Замоне маорифпарварон бо орзуи саводнок гардидани мардум, ки ҳадафашон одаму оламро шинохта, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кардан буд, ба таъсиси матбуоти миллӣ даст заданд. Дар таърихи матбуоти тоҷик аввалин рӯзнома «Бухорои шариф» аст, ки матбуоти тоҷик аз он маншаъ мегирад ва бозгӯйи ниёзҳои мардум, орзуи зиёиёни тоҷик буд. Ин нашрия барои соҳибони сарзамини бостонӣ фаҳмонидани моҳияту зарурати соҳибмулкӣ, роҳу равиши ворастан аз тангназарӣ, тавассути саводнокию маорифпарварӣ расидан ба истиқлоли комили ватандорӣ хизмати бузург анҷом дод.
Рӯзномаи «Муҳандиси ҷавон», ки ҷузъи матбуоти тоҷик мебошад, аз 1-уми феврали соли 1984 ҳамчун минбари озоди омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ нашр мешавад. Ва тӯли фаъолияти дароз тавонистааст дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси техникӣ, пешрафти техника ва технология саҳми арзанда гузорад. Албатта, таърихи рӯзнома ноҳамвориҳои зиёд дошт ва баъзан чопи он қатъ ҳам гаштааст. Имрӯз бо тавони худ, бо сухани созандаю неки худ устодону донишҷӯйёнро аз навгониҳои навини илму технологияи пешқадам огаҳ менамояд.
Рӯзномаи «Муҳандиси ҷавон» инъикоскунандаи воқеаҳои дохили ҷумҳурию донишгоҳ буда, ҳамеша пайгири дастовардҳои азими сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва ихтирооти ҷавонони эҷодкору созанда аст.
Ҳар навгонӣ, ихтироот, кашфиёт ва дастоварде, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мешавад, рӯйи саҳифаи рӯзнома сабт гардида, имрӯз ба таърих бадал гардидааст. Барои рангин гаштани саҳифаҳои рӯзнома саҳми устодону донишҷӯёни донишгоҳ назаррас аст.