ТАШАБУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ

 31.12.2021

Раванди марҳилаҳои гуногуни чанд даҳсолаи охир бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзун гардидани газҳои гулхонаӣ дар муҳити атроф шароити буду боши олами ҳастиро мураккаб намуда, ба тавозуни меъёрҳои қабатии ҳаётии инсон монеаҳои навинро эҷод намуд. Айни замон масъалаҳои экологӣ дар ҷаҳон ба мисли гармшавии ҳавои атмосфера, боришоти барфу борон, обшавии пиряхҳо, таҳдиди раъду барқ ва кам гардидани ҷангалу сӯхтори бешазор хавфи биёбоншавии заминҳоро ба миён оварда, тамоми аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сол муқаддам ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиат карда, чунин баён намуда буданд, ки ”Тоҷикистон кишвари ҳамаи мову шумо, якто ва беҳамтост, он Ватани гузаштагон, имрӯзиён ва ояндагони мост. Биёед, сарзамини худро эҳтиёт кунем, ҳар дарахту ҳар гиёҳу бутта ва ҳар ваҷаб хоки он бояд барои мо азиз бошад! Мо бояд аз он шукрона кунем, ки ҳамин обу хоки бафайз ва ҳамин табиати босаховат дар мушкилтарин рӯзҳои ба сарамон омада баракату раҳматашро аз мо дареғ надошт”.

Дар радифи ҳалли масъалаҳои экологӣ ҳадафи асосии Сарвари давлат он аст, ки дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мо ба бартарафсозии мушкилоти монеаҳои экологӣ муваффақ гардем. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ доир ба масъалаи ҳифзу беҳдошти муҳити зист борҳо таъкид карда, ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирӣ ва мутобиқгардонии бахшҳои гуногуни муҳити табиӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим даъват намудааст.

Дар ин замина, санаи 30-юми ноябри соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар нишасти Сарони кишварҳои ҷониби конвенсияи тағйирёбии иқлим дар шахри Париж зикр намуд: “Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд”.

Таҷрибаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳо ҳамчун мактаби пешқадам мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, ки ин тадбир боиси ифтихору эътибори миллати сарбаланди мо мебошад. Илова бар ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба Панели сатҳи баланди роҳбарони кишварҳои ташаббускор интихоб намуд.

Албатта, дастоварди чунин комёбиҳои арзишманди сатҳи олӣ мақому манзалати моро дар симои Пешвои муаззами миллат боз ҳам устувортар гардонида, ҳар яки моро водор ба он месозад, ки маърифати экологии худро боз ҳам устувортар намуда, амаликунии онро шиори доимии худ намоем.

Изатуллозода Ф.И., Ботуралиев Х.Ш. – ассистентони кафедраи “БФИ ва Э”.


Назад к списку