|
Якубов Самардин Эмомович Директор, н.и.т., дотсент |
Бо мақсади ривоҷу равнақ ва ҳамкориҳои илмӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ, илмию тадқиқотии дохил ва беруни кишвар, аз қабили донишгоҳҳои пешрафтаи дунё бо ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми октябри соли 2019 таҳти №1212.21/26-5 дар таркиби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Институти илмӣ-тадқиқотии «Политехник»таъсис дода шуд.
Фаъолияти институт дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оиннома»-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст.
ИИТ «Политехник» қисми таркибии донишгоҳ буда, мақсади асосии он тақвият бахшидан ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва инноватсионии устодону кормандони донишгоҳ ва амалӣ сохтани дастовардҳои илмии онҳо мебошад.
Институт дар доираи шартномаҳои ҳамкории худ бо донишгоҳҳо, марказҳои илмии пешрафта, лабораторияҳо ва институтҳои илмию тадқиқотии ҷаҳонӣ фаъолияти илмию тадқиқотиро ба роҳ монда, дар мувофиқа бо муассис корҳои аҳамияти илмӣ ва навоваридоштаро аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда маблағгузорӣ менамояд.
Яке аз вазифаҳои асосии институт тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмидошта аз рӯйи як ё якчанд самти ҷудогона мебошад. Фароҳам овардани шароит барои рушди фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва инноватсионии устодону профессорон, муттаҳид намудани неруи илмии донишгоҳ, ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, таъсиси манбаи иттилоотии умумидонишгоҳӣ оид ба тадқиқоти илмӣ, фароҳамсозии шароит барои унвонҷӯёну докторантон дар самти иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва инноватсионӣ, робита бо истеҳсолот оид ба дастовардҳои олимони донишгоҳ, тайёр кардан ва амалӣ намудани такмили ихтисоси кормандон барои соҳаи муайяни фаъолияти илмӣ, қонеъ гардонидани талаботи шахс барои соҳиби дараҷаи илмӣ ва инчунин баҳри инкишофи зеҳнӣ, ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ, қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ба мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва афзун гардонидани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои зеҳнӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа низ муайянкунандаи самти фаъолияти институт мебошад.
Академик Ғаниев И.Н. – роҳбари маркази илмӣ-тадқиқотии маводшиносӣ ва мошинсозӣ ҳангоми барррасии мавзӯи нави илмӣ |
Инчунин дар рӯҳияи мавқеи шаҳрвандӣ, қобилияти меҳнатӣ ва инчунин дар тамаддуни муосир ташаккул додани кадрҳои илмӣ, тарғиби дониши касбии фаннӣ миёни ҷомеа ва боло бурдани сатҳи маърифатӣ ва фарҳангии он, таъмини шароити мусоид ҷиҳати ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ идае аз вазифаҳои дигаре мебошанд, ки роҳбарияти институт дар пеши худ гузоштааст.
Профессор Қаландарбеков И.Қ нақшаи кории Маркази илмӣ-тадқиқотӣ Сохтмонро баррасӣ менамояд |
Барои амалишавии масъалаҳои гузошташуда институт тасмим гирифтааст, ки тайёркунии мутахассисони тахассусҳои техникиро дар доираи ихтисосҳои амалкунанда дар ҳамаи самтҳои илм амалӣ гардонад. Мувофиқи талабот ва зарурати истеҳсолӣ дар мувофиқа бо муассис фаъолияти Шӯроҳои диссертатсиониро дар институт ба роҳ монда, барои табодули таҷрибаи пешқадам бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии ҳаммақоми хориҷи кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад. Дар самти тайёр кардани мутахассисони дараҷаи илмидошта, ташкили курсҳои такмили ихтисос, коромӯзии ҳайати профессорону омӯзгорон, фаъолияти илмию методӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ва ташкилоту идораҳо курсҳои кӯтоҳмуддатро мувофиқи шартнома ба роҳ монда, курсҳои такмили ихтисоси коромӯзону аспирантон ва докторантҳоро барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пасаздипломӣ ва ташкилоту идораҳо таъсис медиҳад.
Инчунин барои ноил шудан ба дастовардҳои пешрафтаи технологияи ҳозиразамон аз шабакаҳои алоқа ва системаи коммуникатсионӣ ба таври бояду шояд истифода карда, барои ҷалб намудани онҳо бо таклифҳои мушаххас баромад менамояд. Зиёда аз ин институт барои нашри адабиёти илмию техникӣ, китобҳои дарсӣ, (маҷмӯаву маҷаллаҳо), дастурамалҳои методӣ ва маҳсулоти дигари нашрӣ шуъбаи таҳририю нашриро ташкил намуда, фаъолияти онро ба роҳ мемонад.
Институт дар қатори фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин барои тайёр намудани мутахассисони равияҳои гуногуни самти техникӣ машғул шуда, мувофиқи равия (ихтисос)-ҳо иҷрои рисолаҳои илмиро ба роҳ мемонад.
Дар институт марказҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки ба онҳо олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ва сатҳи байналмилалӣ роҳбарӣ мекунанд.
Маркази илмӣ-тадқиқотии “Энергетика” дар мактаби байналмилалии “Танзими тарофавӣ дар энергетика” иштирок намуд, ки аз натиҷаи он монография ва воситаи таълимии коллективона нашр шуд ва устодони факултети энергетикӣ шаҳодатномаи намунаи давлатии Федератсияи Россия ва сертификати такмили ихтисосро ба даст оварданд. Бо ташаббуси ин марказ “Рӯзҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва энергиясарфакунӣ” гузаронида шуд, ки дар он устодон, донишҷӯён ва мактаббачагон иштирок намуданд. Маърӯзаҳои илмӣ дар намуди маҷмӯаи ҷашнӣ чоп шуданд. Маркази “Энергетика” дар рушди робитаҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои Россия ва Ӯзбекистон саҳми назаррас гузоштааст.
Роҳбари маркази илмӣ-тадқиқотии энергетика – д.и.и., профессор Аҳророва А.Д. ҳангоми муҳокимаи проблемаи рушди устувори энергетика |
Институт бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ робитаи бевосита муқаррар намуда, барномаҳои байналхалқии илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимиро амалӣ гардонида, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории ҷумҳурӣ шомили иттиҳодияҳои байналхалқии ҷамъиятии илмӣ ва таълимӣ мешавад.
Институт дар қатори дигар субъектҳои хоҷагидори кишвар метавонад дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба фаъолияти соҳибкорӣ», «Оид ба иҷора» ва дигар асноди меъёрӣ, ки фаъолияти соҳибкориро ба танзим медароранд, фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ монда, тайёр кардани мутахассисонро барои вазорату идораҳо, корхонаҳои шахсони алоҳида новобаста аз шакли моликияташон дар асоси шартномаҳои дутарафа ё сетарафа ба роҳ мемонад.