Маориф як сутуни устувори ҷомеа ба шумор рафта, дар ҳар давру замон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлат қарор дорад. Пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии зич доранд. Бесабаб дар кишвари мо рушди ин соҳаро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надодаанд. Зеро пойдевори асосии рушди соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Гарчанде бо сабабҳои объективӣ ва суъективӣ ба пешрафти соҳаи маорифи кишвар монеаҳо гузошта шуд, вале сиёсати маорифпарварона ва талошҳои бевоситаи Пешвои миллат боис гардид, ки дар 30 соли Истиқлолият ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Ва мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмиллалӣ дар самти дастрасӣ ба таҳсил дар панҷгонаи аввал қарор гирифтааст.
Масъалаи маориф дар ҳар Паём яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ буда, мавриди таҳлилу баррасии дақиқ қарор мегирифт. Аммо дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат ба ҷуз таҳлилу баррасӣ ба масъалаи сифати таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Пешвои миллат заикр намуданд, ки: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Сарвари давлат бо такрор дар мавзӯи рушди соҳаи маориф ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ сухан намуда ҷиҳати ҳал ва бартараф намудани норасоӣ ва камбудиҳои соҳа супоришҳои мушаххас доданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқа шумораи иншооти маориф ва мактабҳои сохти нав бунёд гардиданд, ки хонандагони аксари онҳо Тоҷикистонро дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Илова ба ин тадбирҳо Сарвари давлат қайд карданд, ки: “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад”.
Бевосита дар рушди соҳаи маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нақши омӯзгорон хеле арзанда аст. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар Паём зикр шуд, ки: “Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад.
Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад”.
Агар дар маҷмуъ пандемияи коронавирус ба иқтисодиёт зарарии ҷиддӣ ворид карда бошад, аз сӯйи дигар баъзе шаклу услубҳои нави корӣ ва таълимиро такони ҷиддӣ бахшид, яке аз онҳо ин “таҳсилоти рақамӣ” (цифравое обучения ё Digital Learning) мебошад. Ин шакли таҳсил имрӯз самараи худро дода истодааст.
Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи ҷавонон ва насли наврас вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷро он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф аст. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор садоқату самимият, масъулиятшиносиву кӯшиши даҳчандро талаб менамояд.
Пешрафти ояндаи давлат аз кори омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии калон дорад.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ ба идораҳои дахлдор супориш доданд, ки сар: “Аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад”.
Умед аст, ки ин иқдому дастгириҳои давлат ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълим таъсир хоҳанд расонд.
Омӯзгорон ҳамчун субъектони раванди таълим метавонанд дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии кишвар саҳми муносиби худро гузоранд. Ва яке аз масъулиятҳои омӯзгор новобаста аз фанну касбаш тарбияи дуруст, меҳр ба ҳалқу Ватан ва миллатро дар рагу пайванди хонанда ҷой кардан аст, зеро мо ҳама дар як киштӣ нишастаем, аз ҳар гӯшае, ки сӯрох шавад, дар ниҳоят ҳама ғарқ мешавем. Махсусан дар шароити буҳрони глобалӣ ва шиддат гирифтани рақобати абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кардани донишҷӯён ва баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо бисёр муҳим мебошад.
Бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони худогоҳ рушди минбаъдаи давлат дар арсаи байналмилалӣ самарабахш нест.
Бинобар ин Пешвои миллат дар Паёми хеш ба масъалаи омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ махсусан ёдовар шуданд, ки: “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем.
Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.
Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.
Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чӣ духтару чӣ писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.
Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.
Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад”.
Яъне ба андешаи Сарвари давлат забондонӣ ва соҳибкасб будани шахс сабаби на танҳо пешрафту ободии ҷомеа, балки омили неку гаштани сатҳи зиндагӣ ва эътибори худи шахс дар ҷомеа мегардад. “Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд”.
Пешвои миллат дар ин Паём ба масъалаи мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва тақвият бахшидани қобилияти эҷодии ҷавонон таъкид намуда, аз масъулин ҳар чӣ ҷоннок кардани ин корро тақозо намуданд. Озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” самараи ин иқдомҳо мебошанд.
Масъалаи дигаре, ки ба сифати таълиму тарбияи насли ҷавон таъсири амиқ дорад, ин робита байни волидон ва муассисаи таълимӣ мебошад. Маҳз бо ин мақсад чанд сол пеш дар ҷумҳурӣ Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид, ки то падару модар бо масъулияти баланд дар рушду такмили фарзанди хеш фаъолона иштирок варзанд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки волидон шароите муҳайё созанд, ки чӣ духтар ва чӣ писар илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва онҳо дар ин раванд “назоратчӣ” нашуда, балки саҳмгузор бошанд. Таълиму тарбияро танҳо ба дӯши мактабу донишгоҳ, омӯзгору муаллим нагузошта, дар робитаи зич бо омӯзгорон барои тарбияи фарзанди хеш нақши фаъол дошта бошанд.
Хулоса, соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию ҷамъиятӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот барои омода кардани кадрҳои баландихтисос таъсири бевосита мегузорад.
Сироҷиддинзода М.М.
и.в. дотсент, ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.