444

Эмомова Ф.Ё.

Мудири шуъба

Шуъбаи магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён (ШМ ва КИТД) ҷузъи сохтории ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ буда, фаъолияти батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба татбиқи барномаҳои магистрӣ дар тамоми самтҳои тайёр кардани магистрантон, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар магистратура, таъмини рақобатпазирии дохилӣ ва байналмилалии магистратураи донишгоҳ ва таъмини фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён амалӣ месозад.

     Аз рӯзи таъсиси шуъба роҳбарии онро Хуҷаев П.С. баъдан  Бозоров Ш. А. ба уҳда доштанд.  Аз сентябри соли 2023 сарварии шуъба ба зиммаи         Эмомова Ф.Ё. гузошта шудааст.

     Дар донишгоҳ аз рӯйи 15 ихтисос магистрон таҳсили худро идома дода истодаанд. Контингенти магистрантон дар соли хониши 2023-2024, 216 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 21 – нафарашон духтарон ва 195 – нафарашро писарон мебошанд. Аз рӯи шакли таҳсил, миқдори умумӣ  45 – бӯҷавӣ, 140 – шартномавӣ, 26 – квота ва 5 - нафар шаҳрвандони хориҷиро ташкил медиҳад.

     Дар робита ба ин баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуъбаи магистратура фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳ ба роҳ монда, ба пуштибони ва сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи роҳбарияти давлат тамоми имконот ва нерӯи худро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, дар рӯҳияи ватандӯсти, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ сарф менамояд.

     Магистратура зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоташ 2-сола буда, ҳадафи он таъмини соҳаҳои  мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахасcисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад.

Дар зинаи магистратура ҷадвали дарсӣ, тибқи барномаи амалкунанда тартиб дода шуда, аз рӯи он таълим амалӣ мегардад. Инчунин барои магистрҳои аз оилаҳои камбизоат, магистрони лаёқатманду дониши хубу аъло дошта, идрорпулӣ муқаррар карда шудааст.

 Ҳамасола ба донишҷӯёни зинаи бакалаврӣ, ки бо дипломи сурх ва баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм менамоянд аз тарафи садорати факултетҳо ба унвони Ректори донишгоҳ оиди ба гуруҳҳои буҷавӣ дохил гардидани онҳо,  пешниҳод манзур мегардад.

     Ба магистрон, омӯзгорони ботаҷриба аз ҳисоби докторҳо, профессорҳо ва номзадҳои илм, дарс мегуянд. Интихоби роҳбар ва мавзӯи рисолаи магистрӣ аз тарафи магистрант, дар асоси аризаи ӯ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ тасдиқ мегардад.

     Шуъбаи магистратура ва КИТД мекӯшад, то дар раванди таҳсили магистрантон ва ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, камбудиҳо ба назар нарасанд ва оиди ин тамоми чораҳои зарурӣ саривақтӣ андешида мешаванд.

Инчунин дар шӯъбаи магистратура ва КИТД мувофиқи талаботи низомнома ва пешрафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, чопи мақолаҳои илмӣ дар сомонаҳо ва   пайёми донишгоҳӣ ба магистрон тавсияҳо дода шуда, ҷалби онҳоро барои иштирок дар озмунҳои (донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ ва ихтироъкорию навоварӣ) зиёд мегардонад.

     Донишҷӯён ва магистрони донишгоҳ метавонанд бо кӯмаки устодон ва роҳбарони корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ дар озмунҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, иштирок намоянд.  

     Барои маълумот, соли 2023 бархе аз донишҷӯён ва магистрони донишгоҳ дар озмуни    “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, ки ин фахри донишгоҳ мебошад. 

 

Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун:

  1. Бобохуҷазода Исмоилҷон, донишҷӯи курси 2-юми факултети ДМТБ-ДТТ, сазовори ҷойи 1-ум аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”
  2. Тураев Умедҷон, магистранти курси 1 факултети СваМ-ҷойи 2-юм аз рӯи номинатсияи “Физика ва астрономия”.
  3. Шехов Исмоилҷон, донишҷӯи курси 2-юми факултети ТИваК ҷойи 2-юм аз рӯйи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”
  4. Сафаров Шаҳзод, донишҷӯи курси 4-уми факултети ТИваК , сазовори ҷойи 2-юм аз рӯи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”
  5. Муҳаммадхоҷаева Нозанин, донишҷӯи курси 3-юми факултети СваМ, сазовори ҷойи 3-ум аз рӯи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”
  6. Бозорзода Бахтиёр Бобохуҷа донишҷӯи курси 3-юми факултети СваМ сазовори ҷойи 3-юм аз руйи номинатсияи “Математика”
  7. Муҳаммад-Алии Абдуқаюм магистранти курси 3-уми факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ- сазовори ҷойи 2 аз аз рӯи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”

 

Маълумотнома ба довталабоне, ки барои идомаи таҳсил зинаи магистратураи  донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимиро интихоб кардан мехоханд:

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои магистратура

Диплом ва замимаи он (асл).

Шиноснома (бо 1 дона нусха).

Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.

Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.

Расми андозаи 3х4 – 6 дона.

Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад).

Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

Реферат (дар мавзўе, ки ба ихтисоси интихобкарда мувофиқ бошад).

Наука и инновации