|
Иброҳимов Суҳроб Ҷунайдуллоевич Мудири шуъба |
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим дар факултетҳои донишгоҳ дар назди раёсати таълими бахши таҳқиқоти назорати сифати таълим таъсис дода шуд.
Мақсади асосии шуъба мукаммалгардонии сифати раванди таълим ва амалисозии сиёсати роҳбарияти донишгоҳ дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, фароҳам овардани шароити мусоид барои тайёр кардани мутахассисон бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, истифодаи роҳҳои нави ба роҳ мондани раванди таълим ва татбиқи он дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Таҳлили мунтазами иҷрои ҳуҷҷатҳои идоравӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, қарорҳои Шӯрои олимон, Шӯрои методӣ ва дастуру фармоишҳои ректори донишгоҳ ва супоришҳои муовини ректор оид ба таълим, таҳлил ва ташхиси барномаҳои таҳсилотии фанҳо (бо ҷалб намудани мутахассисони соҳа), банақшагирӣ, санҷиш ва таҳлили раванди таълим, сифати гузаронидани машғулиятҳо дар ҳама шакл, дараҷаи таъминоти машғулиятҳои дарсӣ бо маводи таълимӣ-методӣ ва сифати онҳо, сатҳи таъмини донишҷӯён бо адабиёти таълимӣ-методӣ ва электронӣ, таҳлили сифати технологияи таълим, интихоби шаклҳо ва услуби таъминоти маводи таълимӣ-методӣ ва корҳои тарбиявии ҳайати профессорону омӯзгорон бо мақсади татбиқи амалии таҷрибаи пешқадам, баҳогузории сатҳи таъминоти раванди таълим бо мутахассисони соҳибтаҷриба, ки фаъолияти илмӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотии баланд доранд, таҳлили вазъ ва истифодабарии базаи моддӣ-техникӣ дар раванди таълим ва самтҳои мукаммалгардонии он, таҳлили сифати тайёр намудани ҳамаи категорияҳои таълимгирандагон (бахши курси тайёрӣ ва кор бо довталабон, донишҷӯён ва хатмкунандагон) дар асоси имтиҳоноти дохилшавӣ, ҷорӣ, марҳилавӣ ва аттестатсияи ҷамъбастӣ, омӯзиш ва таҳлили корҳои тарбиявии донишҷӯён аз вазифаҳои асосии шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот мебошанд.
Дар давоми фаъолияти чандинсола шуъбаро Мирзоалиев И.М., Ҷалилов Р. Ба уҳда дошта, айни ҳол Иброҳимов С.Ҷ. дар ин вазифа фаъолият карда истодааст.
Кормандони шуъба аз Иброҳимов С.Ҷ. – мудир ва Худододов Д.Ҳ. – нозир иборат аст.