САҲМИ ДОНИШГОҲ ДАР РУШДИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ

 11.09.2021

Бахшида ба 65-солагии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

 

Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ соҳаи роҳу наҳлиёти ҷумҳурӣ чун дигар соҳаҳои иқтисоди кишвар бомаром рушд намуда, дар ин самт мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Дар натиҷаи рушди бомароми соҳаи роҳу нақлиёт мо ба расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик шуда истодаем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 зимни Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд. Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Ҳамзамон, дар ин давра иншоотҳои зиёди инфрасохтори комплекси нақлиёт аз қабили нақбу пулҳо, терминалу марказҳои логистикӣ, нуқтаҳои таъмиру нигоҳубини воситаҳои нақлиёт сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар гардид. Парки воситаҳои нақлиёт низ таҷдид гардида, хизматрасонӣ барои мусофиркашонӣ, алалхусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар сатҳи нисбатан беҳтар ба роҳ монда шуда, норасоии воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз байн бурда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти интиқоли байналмилалӣ низ ба дастовардҳои назарас ноил гардида, ширкатҳои ватанӣ ташкил шуданд, ки дар бозори хизматрасонии нақлиётии самти байналмилалӣ мавқеи хоси худро пайдо намуданд. 

Дар амалӣ гардидани корҳои иҷрошуда, пеш аз ҳама, саҳми мутахассисони соҳаи нақлиёту роҳ назаррас мебошад, ки онҳоро асосан Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ омода менамояд. Дар донишгоҳи факултетҳои менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва нақлиёт фаъолият мекунанд, ки ҳамасола теъдоди зиёди хатмкунандагони факултетҳои зикргардида барои ифои вазифа ва саҳм гузоштан ба рушди иқтисодиёти кишвар ба сохторҳои мухталифи комплекси нақлиётӣ равона карда мешаванд.

Дар ташаккулу тараққиёт, таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини методию кадрии соҳа омӯзгорон Ҷумъаев Ҷ.Ҷ. ва Қараев Ғ.О., дотсентон бародарон Браилчукҳо Петр ва Павел, Алиев В.А., Вавилова С.А., Фаттидинов Б.Р., Аликариев С.А., Мястовский В.Н., Саттивалдиев Б.С., педагогҳои барҷаста Сквортсов В.И., Гурский Г.Н., профессорон Турсунов А.А., Сангинов О.Қ., Оев А.М., Саидаминов И., Ҷамолов А.А., дотсентон Мирзоев C.Б., Раҳимова Р.Ҳ., Ҳабибуллоев Ҳ.Х., Фохаков А.С., Ҳамроев Ф.М., Сайраҳмонов Р.Ҳ., Алибаева М.М., Азимов П.Ҳ., Саломзода Р.С., Исмоилов Л.С., Боқиев Ҳ.О., Нуманов О. ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштаанд ва гузошта истодаанд.

Дар тули фаъолияти донишгоҳ беш аз 10 ҳазор нафар мутахассисони ихтисосҳои нақлиётию роҳсозӣ омода шудаанд, ки ҳоло дар системаи хоҷагии кишвар ва берун аз он софдилона меҳнат менамоянд.

Айни ҳол, донишгоҳ комплекси нақлиётии кишварро бо мутахассисон аз рӯйи равия ва ихтисосҳои таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ), таҷҳизот ва нақлиёти роҳӣ, сохтмон ва борбардор, автомобил ва хоҷагии автомобилӣ, истифодабарии техникии автомобилҳо, нақлиёти автомобилии истифодаи умум ва шахсӣ, ҳайати кашандагии нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо), истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва муҳаррикҳо, ташкили ҳаракат дар роҳ, ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ таъмин менамояд.

Ҳайати омӯзгорону профессорони факултетҳои зикргардида дар пешбурди фаъолияти илмӣ ва илмию методӣ иштироки фаъолона доранд. Онҳо дараҷаи тахассуси худро дар муассисаҳои пешбари кишвар, инчунин дар Донишкадаи (донишгоҳи давлатии техникии) автомобилию роҳсозии ш.Маскав, Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба номи И.М.Губкин, Донишкадаи автомобилию роҳсозии ш.Тошканд ва ғайра мунтазам такмил медиҳанд. Алоқаҳои доимии ҳайати кормандони факултетҳо бо олимони пешбари Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати омода намудани кадрҳои ҷавон ва олимони соҳа дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шуда, теъдоди зиёди омӯзгорони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дар мавзуҳои мухталифу мубрами соҳаи роҳу нақлиёт дифоъ карда, дастовардҳои илмиашонро дар истеҳсолот татбиқ менамоянд. Ҳамзамон, олимону омӯзгорони соҳаи нақлиёту роҳи донишгоҳи техникӣ дар амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории рушди комплекси нақлиёт, аз ҷумла, корҳои лоиҳакашӣ, сохтмону таҷдиди роҳҳо, ташкилу идора намудани фаъолияти нақлиёти кишвар, татбиқи қонуниятҳои логистикаи нақлиётӣ  иштироки фаъол дошта саҳми арзанда мегузоранд.

Барои боз ҳам бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ намудани вазифаҳои муайянгардидаи соҳаи комплекси нақлиёт дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар замминаи факултетҳои менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва нақлиёт тамоми чораҳои дахлдорро андешида, заминаи моддию техникӣ ва барномаҳои таълимиашро дар ҳошияи талаботҳои муосири соҳа ва иқтисодиёти кишвар пайваста мутобиқ мекунонад.

 

Азимов Пулод – декани факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.


Назад к списку