Муминов Муқаддас Ҳабибуллоевич Сардори раёсати технологияҳои иттилоотӣ |
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамеша ба татбиқи технологияҳои нав аҳамияти хоса дода мешуд. Ин буд, ки аввалин компютерҳо дар ҷумуҳурӣ дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба истифода дода шуда буданд. Дар донишгоҳ ҳанӯз соли 1975 барномаҳои компютерии идоракунии раванди таълим истифода мешуданд.
Гузариш ба низоми кредитии таълим ва татбиқи унсурҳои Консепсияи “Ҳукумати электронӣ” дар донишгоҳ талаботро ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ зиёд кард. Дар ин раванд дар донишгоҳ соли 2012 бо фармоиши ректори донишгоҳ идораи “Технологияҳои иттилотии идоракунӣ” ташкил карда шуд, ки аз чор шуъба – шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ, шуъбаи технологияҳои шабакавӣ, шуъбаи хизматрасонии техникӣ, шуъбаи истифодабарии системаҳои иттилоотӣ ва омор иборат буд.
Идора дар заминаи кадрии факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шуд. Роҳбари аввалин ва ташкилкунандаи идора Набиев С. буд, ки дар тайёр кардани мутахассисон ва рушди соҳаи технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ саҳми арзандае дорад.
Мудирони шуъбаҳо ва кормандони идора омӯзгорон, хатмкардаҳо ё донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), аз ҷумла, аз кафедраи системаҳои автоматонидашудаи идоракунии коркарди маълумот – Шарифов Н. (мудири шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ), Муминов М. (мудири шуъбаи технологияҳои шабакавӣ), Нурматов Б. (барномасоз), Сангинов Д. (барномасоз), Шарипов Х. (барномасоз), омӯзгорони информатика ва техникаи ҳисоббарор – Ашуров И. (мудири шуъбаи истифодабарии системаҳои иттилоотӣ ва омор), Шарифов Н. (мудири шуъбаи хизматрасонии техникӣ) буданд.
Донишгоҳ ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ аҳамияти хоса дода, бо назардошти рушди босуръати соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъминоти сохторӣ ва кадрии ин самтро пайваста мукаммал менамояд. Дар ин раванд сохтори идора дар 8 соли фаъолият се бор иваз карда шуд. Ҳоло ин сохтор раёсати технологияҳои иттилоотӣ буда, дар тобеияти муовини аввали ректори донишгоҳ мебошад. Раёсат аз як марказ ва ду шуъба – маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, шуъбаи автоматонии раванди таълим ва шуъбаи воситаҳои техникии таълим ва синфхонаҳои компютерӣ иборат аст.
Фаъолияти раёсат ба таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи рушд ва такмили инфрасохтори барномавию таҷҳизотӣ ва телекоммуникатсионии донишгоҳ, татбиқ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ (IT) дар раванди таълим ва идоракунии донишгоҳ равона карда шудааст.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ анъанаи хубе ҳаст, ки кормандони шуъбаҳо ва марказҳои донишгоҳ одатан хатмкардаҳои донишгоҳ буда, ба сифати ҳамкор дар кафедраҳои тахассусӣ кор карда, дар тайёр кардани мутахассисони муҳандисӣ саҳм мегузоранд. Кормандони раёсати технологияҳои иттилоотӣ ҳам асосан хатмкардаҳои донишгоҳ буда, дар факултети ТИК ҳамкор мебошанд. Ҳамчунин донишҷӯёни донишгоҳ барои кор дар шуъбаҳои раёсат ҳамчун ҳамкор ё коромӯз фаъолона ҷалб карда мешаванд.