Фаъолияти Шӯрои кураторон дар донишгоҳ мувофиқи Низомномаи Шӯрои кураторони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Шӯрои кураторон ба роҳ монда шудааст.

Дар аввали соли таҳсил бо пешниҳоди деканони факултетҳо аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба бо мақсади расонидани ёрии амалӣ дар ҷодаи таълим ва тарбия дар ҳайати 23 нафар аъзои Шӯрои кураторон бо 4 комиссияи доимоамалкунанда ташкил карда мешавад.

Фаъолияти Шӯрои кураторон мувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида асосан масъалаҳои тартиб додани нақшаи кории Шӯрои кураторон, ташкил ва гузаронидани ҷаласаи Шӯрои кураторон, иштирок дар чорабиниҳои донишгоҳӣ якҷоя бо кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, фаъол гардонидани донишҷӯён дар роҳи илмомӯзӣ, тарғиби корҳои манфиатбахш дар ҷанбҳаҳои мухталифи ҳаёти донишгоҳ, ташкили экскурсия ба ҷойҳои таърихӣ (якҷоя бо кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ), ташкил намудани семинари таълимӣ-тарбиявӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, таҳлили ҷамъбасти ҳафтаи назоратӣ ва самараи кори кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, кумак дар раванди таълим дар факултет барои донишҷӯёни курси якум ва монанди инҳоро фаро мегирад.