Маҷидов Тоҳир Саидович

Декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

тел: +(992) 90-544-98-44

e-mail: tohir@ttu.tj
 
Факултети муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ФМТ ДМТБ – ДТТ) соли 2011 дар асоси супориши президентони Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Шӯрои олимони ДМТБ ва ДТТ, бо розигии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабули “Қарордод оид ба таъсиси ФМТ ДМТБ – ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз 28.10.2011”, “Қарордод оид ба ҳамкории миёни ДМТБ – ДТТ аз 28.10.2011”, имзои шартнома миёни ду муассисаи олии таълимӣ ДМТБ – ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз 02.03.2012 ташкил ёфтааст.

Мақсад аз таъсиси ФМТ ДМТБ – ДТТ ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ барои ҳаматарафа омода намудани муҳандисони маълумоти олии техникидошта дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз факултети муштараки муҳандисӣ-техникӣ маркази тарбия намудани мутахассисони соҳаи сохтмонию техникӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати кишвар мебошад.

Дар факултет мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои мутахассиси соҳаи мошинсозӣ аз рӯйи тахассуси 3601 (“Технологияи мошинсозӣ”, “Масолеҳшиносӣ ва мошинсозӣ”, “Мошинҳои кӯҳӣ ва таҷҳизотӣ (коркарди зеризаминӣ ва корҳои кушоди кӯҳӣ)”), мутахассиси сохтмон аз рӯйи тахассуси 7002 (“Ташхис ва идоракунии амвол”, “Сохтмони саноати шаҳрвандӣ”, “Роҳи автомобилӣ”, “Сохтмони хоҷагии об”), мутахассиси меъморӣ аз рӯйи тахассуси 6901 (“Меъмории биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ”), мутахассиси дастгоҳсозӣ аз рӯйи тахассуси 3802 (“Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ”), мутахассиси энергетикӣ аз рӯйи тахассуси 4301 (“Неругоҳҳои электрикӣ”, “Барқтаъминкунӣ”) ва мутахассиси нақлиётӣ аз рӯйи тахассуси 3701 (“Автомобилсозӣ”, “Муҳаррикҳои дарунсӯз”, “Ташкили ҳаракат дар роҳ”) омода карда мешавад.

Давраи аввали омӯзиш (курсҳои 1-2) дар ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ ва давраи дуюми омӯзиш (курсҳои 3-6) дар дар бинои асосии донишгоҳ дар ш. Минск ба роҳ монда мешавад.

Омӯзиш дар факултети мазкур бо забони русӣ мебошад. Раванди таълим дар ФМТ ДМТБ – ДТТ ба таври анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факултети ФМТ ДМТБ – ДТТ кафедраи забонҳо фаъолият мекунад. Дар кафедраи забонҳо устодони 3 фан – забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарс мегӯянд. Айни замон дар кафедра 25 нафар омӯзгори штатӣ ва 6 нафар омӯзгорони ҳамкор ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд.

Декани аввалини факултети муштарак н.и.т. Мирзоалиев И.М. таъйин гардида буд. Дар солҳои минбаъда факултетро н.и.т., дотсент Наҷмиддинов Ш.З. (2014-2015), н.и.т., дотсент Саидов М.Ҳ. (2015-2016), н.и.т., дотсент Гадоев С.А. (2016-2021) роҳбарӣ карданд. Айни ҳол факултетро н.и.т., дотсент Маҷидов Т.С. идора менамояд.

Ҳоло дар факултет дар курсҳои якум ва дуюм 447 нафар донишҷӯ, илова бар ин 150 нафар донишҷӯ дар ДМТБ таҳсил карда истодаанд. Соли 2017-ум 24 нафар ДМТБ-ро хатм намуданд, ки ҳоло дар кафедраҳои донишгоҳ ва дигар соҳаҳои иқтисодии кишвар фаъолият доранд.

6-уми майи соли 2018 дар факултети муҳандисӣ-техникии ДМТБ – ДТТ Маркази беларусии маориф, илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Беларус кушода шуд. Дар рӯзи кушодашавӣ аз 10 макотиби олии Ҷумҳурии Беларус намояндагон даъват гардиданд. Аз ДМТБ ректори он Харитончик С.В., сардори Идораи муносибатҳои байналхалқӣ ва фаъолиятҳои дохилииқтисодӣ Ширвель П.И. ва декани факултети мошинсозии ДМТБ Сафонов А.И. ширкат намуданд.

Маркази мазкур бо ташаббуси ДМТБ дар ҳошияи сафари расмии Презитенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳамкории миёни донишгоҳҳои ду ҷумҳурӣ кушода шуд.

Факултети авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Беларус – ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ (ФАШ АДАБ – ДТТ).

Факултети авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Беларус – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ФАШ АДАБ – ДТТ) дар асоси қарори Шӯрои олимони АДАБ ва ДТТ бо розигии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми августи соли 2016 таъсис ёфт.

ФАШ АДАБ – ДТТ барои тайёр намудани муҳандисони маълумоти олии техникидошта ва зарурати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Соли аввали таҳсил ба факултет 120 нафар донишҷӯён – нафароне, ки хоҳиши зиёди гирифтани тахассуси авиатсиониро доштанд, қабул гардиданд. Соли 2018-ум 30 нафар донишҷӯён – 17 нафар ба ихтисоси 370401 ва 13 нафар ба ихтисоси 440105-01 дохил шуданд. Дар қабули соли 2019-ум 34 нафар соҳиби номи донишҷӯ гардиданд. Бо кушодани ихтисосҳои нав дар соли 2020 ба факултети авиатсияи шаҳрвандӣ 121 нафар донишҷӯ дохил гардиданд.

Деканҳои факултети авиатсияи шаҳрвандӣ н.и.т., дотсент Саидов М.Ҳ. (2016), н.и.т., дотсент Гадоев С.А. (аз марти 2016) буданд. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи декани факултетро н.и.т., дотсент Маҷидов Т.С. ба уҳда дорад.

Давраи аввали омӯзиш (курси якум) дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба роҳ монда шуда, давраи дуюми омӯзишӣ (курси 2-5) бо аттестатсияи хатм ва гирифтани тахассус дар АДАБ-и ш. Минск давом меёбад.

Дар ин факултет мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои 1-370401 – “Истифодаи техникии киштиҳои ҳавоӣ ва муҳаррикҳо”, 1-370402-01 – “Истифодаи техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (дастгоҳ ва таҷҳизоти электротехникӣ)”, 1-370402-02 – “Истифодаи техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти радиоэлектронӣ)” ва 1-440105-01 – “Ташкили ҳаракат ва таъмини парвозҳо дар нақлиёти ҳавоӣ (ташкили ҳаракати ҳавоӣ)” омода карда мешавад.

Ҳоло дар ин факултети муштарак дар курси якум 110 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки 50 нафари онҳо барои идомаи таҳсил ба АДАБ фиристода мешаванд.


Назад к списку

Университет




Кафедры