ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ МАСЪАЛАҲОИ САРҲАДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 07.02.2022

Муносибатҳои байналмилалии муосир дар ҳоли шаклгирии сифатан нав қарор дошта, дар он ду ҷанбаи калидӣ, яъне тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва зарурати таъмини амният нақши муҳим доранд. Татбиқи ин ҷанбаҳо дар сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама ба пешбурди сиёсати сарҳадии давлатҳо алоқамандӣ дорад. Равандҳо, гуногуншаклии ҳамкориҳо дар соҳаи сарҳадӣ, имкониятҳои муайянро барои рушди алоқаҳои ҳамшарикӣ ва дӯстона миёни давлатҳои ҳамсарҳад ба вуҷуд меоранд.

Раванди марзбандии ҳудуди Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар замони Шӯравӣ аз тарафи Ҳокимияти ҳамонвақта амалӣ шуда, дорои баъзе махсусиятҳое гардид, ки то имрӯз ба раванди ҳалли масъалаи мазкур таъсири манфӣ мерасонанд. Маҳз мушкилиҳои ҳудудӣ-марзӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо баъди ба даст овардани истиқлолият дар маркази сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя қарор гирифтанд. Таърихи марзбандии сарҳадҳои Тоҷикистон бо Хитой ва Афғонистон асосан дар давраи Россияи подшоҳӣ дар натиҷаи сиёсати мустамликавӣ ва рақобати геополитикӣ дар Бадахшон амалӣ гардид. Баъди забти Осиёи Миёна, рақобати геополитикӣ аз як тараф, миёни Россия ва Хитой аз тарафи дигар, миёни Россия ва Англия шиддат ёфта, дар раванди тақсимоти доираи нуфуз миёни ин давлатҳо, заминаҳои ташаккули сарҳадҳои имрӯзаи Тоҷикистон бо Хитой (тавассути қаторкӯҳҳои Сарикӯл) ва Афғонистон (тавассути дарёи Панҷ ва қаторкӯҳҳои Вахон) гузошта шуданд. Омили сарҳадӣ дар робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон вобаста ба ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии минтақа нақши муҳим дошта, мушкилии ҳамкориҳои фаромарзии кишварҳои ҳамҷавор бо назардошти вазъи сиёсӣ-ҳарбии Афғонистон дар он зоҳир мегардад, ки таъсири хатару таҳдидҳои муосир ба суботи давлатҳои Осиёи Марказӣ маҳз аз пойдории сарҳади ҳар ду давлат вобастагӣ дорад.

Дурнамои ҳалли мушкилиҳои ҳудудӣ-марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста ба низоъҳои наздисарҳадӣ душвор гардида, дарёфти роҳҳо ва усулҳои пешгирии бархӯрдҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҳудудҳои баҳснок вазифаи калидии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дастгирии робитаҳои байниминтақавӣ ва ҳамкориҳои фаромарзӣ нақши калидӣ дошта, кишварҳо дар роҳи дарёфти усулҳои умумии манфиатбори ҳалли мушкилиҳои ҳудудӣ-марзӣ қарор доранд.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз миёни сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон мавҷуд аст, ин мушкилиҳо, пеш аз ҳама дар убури ғайриқонунии сарҳад аз тарафи дастаҳои ҷиноии қочоқбар ва гурӯҳҳои ҷосусии кишварҳои бадхоҳ зоҳир мегардид. Қариб тамоми вохӯрии онҳо бо сарҳадбонон ба бархӯрди мусаллаҳона ба анҷом мерасид. Хусусияти дастаҳои мазкур дар он зоҳир мегардид, ки агар аз як тараф, онҳо ба қочоқи молу маҳсулот ва интиқолу фурӯши маводи мухаддир даст зада, ба аҳолии наздисарҳадӣ фишор меоварданд ва аз тарафи дигар, дар байни онҳо ҷосусони кишварҳои бадхоҳ ҷой дошта, вазъияти ноҳияҳои наздисарҳадиро таҳқиқ карда, нисбат ба сарҳадбонон амалиёти гуногуни иғвоангезонаро анҷом медоданд. Мушкилоти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон – на танҳо барои худи Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа гардид, зеро сарҳади давлатҳо ба хати мусаллаҳона табдил ёфта, тақсимоти субъективии сарҳади давлатӣ боиси сарчашмаи низоъҳои ҷорӣ гардид. Дар ин маврид, бояд гуфт, ки пойдории сулҳи устувор дар Тоҷикистон бо вазъияти дохилии Афғонистон алоқаманд буд. Бо гузариши ҳукумати Кобул ба зери назорати “Толибон” низои дохилии Афғонистон ба маҷрои нав равон гардид. Барои Тоҷикистон хатари паҳн гардидани терроризм, ифротгароии динӣ ва қочоқи маводи мухаддир возеҳ гардид. Дар баробари ин, табдили Афғонистон ба яке аз марказҳои терроризми байналмилалӣ ва истеҳсоли маводи гуногуни мухаддир ба мавҷудияти Тоҷикистони соҳибистиқлол хатар дошт. Бинобар ин, ҳанӯз соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 54-уми Ассамблеяи Генералии СММ бо иқдоми ташкили камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон баромад намуд. Ба зиддиятҳои дохилидавлатӣ нигоҳ накарда, дар солҳои 90-ум раванди ҳалли мушкилиҳои сарҳадӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба самти муайян равона карда шуд. Дар баробари ин, Душанбе макони гузаронидани музокираҳои байналмилалӣ барои дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли низои Афғонистон гардида буд. Баъди воқеаҳои 11-уми сентябри соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли раванди танзими вазъияти дохилӣ ва барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Афғонистон гардид. Аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ (октябри соли 2001), қариб 60% тамоми кумакҳои башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳолии Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон расонида шуданд.

Инкишофи раванди тавсеаи истеҳсоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дошта, қаламрави кишвар дар маркази чорроҳаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир қарор дорад ва ҷинояткорон дар сарҳади давлатӣ ба сарҳадбонони тоҷик пайваста фишор меоранд. Дар баробари ин, даромад аз фурӯши маводи мухаддир ба манфиати гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ истифода мегарданд. Ин омил фаъолнокии гурӯҳҳои мазкурро таъмин намуда, хатари терроризм ба сарҳади Тоҷикистон ва умуман ба минтақа бештар мегардад.

Инкишофи муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо назардошти манфиатҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву башардӯстона халқҳои минтақа барои идомаи робитаҳои нек ва ҳамсоягии хуб манфиатдор мебошанд. Дар ин раванд, муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маҷрои анъанавии худ равона мебошад. Ҳар ду кишвар омодагии ҳамаҷонибаи худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд иброз менамоянд. Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз қаторкӯҳҳои пушти Олой оғоз гардида, тавассути қаторкӯҳҳои Олой, Зарафшон, Туркистон ва сипас то водии Фарғона дар нуқтаи васли сарҳадҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тӯл мекашад.

Яке аз сабабҳои моҷароҳои ба вуқуъпайваста аз он далотат медиҳад, ки бо сабаби муайян набудани баъзе нуқтаҳои хати сарҳадӣ, хусусияти кӯҳии марз, душворгузар будани он ва мавҷудияти ҳудудҳои тоҷикӣ дар қаламрави Қирғизистонро шарҳ додан мумкин аст. Аз ин хотир, мушкилии масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар баҳсҳои ҳудудӣ зоҳир мегарданд, зеро дар қаламрави Қирғизистон ҳудуд ва заминҳои Тоҷикистон тавассути ҳудуди Қирғизистон иҳота шуда, ҳалли масъаларо мушкил мегардонанд.

Вобаста ба ин, як қатор самтҳои ташвишовар ба назар мерасанд, ки танзим намудани онҳо ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ду кишвари ҳаммарз такони нав хоҳад бахшид:

-дар навбати аввал ин масъалаи рушди алоқаҳои коммуникатсионӣ ва транзитӣ ба ҳисоб меравад. Зарурати инкишоф бахшидан ба ҳамкориҳо дар ин соҳа, бар он асос меёбад, ки ҳар ду давлати ҳамсоя кишварҳои кӯҳсор ба шумор рафта, роҳҳои нақлиётӣ ва транзитӣ – воситаи асосии коммуникатсиониро ташкил медиҳанд;

-дар навбати дуюм, густариши ҳамкориҳо дар самти сохтмони роҳҳои нақлиёти автомобилгарди хислати маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалидошта қарор мегиранд ва ин ҳолат метавонад иқтидори транзитии кишварҳоро беҳтар намояд. Ба истифода додани роҳҳои автомобилгарди транзитии зерин коркард ва ба мувофиқа расонида шаванд: “Душанбе – Ҷиргатол – Қарамиқ – Саритош – Иркештам”; “Душанбе – Ҷиргатол – Қарамиқ – Дороот – Қӯрғон – Қизилкия – Хуҷанд”; “Хуҷанд – Конибодом – Исфара – Актурпак – Қадамҷой – Ош – Саритош – Иркештам”; “Ош – Саритош – Қизил-Арт – Мурғоб – Хоруғ”.

-дар навбати сеюм, мушкилиҳои истифодабарии сарватҳои обӣ ва заминҳои наздисарҳадӣ дар нуқтаҳои баҳсноки водии Фарғона мебошад, ки ҳалли одилонаи худро талаб менамоянд. Ба таъхир гузоштани раванди танзими масъалаҳои мазкур метавонад низои васеъ миқёси байнидавлатиро ба вуҷуд оварад ва ин мушкилиҳо ҳатто аз ҷониби кишварҳои сеюм метавонанд ба сифати фишанги фишор дар минтақа истифода карда шаванд.

Барои тақвият додани густариши ҳамкориҳои сарҳадӣ миёни вилоятҳои Суғд ва Ботканд риояи меъёр ва усулҳои байналмилалӣ оид ба эҳтироми тамомияти арзӣ ва дахолатнопазирии сарҳади давлатӣ ва санадҳои шартномавӣ-ҳуқуқии байнидавлатӣ ба назар гирифта шавад. Инчунин, эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва ҳалли ҳама гуна ҳолатҳои нохуш дар асоси риояи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ нигоҳ дошта шавад. Боиси таассуф аст, ки дар баъзе мавридҳо ҷониби Қирғизистон мушкилиҳои сарҳадиро чун фишанги фишор нисбат ба Тоҷикистон истифода намуда, вазъиятро дар сарҳади кишварҳо ноором сохта, ҳаракати аҳолӣ, мусофирон ва воситаҳои нақлиёт боз дошта мешаванд, ки дар натиҷа, байни аҳолии наздисарҳадӣ ва сарҳадбонон нофаҳмӣ ва бархӯрдҳо ба вуҷуд меоянд. Имрӯз давлатҳо дар самти рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, равандҳои ҳамгироӣ, анҷоми лоиҳаҳои муштарак ва таъмини амнияти минтақавӣ манфиатдор мебошанд. Аз ин рӯ, дастгирии алоқаҳои наздик барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ-транзитӣ (эҳёи Роҳи абрешим), коркард ва сохтмони шоҳроҳҳо ва долонҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ (TRASEKA), бунёди неругоҳҳои барқиву обӣ ва интиқоли қувваи барқ (CASA-1000), танзими масъалаи истифодабарии сарватҳои обии минтақа (Фонди наҷоти баҳри Арал) ва таъмини амнияти минтақавӣ бо назардошти вазъи геополитикӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир манфиатдор мебошанд.

Раҳимов Ҷ.Б. – декани факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Назад к списку