dean.jpg

Якубов Алиҷон Ойҳамадович 

Декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, муаллими калон

тел: +(992) 98-108-33-30

e-mail: alidzhon.yakubov@gmail.com
 
Факултети сохтмон ва меъморӣ (СваМ) яке аз куҳантарин факултетҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буда, аз рӯзи таъсисёбии Институти политехникии Сталинобод (1956) фаъолият мекунад ва он давра бо номи факултети сохтмон таъсис ёфта буд. Факултети сохтмон ва меъморӣ ҳамқадаму ҳамсоли донишгоҳ буда, имсол 65-сола мешавад. Аз ибтидо дар факултети “Сохтмон” ихтсосҳои зерин таъсис дода шуда буданд: 1202 – «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ», 1207 – «Истеҳсоли маснуот ва конструксияҳои оҳанубетонӣ”, 1209 – «Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ», 1609 – «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ».

Барои таъмин намудани раванди таълим дар Институти навтаъсиси политехникии Сталинобод, аз ҷумла факултети сохтмон аз ҳама гӯшаю канори собиқ давлати абарқудрати Шӯравӣ маводи таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва таҷҳизоти озмоишӣ оварда шуданд. Барои хондани дарсҳои назариявию амалӣ ва озмоишӣ профессорону дотсентони ботаҷриба аз донишкадаҳои шаҳрҳои марказӣ – Москва, Ленинград, Киев, Боку, Тошкент ба шаҳри онвақтаи Сталинобод (имрӯз Душанбе) сафарбар шуда буданд.

Эҳтиёҷоти рӯзафзуни хоҷагии халқи Тоҷикистон тақозо мекард, ки дар баробари бахши рӯзона бахшҳои дигари  таҳсил низ кушода шаванд. Ин буд, ки дар факултети «Сохтмон» соли таҳсили 1959-1960 бахши шабона ва соли таҳсили 1960-1961 бахши ғоибона таъсис дода шуданд.

Солҳои 1959-1960 ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, раванди таълим дар факултет ба низоми муайян даромад. Ҳамин буд, ки соли 1961 аввалин муҳандисони соҳаи сохтмон Институти политехникиро хатм намуда, ҳамчун мутахассисони ҷавон ба хоҷагии халқи Тоҷикистон ворид гардиданд. Дар қатори аввалин хатмкардагон Ҷумахон Рӯзиев (рӯҳаш шод бод) низ буданд, ки солҳои 1970-2014 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар вазифаҳои дотсент, мудири кафедра, декани факултет ва муовини ректор кору фаъолият намуда, дар рушди донишгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд.

Солҳои 60-70-уми асри гузашта дар факултети сохтмон ихтисосҳои нав кушода шуданд, ки боиси афзудани шумораи донишҷӯён гардид. Ҳамин буд, ки соли 1976 факултети сохтмон ба ду факултети мустақил ҷудо шуд: факултети сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ (ПГС) ва факултети меъморӣ-муҳандисӣ (архитектурно-строительный факультет).

Факултети меъморӣ-муҳандисӣ баъдан бо номи муҳандисӣ-сохтмонӣ низ фаъолият кардааст. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон бинобар сабаби кам шудани теъдоди донишҷӯён ин ду факултет соли 1997 дубора якҷоя шуда, факултети сохтмон ва меъморӣ номгузорӣ карда шуд.

Дар ташаккулу рушди факултети сохтмон саҳми деканҳо, ки сарварии факултетро солҳои гуногун ба уҳда доштанд, хеле арзанда аст: Қамаров Уктам Ҳайдарович (1956-1962 ва 1973-1976), Абдусатторов Зулфиқор (1962-1964 ва 1967-1969), Ҳотамов Мирзо Ҳотамович (1964-67), Ёқубов Наим Холович (1969-1970), Нигматов Икромҷон Исматҷонович (1970-1972), Рӯзиев Ҷумахон Рӯзиевич (1976-1977 ва 1993-1996), Саидхоҷаев Тӯрахон Саидхоҷаевич (1977-1982), Искандаров Алмос Исматович (1982-1988), Тешаев Аҳад Тешаевич (1988-1991).

Сарварии факултети меъморӣ-сохтмониро бошад, дар давраҳои гуногун деканҳои зерин ба уҳда доштанд: Ҳотамов Мирзо Ҳотамович, Грудин Иван Сергеевич, Ҳакимов Ҳамид Ҳакимович, Икромов Муин Икромович, Шоимов Шодӣ Шоимович, Давлатмиров Ҷангибек Давлатмирович, Сулаймонов Абдусаттор Абдулҳаевич, Муҳитдинов Пӯлод Муҳидинович.

Дар рушди факултети сохтмон ва меъморӣ устодони варзида аз ҷумла, Вавилова С.А. Ҳакимов Ҳ.Ҳ., Ҷӯраев Г.Г., Абдуллоев О.М., Тоҳиров И.Ғ., Раҳмонов Р.Р., Грудин И.С., Кажаринова Л.В., Давлатов Н.Д., Веселовский Д.Н., Веселовская Л.П. ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар тӯли 65 соли фаъолияташ факултет зиёда аз 12 000 муҳандис–сохтмончӣ наздики 3 000 меъмор тайёр намудааст. Дар ин давра факултет тавонист зиёда аз 400 мутахассисони дараҷаҳои гуногунро барои давлатҳои хориҷи кишвар тарбия намояд. Зиёда аз 100 нафар дастпарварони факултет рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуда, дар таълиму тарбияи ҷавонон ва рушди илми соҳаи сохтмон ва меъморӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Бояд қайд кард, ки яке аз асосгузорони Институти политехникии Тоҷикистон, корманди шоиста, бинокор ва меъмори фахрии Тоҷикистон, профессор Ёқубов Наим Холович (руҳаш шод бод) солҳои 1972 – 1988 дар вазифаи ректори Институти политехникии Тоҷикистон фаъолият намуда, донишу малакаашро баҳри устувор гардонидани заминаи моддӣ-техникӣ, такмили раванди таълим, инкишофи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ равона намудааст. Зери роҳбарии Ёқубов Н.Х. Институти политехникии Тоҷикистон соли 1982 дар байни зиёда аз 100 институтҳои политехникии собиқ СССР ҷойи ифтихории 3-юмро ишғол намуд.

Намояндаи дигари факултет – профессор Нигматов И.И. солҳои 1977-1995 (18-сол) ба ҳайси муовини аввали ректори Институти политехникии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар соҳаи таълиму тарбия саҳми босазо гузоштааст. Таҳти роҳбарии Нигматов И.И. донишгоҳ дар соҳаи таълим ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии факултетро (1993-1996) номзади илмҳои техникӣ, дотсент Рӯзиев Ҷумахон Рӯзиевич ба уҳда дошт. Солҳои 1996-1998 роҳбарии факултетро номзади илмҳои техникӣ, профессор Ёқубов Н.Х. ба уҳда дошт. Баъдан факултет зери роҳбарии номзади илмҳои техникӣ, дотсент Фозилов А.Р. (1996-2006), доктори илмҳои техникӣ, профессор Кобулиев З.В. (2006), номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амиров О.Ҳ. (2006-2013) фаъолият намуда, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Соли 2013 орзуи чандинсолаи аҳли кормандони донишгоҳ ва факултети сохтмон ва меъморӣ ҷомаи амал пӯшид. Бинои нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. 1-уми сентябри соли 2013 маҳз дар бинои нави факултети сохтмон ва меъморӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дарси сулҳ гузаронида шуд. Пешвои миллат аз озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои замонавӣ, толори варзишӣ, ошхонаи барҳаво дидан намуда, аз устодону донишҷӯён истифодаи самараноки ин гуна бинои замонавиро талаб намуданд. Дар вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ устодону донишҷӯён аз ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар ин вохӯрии самимӣ ва ошкоро якчанд устодони ҷавони факултет бо супориши Пешвои миллат ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия барои таҳсил дар аспирантура роҳхат гирифтанд.

Дар рушди минбаъдаи факултети сохтмон ва меъморӣ сарварон – деканҳои зерин саҳми арзанда гузоштанд: доктори меъморӣ, дотсент Ҳасанов Н.Н. (2014-2015, 2017-2019), номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шералиев М.У. (2015-2016), номзади илмҳои техникӣ, дотсент Акрамов А.А. (2016-2017), номзади илмҳои техникӣ Хуҷаев П.С. (2019-2020). Аз моҳи ноябри соли 2020 сарварии факултетро номзади илмҳои техникӣ, дотсент Рӯзиев Аҳмадхон Рӯзиевич ба уҳда дорад.

Кормандони шарафманди факултети сохтмон ва меъморӣ аз устодони даргузашта – кормандони шоистаи Тоҷикистон профессор Ёқубов Наим Холович, дотсент Рӯзиев Ҷумахон Рӯзиевич, профессорон Тешаев Аҳад Тешаевич, Саидаминов Исматбой Саидаминович, Сулаймонов Абдусаттор Абдулҳаевич бо ифтихор ва бо некӣ ёд мекунанд, ки ҳар кадоми онҳо дар таҳкиму рушди факултети сохтмон ва меъморӣ саҳми арзандае гузоштаанд.

Имрӯзҳо дар факултет омӯзгорон – собиқадорони меҳнат, ба монанди профессорон Нигматов И.И., Низомов Ҷ.Н., Муқимов Р.С., Акбаров А.А., Мамаҷонова С.М., Қаландарбеков И.Қ., докторони илм, дотсентон Ҳасанов Н.Н., Тиллоев С.С., дотсентон Асоев Қ.А., Шарипов Л.Ш., Норматов А.Ю., Раҷабов У.Н., Рӯзиев А.Р., Фозилов А.Р., Шаропова М.А., Сулаймонова М.А., Муниев Ҷ.Д., Ҷалилов Т.Ф., Камолов С.Ҷ., Шерматов М.У., устодони варзида Комилов М.Ҳ., Исмаилов М.И., Наимов Қ.И., Раҳматҷонов Ғ.Р., Мирҷамолов А.М. ва дигарон фаъолияти босамар намуда, дар тарбияи омӯзгорону мутахассисони ҷавон саҳм гузошта истодаанд.

 

Дар факултет 9 кафедраи тахассусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз рӯйи 14 ихтисос кадрҳои баландихтисоси дараҷаи бакалавриат ва аз рӯйи 7 ихтисос кадрҳои баландихтисоси дараҷаи магистратура тайёр карда мешаванд: 1-700201 – “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”, 1-700201-05 – “Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот”, 1-690101 – “Меъморӣ”, 1-690101-09 – “Дизайни муҳити меъморӣ”, 1-270101-17 – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (сохтмон)”, 1-260101-01 – “Идораи мақомоти маҳаллӣ”, 1-700101 – “Истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ”, 1-700202 – “Ташхис ва идоракунии амволи ғайриманқул”, 1-700201-06 – “Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо”, 1-700401-03 – “Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ”, 1-700403-01 – “Системаҳои таъмини об ва обпартовҳо”, 1-700403-04 – “Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ”, 1-700402-01 – “Системаи таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ”, 1-560202 – “Геодезия ва харитасозӣ”.

Кафедраҳои факултет бо озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар онҳо донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва докторантон корҳои озмоишӣ ва тадқиқоти илмӣ мегузаронанд. Кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои факултет бо истеҳсолот робитаи зич дошта, дар баробари таълим дар корҳои илмӣ-истеҳсоли низ фаъолона иштирок менамоянд.

Имрӯзҳо дар факултет 135 нафар устодону кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 50 нафарашон дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ буда, 10 нафарашон докторони илм ва 40 нафарашон номзадони илм мебошанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни факултет ба 2792 нафар мерасад, ки аз онҳо 2183 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавриат, 172 нафар дар зинаи магистратура, 356 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 81 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.

Хатмкардагони факултет дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намудаанд ва намуда истодаанд: собиқ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов, собиқ раиси ш. Душанбе Мақсуд Икромов, директори иҷроияи сохтмони НБО “Роғун” Маҳмадсаид Шамсулло-зода, собиқ вазири Мелиоратсия ва хоҷагии об Бобокалонов Раҳмат, собиқ раиси ш. Истаравшан Зокирзода Ҷумъа, собиқ директори Агентии “Сохтмон ва меъморӣ” Комилзода Абдувалӣ Ҳаким, собиқ раиси кумитаи “Меъморӣ ва сохтмон” Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, раиси н. Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Маҳмадулло Умар, раиси кумитаи “Меъморӣ ва сохтмон”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд. Хатмкардагони факултет ҳамчун намояндагони халқ дар парлумон, ба мисли И. Қаландарбеков – намояндаи халқ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, М. Насруллоев – намояндаи халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Саидзода Ҷ.Ҳ. – намояндаи халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар рушди пояҳои давлатдорӣ ва қонунгузории кишвар саҳм гузоштаанд.

Олимони шинохтаи соҳаи сейсмология ва сохтмони зилзилатобовар, собиқ президенти академияи илмҳои Тоҷикистон академик С. Неъматуллоев, собиқ мудири кафедраи “Конструксияҳои оҳанубетонӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо”, профессор Я.Ш. Исҳоқов, собиқ директори Пажӯҳишгоҳи “Сейсмология ва сохтмони ба зилзила тобовар”-и академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Ҷ. Низомов, профессорони кафедраи “Меъморӣ ва дизайн”, лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ дар соҳаи “Меъморӣ” Муқимов Р.С., Акбаров А.А., Мамаҷонова С.М. дар рушди илми соҳаи сохтмон ва меъморӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Айни замон дар факултет 1 нафар корманди шоистаи Тоҷикистон (профессор Нигматов И.И.), 1 нафар дорои ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ дар соҳаи меъморӣ (профессор Муқимов Р.С.), 6 нафар дорои ордену медалҳо ва ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 53 нафар дорои унвонҳои фахрӣ, ҷоизаҳо, медалу нишонҳо ва аълочиён мебошанд. Дар давоми 5 соли охир дар факултети сохтмон ва меъморӣ 17 нафар устодони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ва 2 нафар рисолаҳои докторӣ дифоъ намуданд.

Факултети сохтмон ва меъморӣ бо корхонаҳою донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ ҳамкориҳои мақсаднок, судманд ва самаранок дорад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет дар ҳалли проблемаҳои истеҳсолӣ бо Пажӯҳишгоҳҳои Вазорату идораҳои марбута – САНИИОСП, Сохтмон ва меъморӣ, Душанбешаҳрсоз, Душанбешаҳрофар, Тоҷиксаноатсоз, Тоҷиккорезлоиҳа, КВД “Лоиҳакаш” фаъолона иштирок менамоянд.

Ояндаи факултети сохтмон ва меъморӣ чун дигар сохторҳои донишгоҳ дурахшон аст. Бо назардошти мушкилоти марбут ба обу гидротехника, азхудкунии мақсадноки фазои зеризаминӣ, мутобиқкунонии раванди таълим ба талаботи байнамилалӣ азнавсозии кафедраҳои амалкунанда ва таъсиси кафедраҳои нав дар факултет дар назар аст. Вобаста ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат дар факултет таъсиси ихтисосҳои нав, аз қабили “Сохтмони иншооти гидротехникӣ”, “Маркшейдерӣ”, “Заминсозӣ” ва “Сохтмони иншооти азим” дар назар аст.

Дар факултет Маркази илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ фаъолият мекунад, ки метавонад дар ояндаи наздик пешоҳанги санҷишу озмоиши мавод, масолеҳ, ҷинсҳои кӯҳӣ ва конструксияҳои сохтмонӣ бошад. Дар назди марказ семинари доимоамалкунандаи илмӣ-амалӣ фаъолият мекунад, ки дар он корҳо ва рисолаҳои илмии магистрантон, унвонҷӯён, аспирантон, докторони PhD ва олимону муҳаққиқони ҷавон баррасӣ ва муҳокима карда мешавад.


Назад к списку

Университет




Кафедры