Бо мақсади ҷорӣ намудани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва қонеъ намудани талаботи макотиби олии кишвар ба таҷҳизоти гуногуни озмоишӣ Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз соли 2014 ба истеҳсоли таҷҳизоти озмоишӣ оғоз намуда буд. Таҷҳизотҳои озмоишии омодашуда аз нархи таҷҳизоти аз хориҷи кишвар воридшаванда ба маротиб арзонтар ва босифаттар мебошанд.
То ҳол Технопарки ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ барои макотиби олии зерини кишвар таҷҳизоти озмоишӣ аз фанни физика сохта ба истифода додааст.
№ р/т |
Соли иҷроиш |
Фармоишгар |
1 |
2014 |
Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар н. Рашт |
2 |
2015 |
Донишгоҳи Давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллои Рудакӣ |
3 |
2015 |
Филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе |
4 |
2016 |
Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
5 |
2016 |
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н. Рашт |
6 |
2016 |
Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав |
7 |
2017 |
Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ дар ш. Хуҷанд |
8 |
2017 |
Коллеҷи техникии ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ |
9 |
2018 |
Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
10 |
2019 |
Литсейи инноватсионии “Душанбе” |
11 |
2020 |
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
12 |
2021 |
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия |
Таҷҳизот ва дигар воситаҳои техникии паркро асосан озмоишгоҳои кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металбурӣ ва олотҳо” Маркази муҳандисию техникӣ дар бинои асосии донишгоҳ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон сохта шудааст ташкил медиҳад.
Озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсоли ба номи Исмоил Ҷазерӣ (Cezeri Lab) ин маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизотҳои рақамӣ барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин дигар таҷҳизотҳои худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир ҷойгир аст, ки имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро дорад. Ин аввалин озмоишгоҳи типи мазкур дар Осиёи Миёна мебошад. Озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон таълимоти комилан нави инноватсионӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Акнун, дар шароити кишвар имконияти омӯзиши пурраи технологияҳои 3D-нашр фароҳам оварда шудааст.
Бо истифода аз имкониятҳои озмоишгоҳи навтаъсис мутахассисони донишгоҳ малакаҳои худро дар тарҳрезии 3D (PartModeling) дар муҳити барномаи Solidworks, эҷоди кодҳои GK дар принтерҳои 3D бо истифода аз нармафзори буридан (Cura, 3D Simplify ва ғ.), танзимоти Принтери FDM 3D ва DLP 3D мукаммал карданд.
НАМУНАИ ТАҶҲИЗОТ ВА СИНФХОНАҲОИ ОМОДАШУДА