Назарова Саломат Хушвахтовна,

Директори литсей

Литсейи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти аттестатсионии давлатӣ тасдиқ кардааст, фаъолияташро оғоз намудааст.

Ба Литсейи техникӣ хонандагон барои идомаи таҳсил дар синфҳои 8,9,10 ва 11 тариқи озмун қабул карда мешаванд. Таҳсил дар ҳамаи синфҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Литсейи техникӣ ба мундариҷа ва сифати таълими фанҳои дақиқ –математика, физика, химия, информатика, нақшакашӣ ва инчунин ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати махсус дода мешавад. Литсейи техникӣ бо озмоишгоҳи замонавии физикии истеҳсоли Парки технологии донишгоҳ ҷиҳозонида шуда, бо китобхона ва синфхонаҳои интерактивӣ таъмин аст.

Дар фонди умумии китобхона 5376 нусха китоб мавҷуд аст, ки аз ин 2450 нусхааш китобҳои бадеӣ ва 2926 нусха китобҳои дарсиро дар бар мегирад. Китобхона ба 10 номгӯйи рӯзномаю маҷаллаҳо обуна аст. Шумораи аъзоёни он 230 нафарро ташкил медиҳад, ки он 95%-и хонандагонро дар бар мегирад. 25%-и хонандагон, яъне 58 нафарашон аъзои Китобхонаи миллӣ ҳастанд.

Давоми солҳои мавҷудият ва фаъолияти литсей роҳбарии онро Давлатов А., Муминова Д.Н., Шарифов Ҳ. ба зимма доштанд. Ҳоло роҳбарии Литсейи техникӣ ба уҳдаи Назарова С.Х. гузошта шудааст.

Дар литсейи техникӣ 278 нафар хонанда, аз инҳо 102 нафар духтарон таҳсил менамоянд.

Раванди таълиму тарбия аз ҷониби 26 нафар омӯзгорон идора карда мешавад. Боиси қайд аст, ки 4 нафар омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба хонандагон дарс медиҳанд.