РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 20.06.2022

Энергетика ин соҳаи ҷудонашавандаи  истеҳсолот ба шумор рафта, бидуни он ҷаҳони имрӯзаро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро тамоми дастгоҳҳою лавозимоти ҳозиразамонро бе истифода аз нерӯи барқ тасаввур нокарданист. Тамоми пешрафти ҳар як мамлакат ба энергияи электрикӣ алоқамандии зич дорад. Бинобар ин энергияи электрикиро ба ҳар роҳу воситае,ки набошад истеҳсол менамоянд.Тоҷикистони азизи мо низ ба қатори дигар мамлакатҳои  истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” яке аз  ҷойҳои номёнро ишғол менамояд.Айни ҳол  дар кишвар  98 %-и нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида , аз рӯи истеҳсоли “энергияи сабз” ҳаштум кишвари пешсафи сайёра ба шумор меравад. Тавонии системаи энергетикии Тоҷикистон наздики  8000 МВт-ро  (ҳиссаи нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ 95%) ташкил медиҳад. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ буда, ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергнтикӣ- 527 млрд  кВт*с-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи электрикӣ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқӣ қариб 17 млрд.кВт/соатро ташкил медиҳад

Айни ҳол дар кишвар бо мақсади таъмини аҳолии дурдасти кишвар  зиёда аз 250 адад НБО-ҳои хурди тавониашон аз 5 то 2500 кВт ба истифода дода шудаанд.

Агар мо таърихи энергетикаи ҷумҳурӣ назар андозем аввалин нерӯгоҳи барқии обӣ ин НБО Варзоб-1 мебошад, ки соли 1931 сохтмони он оғоз ёфта  соли 1937 бо иқтидори 7,1 ҳаз. кВт ба кор шурӯъ намуд. Маҳз зинаи нахусти системаи энергетикии Тоҷикистон аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.

То ҳоли ҳозир дар дарёи Вахш силсила нерӯгоҳҳои зерин сохта шудаанд: Шаршара(29,9ҳаз.кВт), Сарбанд(240 ҳаз. кВт), Марказӣ (15,1ҳаз.кВт), Норак (3млн. кВт), Бойғозӣ (600ҳаз.кВт),Сангтӯда-1 (670ҳаз.кВт), Сангтӯда -2 (220ҳаз.кВт) ва дар қисмати болооби дарё  бошад нерӯгоҳи барқии обии Роғун (3,6 млн. кВт). Яке аз бузургтарини онҳо ин НБО  Роғун ба шумор меравад. Сохтмони ин нерӯгоҳи бузург  ҳанӯз аз даврвҳои мавҷудияти ИҶШС оғоз гардида буд вале баъдтар пас аз пошхурии ИҶШС сохтмони ин нерӯгоҳ нотамом мемонад.Пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллиамон бо талошу заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони ин иншооти бузурги аср идома  дода шуд. Ҳамин тавр 16-уми ноябри соли 2018 агрегати 1-уми НБО Роғун  ба кор дароварда шуд.Ва баъдтар 10-уми сентябри соли 2019 агрегатҳои 2-юм  ва 3-юм низ ба кор дароварда шуданд.

Пас аз ба истифода додани ҳамаи агрегатҳои НБО Роғун мо метавонем ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ бирасем, яъне истиқлолияти энергетикӣ!

Зеро истиқлолияти энергетикӣ ин яке аз  ҳадафҳои  стратегии мамлакат  ба ҳисоб меравад.

Энергетикаи алтернативӣ

Энергияи офтобӣ ба қатори энергияи обӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Иқлими Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтобӣ бисёр ҳам мувофиқ мебошад.Ба ҳисоби миёна 300-320 рӯзҳои офтобӣ вуҷуд доранд ва истифодаи энергияи офтобии мавҷуда дар Тоҷикистон метавонад 10-20%-и талаботро ба энергия таъмин намояд.Мувофи ҳисоботҳо захираи энергияи офтобии Тоҷикистон наздики 25 млрд.кВт/соатро дар як сол ташкил медиҳад.

Ба ғайр аз энергияи офтобӣ боз энергияи бодӣ мавҷуд аст,ки дар мамлакати мо ташаккул наёфтаанд.Танҳо дар манотиқи кӯҳӣ ва дар водиҳо бодҳои сахт мевазан, ки суръати миёнаи шамол дар як сония ба 5-6м дар як сонияро ташкил медиҳанд.

Худойназаров Б.А. донишҷӯи курси 3 гурӯҳи 430101 А2

Ёрмаҳмадзода Ф.И. донишҷӯи курси 3 гурӯҳи 430103 Б


Назад к списку