Шуъба қисми таркибии раёсати технологияҳои иттилоотӣ буда, роҳбарии онро мудири шуъба ба зимма дорад. Фаъолияти шуъба асосан барои таъминоти раванди таълим бо воситаҳои техникии таълим ва таъмини раванди таълим дар синфхонаҳои компютерии донишгоҳ равон карда шудааст. Ҳамчунин шуъба дастгирии техникии раванди имтиҳоноти тестиро дар синфхонаҳои компютерии донишгоҳ таъмин менамояд.

Кормандони марказ Ниёзов Қ. – оператори синфхонаи компютерӣ, Раҳимҷони Н. – мутахассис, Эсанқулова К. – мутахассис, масъули хизматрасонии техникии воситаҳои техникии таълим дар биноҳои марказӣ, Ашурова О. – оператори синфхонаи компютерӣ, Ҳусейнова Д. – оператори синфхонаи компютерӣ, Аминов М. – мутахассис, масъули хизматрасонии техникии воситаҳои техникии таълим дар биноҳои минтақаи Политехникум, Шодиев А. –оператори синфхонаи компютерӣ, Сангов Ф. – оператори синфхонаи компютерӣ мебошанд.