Давлатшоев Рашид Асанхонович

Декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

тел: +(992) 93-333-22-71

 
Факултети автомобилию роҳсозӣ бо мақсади такомули ҷиддӣ бахшидан дар ҷодаи омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар асоси фармони Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон аз 22-юми сентябри соли 1975 ва фармони ДПТ аз 13-уми октябри соли 1975 таҳти №70/1 ташкил карда шуд.

Омодасозии муҳандисон аз рӯйи ихтисоси 1609 – “Нақлиёти автомобилӣ” дар ҳайати факултети “Сохтмон” соли 1956, аз соли ташкилёбии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №471 аз 1-уми сентябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ”, фармоиши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти №79-3/2 аз 18-уми октябри соли 2007 ва таҳти №81-3/2 аз 31-уми октябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” дар базаи факултети Автомобилию роҳсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ду факултети равияи нақлиётӣ – факултетҳои нақлиёт ва идора ва сохтмони нақлиётӣ созмон дода шуд.

Дар факултети нақлиёт чаҳор кафедраи тахассусӣ ва як кафедраи умумикасбӣ – кафедраҳои истифодабарии нақлиёти автомобилӣ, истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ҷузъҳои мошинҳо ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ, коркарди энергиябарандаҳо ва хизматрасонии нафту газ ва механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод фаъолият дорад.

 Вобаста ба талаботи замон ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати мамлакат дар факултет омодасозии мутахассисон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шуъбаҳои рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона, аз рӯйи ихтисосҳои 1-080101-09 – “Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ)” (рӯзона ва ғоибона), 1-361101 – “Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмон ва борбардорӣ (аз рӯйи соҳаҳо)”, 1-370105-02 – “Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ”, 1-370106-01 – “Истифодабарии техникии автомобилҳо, нақлиёти автомобилии истифодаи умум ва шахсӣ”, 1-370202-01 – “Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо)” (рӯзона), 1-370401 – “Истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва муҳаррикҳо” (рӯзона ва фосилавӣ), 1-440302 – “Ташкили ҳаракат дар роҳ” (рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона), 1-740603-01 – “Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ” (рӯзона), 1-480103 – “Коркарди нафту газ”, 1-510202 – “Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ” ба роҳ монда шудааст.

Айни замон дар факултет 1319 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд. Ҷараёни таълиму тарбияро дар факултет 64 нафар омӯзгорон пеш мебаранд, ки дар байни онҳо 3 нафар профессорон, докторони илм ва 12 нафар дотсентон, номзадони илм, 22 нафар иҷрокунандагони вазифаи дотсент, номзадони илм ҳастанд.

Ҳайати омӯзгорону профессорони факулта дар пешбурди фаъолияти илмӣ ва илмию методӣ иштироки фаъолона доранд. Дараҷаи тахассусии худро дар муассисаҳои пешбари кишвар, инчунин дар Донишгоҳи давлатии техникии ш. Маскав, (Донишкадаи автомобилию роҳсозии ш. Маскав), Донишгоҳи давлатии ш. Владимир, Донишгоҳи давлатии нафту гази Россия ба номи И.М. Губкин, Донишкадаи автомобилию роҳсозии ш. Тошканд ва ғайра мунтазам такмил медиҳанд. Инчунин, робитаҳои ҳамкорӣ низ бо ин донишгоҳҳои бонуфуз ва олимони пешбари давлатҳои дигар, аз қабили Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷопон ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет беш аз 30 нафар шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил карда истодаанд. Раванди таълиму тарбия дар факултет хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони дорои тахассус ва таҷрибаи баланди назариявию амалӣ ба донишҷӯён касб меомӯзанд. Бо воситаҳои гуногуни таълимӣ мутахассиси ояндаи ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ тарбия карда мешавад, ки саҳми Шӯрои кураторони факултет назаррас аст.

Озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимии кафедраҳои факултет бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд. Дар факултет корҳо дар самти такмили касбии мутахассисон бо истифодабарии технологияҳои маълумотии коммуникатсионӣ дар таълим татбиқ шуда, нашри нави воситаҳои таълимӣ-методӣ ва азнавкунии базаи озмоишгоҳҳои кафедра амалӣ шуда истодааст.

Номзади илмҳои техникӣ, муаллими калони кафедраи коркарди энергиябарандаҳо ва хизматрасонии нафту газ Маҳмудова Т.М. сазовори медали тилло дар Форуми байналмиллалии занони ихтироъкор дар Куриё сазовор гардид. Устодони факултет барои дастовардҳои илмӣ ва хизмати шоиста дар соҳаи маориф ва нақлиёт бо мукофотҳои давлатӣ, медали “Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нишонҳои “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сипосномаву ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт қадрдонӣ шудаанд.

Таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯёни факултет дар корхонаҳои нақлиётию роҳсозии пешбари кишвар – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (АВВАТ), ККВД «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3», КВД «Экспедитсияи нақлиётӣ», Сехи автомобилии №2-и заводи Алюминии тоҷик, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Тоҷик-Эйр», КВД «Сомон-Эйр», Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Душанбе, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Хуҷанд, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Кӯлоб, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш. Бохтар, «Корхонаи оҳану бетонбарории №1»-и ш. Душанбе ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.

Дар муддати мавҷудияти худ факултет зиёда аз 6 000 нафар мутахассисро барои комплекси автомобилию роҳсозии ҷумҳурӣ омода сохтааст.

Хатмкунандагони зиёди факултет дар вазифаҳои масъул фаъолият намуда, барои тараққиёти соҳаву рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Аз байни онҳо собиқ вазирони нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯр, А.С. Салимов, О.Б. Бобоев, собиқ муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Худоёров, академики Академияи нақлиёти Русия Б.Б. Каримов, собиқ муовини раиси ш. Душанбе А.М. Оев, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Р. Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Б. Мирзоев, докторони илм, профессорон Ҷ.Ҷ. Ҷумъаев, Р.К, Раҷабов, О.Қ. Сангинов, А.А. Турсунов ва дигаронро метавон номбар намуд.

Дар солҳои гуногун сарварии факултет (автомобилию роҳсозӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, нақлиёт)-ро д.и.и., профессор Ҷумаев Ҷ.Ҷ., н.и.и., дотсент Сатторов Р.С., д.и.т., профессор Турсунов А.А., д.и.и., профессор Сангинов О.Қ., н.и.т., дотсент Соибов А.А. ва н.и.т., дотсент Абдуллоев М.А. ба уҳда доштанд.

Айни ҳол вазифаи декани факултет ба зиммаи Давлатшоев Р.А. гузошта шудааст.


Назад к списку

Университет




Кафедры