Саторова Мавлуда Қаҳоровна

Мудири шуъба

тел: +(992)-904-58-55-42

     Яке аз самтҳои муҳими қисми тарбия шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ мебошад. Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ дар доираи бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарон, осорхона, дастаи фарҳангии «Муҳандисони ҷавон» ва созмонҳои ҷамъиятии Шӯрои кураторон, клуби варзишӣ, Шӯрои худидоракунии хобгоҳҳои донишгоҳ, Шӯрои собиқадорон ва Комисияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими донишгоҳ фаъолият менамояд.

Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию-ҳуқуқӣ бо мақсади ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, баландбардории маърифату маънавиёт, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, фарҳангию ахлоқӣ, зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, экологӣ, масъулиятшиносӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ҳаёти солим ба роҳ мондааст.

Корҳои ташкилӣ-тарбиявӣ риояи тартибу интизом, иштироки кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён дар маъракаҳои сиёсӣ, фарҳангию маънавии дохилидонишгоҳӣ, шаҳрӣ, умумиҷумҳу-риявӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҷалби онҳо ба маҳфилҳои фарҳангию маърифатӣ, варзиш ва ғайраро дар бар мегирад, ки онро ҳамчун омили пешбарандаи корҳои тарбиявӣ номидан мумкин аст.

Назорати иҷрои соатҳои тарбиявии кураторӣ ва беруназдарсӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён риоя намудани талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои тарбиявӣ, корҳои ташвиқотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён дар донишгоҳ ва хобгоҳҳо аз ҷумлаи вазифаҳои асосии шуъба маҳсуб меёбад.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро дар сатҳи донишгоҳ роҳандозӣ менамояд.

Тибқи низомнома ва фармоиши ректори донишгоҳ барои ҳавасмандгардонии кураторон ҳамасола бо ташаббуси шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ озмуни “Куратори беҳтарини сол” гузаронида мешавад.

Инчунин аз ҷониби шуъба ҳар сол номзадии донишҷӯёни аълохон барои гирифтани стипендияҳои номӣ ба Шӯрои олимон пешниҳод карда мешаванд.

Бахшида ба ҷашнҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ тибқи қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ба ятимони кулл, маъюбон, собиқадорони меҳнати донишгоҳ, туҳфаи молиявӣ расонида мешавад. Инчунин, ба интернати кӯдакони ношунавоии ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба зиммаи донишгоҳ аст, дар арафаи ҷашнҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ туҳфаҳо тақдим карда мешавад ва ин аз вазифаҳои дигари шуъба буда, ба ҳукми анъана даромадааст.

Пешниҳоди устодону кормандони фаъол ба мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ низ аз масъулиятҳои шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ба шумор меравад.

Аз ибтидои оғози фаъолияти шуъба вазифаи пурмасъулияти роҳбарии онро Табаров Ҷ., Камолиддинов Б.Т., Шарипов Ш.Қ. ба зимма дошта, айни ҳол Сатторова М.Қ. ин вазифаи пурмасъулро ба уҳда дорад.

Дар шуъба ташкилотчӣ – Саидов Б., роҳбари осорхона – Амонатова Ф.Қ., роҳбари бадеӣ – Раҳимова С. ва Аминов А. – танзимгари овоз фаъолият доранд.