КОНСОРСИУМИ ИШТИРОКЧИЁНИ ЛОИҲАИ “РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОД ҲАМЧУН УНСУРИ РУШДИ УСТУВОРИ УКРАИНА ВА ТОҶИКИСТОН”


Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 1-уми октябри соли равон дар доираи амалишавии лоиҳаи “Рақамикунонии иқтисод ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон” консорсиуми иштирокчиёни лоиҳа баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати Олмон, Словения, Украина, инчунин намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ дар раванди таҳсилоти олии Украина ва Тоҷикистон, ки дар асоси таҷрибаи ҷаҳонии таълимоти 4.0 амалӣ мешавад, барои таъмини рушди устувори иктисодиёти Украина ва Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар доираи амалишавии лоиҳа таҷдиди барномаҳои таълимии амалкунанда тавассути ҷорӣ кардани барномаҳои мукаммал ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа ворид кардани барномаи таълимӣ аз иқтисодиёти рақамӣ ба раванди таълими магистрантон дар Тоҷикистон ва Украина  то моҳи декаӣри соли 2023 дар назар аст.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои шахсони имконияташон маҳдуд самти муҳими фаъолияти якҷояи иштирокчиёни консорсиум мебошад. Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи болозикр дар доираи амалишавии лоиҳа андешидани як қатор тадбирҳои мушаххас ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку