МЕТРОЛОГИЯ ДАР ДАВРАИ РУШДИ БАРНОМАҲОИ АДАДӢ

 03.06.2022

Аннотатсия: Дар мақолаи мазкур раванд ва рушди соҳаи метрология таҳлил карда шудааст. Дар он илм ва фанни таъминоти метрологӣ аз давраи пайдоиш, рушд ва ояндаи он аз тарафи муаллиф ба қалам дода шудааст. Ҳамзамон ҳамҷоягии фанни метрология ва стандартикунонӣ тасдиқ ва таҳлил шудааст.  Нишони падидаҳои техники ҳанӯз дар асрҳои 1Х ва ХV111, бод далел оварда шудааст.

Калидвожаҳо; метрология, стандартикуноеӣ, қадим, андозагирӣ, мавод, ченкунӣ, мукаммал, тиҷорат, воҳид, бузургӣ,оринҷ, газ, ангушт, роҳи абрешим, яроқ, шамшер, тӯп, борут, ядро, мавзеъ, дӯкон, нашриет, ламинат, шиша, гудозиш, муҳтасиб, арбоб, тоҷир, нақшкӯби, муқавабандӣ, нанотехнология, барномаи ададӣ, телепортатсия.

Метрология чун илм дар фаъолияти инсон дар давраҳои қадим ба расмият даромадааст. Асосҳои муносибати ҷомеъа ва инкишофи он ба андозагирӣ алоқаманд буд. Аз он даврҳо то замони муосири ҳозира, дар тафаккури инсоният нисбати андоза ва андозагирӣ,  хусусуиятҳои  мавод, ҳодисаҳои ба амал омада ва тарзҳои муқоисаи онҳо, дар тафаккури одами қадим тасаввуроти муайяне ҳувайдо гардида нақш бастааст ва мукаммал гардида, то замони мо расидааст. Робита ва муносибатҳои иқтисодии мулкҳои алоҳида ва аҳолии он сабаб мегардад, ки ҷудогонагии қоида ва усулҳои тиҷорати аз байн раванд, зеро барои андозагирии як бузургӣ  дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ  воҳидҳои гуногун истифода мешуданд.

Дар Осиёи Миёна андоза ва воҳидҳои муайяни ченкунӣ ва баркашӣ вуҷуд дошт. ҳангоми доду гирифт алалхусус матоъ воҳидҳои ченкунии дарозӣ: оринҷ, ваҷаб, ангушт, фарсанг ва га истифода гардад, барои ченкунии масофа воҳиди ченкунии газ истифода мешуд. Дар мавзеъҳои гуногуни Осиёи Миёна як воҳиди газ тавофути муайяне дошт, асри 19 дар Бухоро як газ ба 107 см, дар Самарқанд ба 89 см, Устарушан 92 см,  Эрон  104 см баробар буд, ки боиси норозигии бозоргонон мегардид.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Русия, Вавилон, Рум, Миср  ва Аврупо низ ба сифаи воҳиди дарозӣ ҳангоми андозагирӣ, мисли Осиёи миёна, ки роҳи абрешим тавассути он мегузашт узвҳои инсон исон номгузорӣ ва истифода мегардид, аммо ин воҳиди ченак мукаммал набуд, зеро он аз ҷуссаи бозоргонони ин мавзеъҳо вобаста буд ва ҳангоми доду гирифт сабаби норозигии тоҷирон мегардид. Бинобар ин барои и ба танзим овардани ченаки воҳидҳои дарози ва вазн ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба монанди «Гилда»  - Русия, девон – Осиёи Миёна таъсис меёбанд. Бобоҷон Ғафуров асари «Тоҷикон»., А. М. Мухторов История Ӯра-Тюбе  «Девони муҳтасиб ва арбоб» - назорати бозор мутассади  - муҳтасиб ва  сохтмон – мутассади арбоб таъин мегардид.

Давраи ҳукмронии сулолаи Темуриен барои Осиёи Миена ва алалхусус сарзамини тоҷикнишини ин минтақа пурсамар ва гузаштааст. Моҳи сафари соли 900 ҳиҷрӣ (моҳи ноябри соли 1494) аз оғози асри 1Х то асри ХV111 дар шаҳрҳои калонтарини тоҷикнишини ин минтақа (Аморат) Султон Маҳмуд дар Панҷакент, Ӯротеппа, Хӯҷанд, Самарқанд, Бухоро, Тошкент, Қӯқанд, Фалғар ва шаҳрҳои роҳи абрешим  - Ҳокимияти маъмурии идоракунии минтақа ва идораи қозиёт ва вазифаи қозикалонро таъсис медиҳад,  ин идора  санҷиш ва назорати шаҳрсозӣ, сохтмон ва таъмир ва сохтмони мадраса, масҷид, мақбара, истифодабарии воситаҳои ченак дар бозор ва сохтмон, рушди санъат меъморӣ кандакорӣ, кулолгарӣ, истеҳсоли қоғаз, яроқу аслиҳа, шиша , соҳаи кимие, асбобҳои хоҷагии , ба ӯҳда доштааст.

Чунин мафҳум ва ба ин монанд мутахассисони соҳаи техника дар Аврупо асри ХV1 ва Русия каме дертар таъхсис дода мещавад., ки ходимони он асосан бо соҳаи яроқсозӣ, киштисозӣ, саноати нассоҷи сару кор доштаанд.

То соли 1886, забти ин сарзамин аз тарафи қӯшунҳои рус  дар Шимолӣ Тоҷикистони имрӯза, дар маҷмӯъ зиёда аз 1400 дӯкон ва корхонаҳои хурди истеҳсол ва коркарди:  маҳсулоти резини ва пойафзол аз чарм,  собун, қоғаз, корд, аслиҳа, шамшер яроқ , тӯп (биринҷӣ, аз чӯян в оҳан) ,тири тӯп  (ядро ва силиндрӣ)  борут (порох) дар мавзеъи Яккабоғ арзи вуҷуд доштааст.

Тибқи маълумоти академик А. Мухторов – таърихшинос – этнограф солҳои 1860 гарнизони Ӯротеппа  1400 нафар афсарон ва офитсерони Уротеппа шамшери худро ки намуди салибро доштааст  дар дӯконҳои Ӯротеппа аз нав мисли шамшери туркӣ , чин ва муғулҳо – шамшери кӯтоҳи бурранда аз нав ба гудозиш медиҳанд. Хамзамон ҳангоми муҳориба ва забти Аморати Бухоро қушунҳои Амир дорои 48 тӯп ва тири он дар ин минтақа тайер карда шудааст, забти Ӯротеппа муҳофизони он доро 14 тӯп,  инчунин истеҳсоли устоҳои ин мавзеъро доштаанд. Намояндаи қувваҳои ҳарбии Русия офицер Кушакевич оиди тӯпҳои муҳофизо чунин гуфтааст, ки тӯпҳои истеҳсоли тоҷикон нисбат ба тӯпҳои русия мустаҳкамтар ва сабуктаранд ва бо фармони Кушакевич як тӯп,   ки бо  милли он бо кафшергари оро ёфта буд ба музейи аслиҳаи ҳарбии русия фиристода мешавад. Истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии фойтун ва айра ба роҳ монда мешавад. То соли 1890 корхона ва дӯконҳои истеҳсоли шимолӣ Тоҷикисто шикаста ва вайрону валангор карда мешаванд. Бисере аз устоҳои моҳир и яроқсоз несту нобуд мегарданд.

Он замонҳо дар ин мавзеъ 6 матбаа, чопхона амал менамуааст, ки дар он ҳошиябанди , ламинат, нақшкӯби, муқовасозӣ, ҷилдбандӣ ба роҳ монда будааст.

Шодравон Бобоҷон Гафуров чунин пешравии техникиро дар ин минтақа чунин шарҳ додааст, ки то давраи ҳукмронии сулолаи Темуриён, давраи ҳукмронии Шайбониҳо ва баъдан Аштариён бисер тоҷикон ба Чин муҳоҷират намуда, аз ин мамлакати он замон мутаррақи бисер касб ва равандҳои техники – технологиро аз худ намудааст.  Иечунин истеҳсоли шиша ки дар шимоли Тоҷикистон истеҳсо мегардид ба шишаи чин қаробат доштааст ва чор намуд: сурх, сафед. зард ва кабуд истеҳсол мешудааст.  Ҳамзамон саноати кимиё низ тараққӣ доштааст.

Мақсад аз гуфтаҳои боло дар чист?, яъне асрҳои 1Х ва ХV111, дар ин сарзамин падидаҳои метрологи ва раванду технологии техникӣ ба дараҷаи баланд расида будааст.

Асбобҳои кишоварзӣ: каланд, бел,  теша, сихмола, омоч ва ғайра , истеҳсоли намаки ошӣ, к оркарди пӯст ва зин,  кулолгари, кандакории чӯб, истеҳсоли нал, иаҳсулоти нассоҷи ва матоъ, чиннӣ,  истеҳсоли ранг, оҳангарӣ, нахлгарӣ,  дуредгарӣ , ришта, , чӯянрезӣ, коркарди оҳан, , доруворӣ, китобат, истеҳсоли чарм, коркарди пахта, истеҳсоли дег, равғанкашӣ, ва ғайра. Ҳамзамон қариб наздикии 200 мактаб  ( писарона ва духтарона),  биноҳои дув а се ошёна,14 мадраса  арзи вуҷуд доштааст.

Бо мурури замон инкишофи тиҷорат ва савдо, ҳамоҳангшавии  соҳаҳои фаъолияти бозоргонон ва тоҷирон ва талаботи байналмиллали сабабгори таъмини ягонагии анозагири ва ҷори гардидани воҳидҳои ченак оварда мерасонад, ки дар натиҷа Созмони Умумиҷаҳонии Савдо  арзи вуҷуд пайдо менамояд ва сабабгори пайдоиши воҳидҳои ченаки ягона мегардад. Дар ин ҷода тараққиёти илму техника ва фанҳои дақиқ  (физика, математика, геометрия ) низ ҳамто надорад ва роли ҳалкунандаро бозидаанд. Дар натиҷа бо мурури замон стандарти махсуси соҳаи Метрология (JCGM – 200: 2008 – Луғати байналмиллалӣ оид ба метрология), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» асоси танзими соҳаи метрологи гаштаанд.

Давраҳои муосири рушди воҳидҳои ченак ва андозагирӣ бузургиҳои физикавӣ системаҳои воҳидҳои ҷаҳонӣ: СГС соли 1881; МКГСС асри Х1Х; МКСА соли 1901 арзи вуҷуд намудаанд. Дар натиҷа воҳиди дарози метр, вазн ва масса килограмм, вақт- сония, қувваи ҷараёни барқ – ампер, ҳарорати термодинамикӣ – келвин, қувваи рӯшноӣ қандил, миқдори модда – мол қабьул гардид ва ҳамзамон эталонҳои ин бузургиҳо  қабул гардиданд.

Бо мурури замон дар натиҷаи инкишофи илму техника соли 1948 эталони  қувваи ҷараен – ампери  байналмиллаӣ , ки солти 1893 қабул гардида буд ба мафҳуми  «Тарозуи ҷараён» иваз карда мешавад.

Соли 1960 эталон воҳиди дарози – метр, ки аз хӯлаи платина ва иридий сохташуда буд ба эталони нави дарозиӣ истифодаи дарозии мавҷи  моддаи кимиёвӣ «Криптон 86»  иваз карда шудааст.

Ҳангоми таъминоти метрологии саноат, истеҳсолот ва коркарди маснуот шартан воситаҳои ченак  вобаста аз дақиқии андозагирӣ ба ду навъ воситаи ченаки истеҳсолоти, кибо он коргар сару кор дорад ва ҳангоми муайян намудаги сифати маҳсулоти истифодашаванда аз тарафи хадамоти назоратӣ ва сертификатсиякуннеии маҳсулот, асбобҳои назоратии дараҷа ва ё категорияашон баландтар истифода мешаванд, ки ба усулҳои хси андозгирӣ асос ёфтааст.

Дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир бе таъминоти метрологии истеҳсолот ва андозагирӣ маъно надорад, ҳамзамон Метрология бе соҳаи стандартизатсия  низ арзи вуҷуд дошта наметавонад, ин ду фанн алоқамандии зич  доранд ва дар ҳамҷоягӣ сифати маҳсулот ва рақобатпазирии онро таъмин менамоянд .

Умуман тибқи талаботи Стандарти ИСО силсилаи 9000,  ИСО 5725 - 2002 СТҶТ 1,2, СТҶТ 1.5 кулли тартиботҳои андозагирӣ бояд, бо ҳуҷҷати лозима асоснок карда шавад.

Даҳсолаҳои охир зимни тараққии техника ва технология илмҳои нав Технологияи истеҳсолоти роботӣ, Системаи истеҳсолоти  автоматӣ,  Автоматикунонии равандҳои истеҳсолотӣ, Роботҳои саноатӣ, Ҷорӣ ва ворид намудани Барномаҳои ададӣ рақамӣ, Нанотехнология  дар назди соҳаи метрология ва стандартикунонӣ имкониятҳои  васеъ фароҳам овардааст. Чунин пешравии илм ва техника имконият медиҳад, ки ҳангоми андозагирӣ аз кашфиётҳои соҳаи и радио – электронӣ васеъ истифода намуда воситаҳои андозгирии электрониро васеъ истифода намоянд.

1460 сол қабл дар Қуръон оварда шудааст, ки дар биҳиша зарф ва қадаҳҳо мавҷуданд, ки аз нуқра, тилло, шиша ва сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд ва аҷоибот дар он аст, ки ҷойи пайвасти ин элементҳои ин зарфр дида намешавад гӯё он аз як масолеҳ сохта шудааст. Яъне падидаи нанотехнология. Инчунин боз як ташбеҳ ба соҳаи телепортатсия,  бо як чашм задан метавонам тахти Сулаймонро наздат муҳайё созам, соли 2008 - 2010 дар озмоишӣ мутахассисони  Румыния ва Польша нури рӯшноиро ба корпускулаҳо чудо намуда нурро дар масофи 10 метр телепортатсия намуданд, ки боз як замима барои пешравии илми метрология шуда метавонад.

Адабиёт:

1.М.Т. Идиев, И.М.Мирзомиддинов, Дю.М. Бобоев. «Стандартизатсия, Метрология ва Сертификатсия»., ББК 30,10Я 73, И – 17, УдК 631.3.004.67 +658., ISBN – 978-99947- 65 – 52 – 2., Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24. 05. 2016 таҳти рақами  7/22 ва   қарори  Шӯрои методии Донишгоҳи техзникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  (суратмаҷлиси   № 3 аз 15.03. 2016.  Хамчун китоби дарси ба чоп тавсия карда шудааст.)

  1. Бобоҷон Гафуров «Тоҷикон., Таъхрихзи қадимтарин, қалим, асри миёна ва давраи нав» , Душанбе, «Нашриёти муосир», соли 2020.
  2. Аҳрор Мухторов, « История Ура-Тюбе (конец ХV – начало ХХ вв.)»., ОАО Типография – 9, Москва 1998 г.

Ахрор Музхторов., «Гузары Ура - Тюбе», г. Ташкент, Издательство,  «Чулпон». 1995 г.

4.Маҷаллаи «Фурӯғи Фирдавсӣ» №5-6 (112) марти соли 2015, Нашрияи иттилоотию фарҳангии Мақомоти ичроияи Хокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, ш . Душанбе. «Мӯъҷизаҳои Қуръони карим.»

  1. Маҷаллаи «Самак», № 39, (150), 24 сентябри соли 2014, Ҳафтаномаи таърихи – тадқиқотӣ. «Тақдири қозикалони Истаравшан».
  2. Маҷаллаи «»Стандарт ва сифат, №3 (65), май- июни соли 2016 «Санъат, Фарҳанг ва маҳорати мехъмории тоҷикон», Бобоев Д.М.

Бобоев Д.М.


Назад к списку