Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо мақсади таъмини самараноки фаъолияти иттилоотии донишгоҳ, дар иртибот бо ҷомеа баланд бардоштани мақоми донишгоҳ, коркард ва амалӣ намудани PR – лоиҳаҳо, таъмини фаъолият, рушд ва пешбурди WEB портал (сайт)-и донишгоҳ, нашри маводи таълимию тарбиявӣ ва илмию эҷодӣ, инчунин ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои махсус бо мақсади нигоҳ доштани симои мусбии донишгоҳ дар фазои дохилӣ ва берунӣ сентябри соли 2017 ташкил гардидааст.

Идоракунии таъминоти иттилоотии донишгоҳ дар воситаҳои ахбори омма (ВАО), аз ҷумла дар нашрияҳои дохилидонишгоҳӣ, ташвиқу тарғиби симои мусбии донишгоҳ бо ёрии ВАО, таъмини фаъолияти рӯзномаи «Муҳандиси ҷавон», таъмини фаъолияти матбааи донишгоҳ, ҳамоҳангсозӣ ва паҳн намудани иттилоот дар бораи чорабиниҳои донишгоҳӣ дар ВАО, мусоидат бо ВАО дар таҳия ва тайёр намудани маводи иттилоотии фарогири ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, ташкил ва гузаронидани мониторинги фазои иттилоотӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар ВАО, омӯзиши афкори умум тавассути гузаронидани таҳқиқоти иҷтимоӣ оид ба раванди таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ, таҳрир ва назорати доимии WEB – портал (сайт)-и донишгоҳ, саҳифаҳои донишгоҳ дар сомонаҳои иҷтимоӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои махсус барои ВАО ва монанди инҳо аз мақсадҳои асосии шуъба ҳисоб меёбанд.

Шуъба дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дар қатори коркарди иттилоот, паҳн ва дастраскунии он нашри ҳуҷҷатҳои расмӣ ва маълумотномаҳои донишгоҳ дар ВАО, ташкили нишастҳои матбуотӣ ва дигар баромадҳои расмии шахсони масъули донишгоҳ дар ВАО, ташкил ва пахши фаврии маълумот дар ВАО, WEB – портал (сайт)-и донишгоҳ ва саҳифаҳои донишгоҳ дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба чорабиниҳои донишгоҳӣ ва фаъолияти зерсохторҳои он, назорат ва иҷрои супоришҳои раёсати донишгоҳ дар масъалаи таъмини иттилоотии фаъолияти донишгоҳ, таҳияи PR – лоиҳаҳои таъмини иттилоотии донишгоҳ, ташкили ҳама гуна аксбардориҳо, сабтҳои видеоӣ, ки фаъолияти донишгоҳро инъйикос менамоянд, чопи маводи таълимию тарбиявӣ, илмию эҷодӣ ва дигар маводи чопиро низ аз вазифаҳои худ мешуморад.

Дар сохтор ва ҳайати шуъба бахши рӯзномаи «Муҳандиси ҷавон», бахши сомонаи интернетии расмии донишгоҳ ва саҳифаҳои донишгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (www.facebook.com, www.youtube.com, www.linkedin.com ва амсоли онҳо) фаъолият мебаранд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ҳамчун маркази иттилоот ва нашр ва баъдан бо табдили ном ба шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа роҳбарии он ба зиммаи Юнусов Ф.М. гузошта шуда буд.