Неъматова Саида Ҷунайдовна

Директори китобхона

Аз давраҳои қадим китобхона ё худ махзани китоб ҷойи андӯхтани дониш ва маънавиёт ба шумор мерафт. Гузаштагони мо, ба мисли Абуалӣ Сино, Берунӣ, Умари Хайём, Форобӣ донишу малакаи худро тавассути омӯзиш ва хондани китобҳо зиёд намуда, оламшумул гаштанд.

Айни замон низ китобхонаи донишгоҳ на ҷойи ҷамъу гирд овардани китоб аст, балки ҷойи омӯхтани дониш, такмил додани савияи дониш ва соҳибкасб гардидани муҳандисони ояндаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон аст.

Таърихи ташкили китобхонаи илмӣ-электронии донишгоҳ якҷоя бо ташкили донишгоҳ рост меояд, яъне аз соли 1956 инҷониб китобхонаи илмӣ-техникӣ ва баъдан китобхонаи илмӣ-электронӣ фаъолият мекунад. Айни замон фонди захиравии китобхона зиёда аз 585 ҳазор адад китоб дорад.

Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ имрӯз китобхонаи илмӣ-электронӣ ба яке аз китобхонаҳои бузург табдил ёфта, ба давраи китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ дохил мешавад. Соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи донишгоҳ барои иштироки фаъолона дар озмуни “Чароғи ҳидоят” бо диплом сарфароз гардонида шуд. Китобхона ба рӯйхати Маркази миллии маълумотӣ-патентӣ дохил карда шуда, ду маротиба бо ифтихорномаҳои ин муассиса барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ифтихорномаҳо гардидааст. Ғайр аз ин унвони Китобхонаи солро бо вимпели мармарӣ сазовор шуд.

Аз соли 2006 китобхонаи электронӣ фаъолият дорад. Фонди умумии захираҳои электронии донишгоҳ то имрӯз тақрибан 265 ҳазор маводи электрониро дар сервери китобхона ҳифз намуда, 85 ҳазор маводи электронии китобхонаҳои электронии дигарро, ки дастрасӣ ба онҳо аз шабакаи донишгоҳ таъмин шудааст, дар бар мегирад. Саҳифаи китобхонаи электронӣ дар WEB-портали Донишгоҳ (www.techlib.ttu.tj/) ҷойгир шудааст, ки дар он файлҳои электронии китобҳо маҳфуз мебошанд ва дастраси ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён мебошад.

Зиёда аз 8300 нафар хонандагон аъзои китобхонаанд, ки аз он ҷумлаи профессорону аспирантон, магистрону коргарон ва донишҷӯён мебошанд.

Кормандони китобхона тайи солҳои тӯлонӣ фаъолияти китобдории худро маҳз дар ҳамин даргоҳ идома медиҳанд: зиёда аз бисту панҷ сол – Назарова Ш.В., зиёда аз понздаҳ сол – Лашкарбекова З.Р., Оғоева А.К., Розиқова Г.З., Ғоибова Х.А., Ҳабибуллоева Б., зиёда аз даҳ сол – Ҷумаева М., Раҳматшоева С. Инчунин дар қатори кормандони собиқадор кормандони ҷавон – Билолов Ш., Мастибекова Ф., Ҳусейнзода Ҳ. ва Давлатшоева Н. низ ба ин кори пурарзиш саъю кӯшиш мекунанд, ки лоиқи таҳсин аст.

Роҳбарии китобхонаро аз ибтидои фаъолияти донишгоҳ Таганова Р.И., Ҷӯраев А.А., Совко Е.А., Захарова Е.М., Пугачева Л.Д., Щербакова В.М., Назарова Ш.В. ба зимма доштанд. Ҳоло бошад, Неъматова С.Ҷ. ин вазифаро иҷро менамояд.

Электронные ресурсы

РИНЦ

Единый электронный каталог (ЭК) РГБ

НАУЧНАЯ ЭЛЕКТРОННАЯ БИБЛИОТЕКА «КИБЕРЛЕНИНКА»
Научная библиотека им. М.Горького СПбГУ - Электронные ресурсы.
СОВЕТСКАЯ ЭЛЕКТРОННАЯ БИБЛИОТЕКА имени В.И. Ленина
Президентская библиотека имени Б.Н.Ельцина
Электронный каталог библиотек МГУ
Электронный каталог - Научная библиотека имени М.М. Бахтина
Банк Книг - самая полная электронная библиотека книг
Российская национальная библиотека, Санкт-Петербург
Все для студента
Научная педагогическая, электронная библиотека
Научная библиотека имени Н.Н.Страхова
Центральная Научная Медицинская Библиотека
ЭБС "Университетская библиотека онлайн" читать электронные книги
Национальная библиотека им. Ахмет - Заки Валиди Республики Башкортостан
Российская государственная библиотека
Электронные книги по математике
http://www.bibliolink.ru/
http://www.lang-lib.narod.ru/franc.html
Большая онлайн библиотека e-Reading
Библиотека электронных книг. Различные форматы pdf, txt, fb2, doc, epub, mobi скачать бесплатно
Учебная литература. Книги в формате fb2. Скачать бесплатно.
Физика, химия, математика студентам и школьникам
Мир книг
Электронные тексты и коллекции
Электронная библиотека On-Line


Статьи и публикации