|
Шарипов Нуралӣ Шарофиддинович Мудири шуъба |
Шуъба пешбарандаи раванди иттилоотонии донишгоҳ буда, фаъолияташро барои рушди инфрасохтори иттилоотӣ, дастгирии иттилоотии раванди таълим ва идоракунии донишгоҳ, таъмини ҳамкории электронии иштирокчиёни раванди таълим, васеъ намудани муҳити электронии иттилоотии донишгоҳ ва татбиқи консепсияи “донишгоҳи рақамӣ” ба роҳ мемонад. Шуъба таҳия ва коркарди таъминоти барномавӣ ва татбиқи системаҳои иттилоотӣ барои беҳтар намудани сатҳи раванди таълимро иҷро мекунад.
Кормандони шуъба Шарифов Н. – сардори шуъба, Саидов Ш. – барномасоз, Шарипов Х. – барномасоз, Раҳимов С. – мутахассис мебошанд.