миллатҳои гуногун иборат аст ва дар донишгоҳу берун аз он обрӯву эътибор ва мавқеи муайянро касб кардааст.

Устодон, мутрибон ва донишҷӯёни аъзои дастаи фарҳангии «Муҳандиси ҷавон» дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат менамоянд. Роҳбари бадеии онро Раҳимова С.С. ба уҳда дорад.