ДАР ВАСФИ НАВРӮЗ

 18.03.2022

Чакидаҳо аз суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Ҷашни Наврӯз

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҷашни баробарии инсоният, ойини дӯстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҳамчун рамзи пайванди табиату инсон, нишонаи баробар гардидани шабу рӯз ва оғози корҳои саҳроӣ дар ҷисму қалби мардуми офарандаи мо абадан макон гирифта, барои имрӯзиён чун ойини эҳёгару созанда аз қаъри асрҳо паём мерасонад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накукориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар месозад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба

ҳар фард аз рӯзи неку зиндагии беҳин мужда мерасонад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҷашни инсони некманиш ва таҳаммулгаро буда, бо фарорасии он одамон кинаву адоватро аз дилҳо дур меандозанд, ба покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, ба беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа мепардозанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯйи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва, ниҳоят, Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз аз замони асосгузори он – Ҷамшеди Пешдодӣ – то имрӯз аз зебоиву накуӣ, бузургдошти инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ саршор мебошад. Гузашта аз ин, Наврӯз беҳтарин нишонаи ваҳдати инсону табиат буда, аз ғояҳои ҷовидонаи сулҳу сафо, ростиву накукорӣ, зебоипарастиву инсондӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ сарчашма мегирад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва, аз нигоҳи илмӣ, дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рӯз, яъне эътидоли баҳорӣ, аст, ки онро ҳанӯз Умари Хайём ҳазор сол пеш аз ин дар тақвими солшумории хуршедии худ исбот карда буд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз барои миллати тоҷик амсоли китоби муқаддасест, ки он таҷассумгари андеша, фалсафа, суннат, орзуву ормон, тафаккури таърихӣ, сиришти маънавӣ ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз мунодии сулҳу дӯстӣ, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият аст. Тароват ва зебоиҳои Наврӯз басо ҷаззобу муассиранд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рӯзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва, бо расидани он, рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба

тан мекунанд ва дар рӯҳу ҷони одамон гардише падид меояд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил намуда, гузаштагонамон онро ҳамчун оғози соли нав, ҷашни баҳор ва бедории табиат таъбир кардаанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ойини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи беш аз чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба

насл гузашта, то замони мо расидааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст. Он бо нури гарму равшани хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю деҳ ва касабаву шаҳр мавҷ мезанад, болупар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ба сифати беҳтарин ҷашни миллии мардуми Шарқ таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳро тарғиб менамояд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Мо аз он хушбахтем, ки тамоми халқҳои Осиёи Миёна дар рӯзи ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Мақом ва эътибори Наврӯз то андозае баланд аст, ки ҳаёти бисёр ашхоси таърихиро ба он марбут донистаанд. Ин нукта худ рамзи хуҷаставу муборак будани ин ҷашни бостонист.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли зиндагии ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва, чун ҷашни муждаи рӯзи нав, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз воқеан рӯҳи солим дошта, дар ойини мардуми мо сароғози зиндагии нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ба шумор меравад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо, на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Мо бояд рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии худро бори дигар эҳсос намуда, ҳувияти миллӣ ва ҳисси худшиносии ҳар як сокини ҷумҳуриро дар заминаи Наврӯз ва дигар расму ойинҳои ниёгон таҳким бахшем, аз истиқлолияту давлатдории миллӣ воқеан ифтихор кунем, бунёдкориву созандагиро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил диҳем.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯзи оламафрӯз хонаву кошонаи мардуми моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди одамон поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайванди наслҳо, робитаи гузаштаву имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррам мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Посдории расму суннатҳои наврӯзӣ беҳтарин василаест, ки ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина соф мегардад ва онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он иртиботи ногусастанӣ дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро бо тантана ҷашн мегирад. Тоҷикон ифтихор мекунанд, ки ниёгонашон сарчашмадори ин ҷашни бузург будаанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Фазилати Наврӯз – ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат – аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Аз муҳтаво ва мундариҷаи ин суннати наврӯзӣ равшан ҳувайдост, ки, пеш аз ҳама, он симои Наврӯзи хуҷастаро чун ҷашни гармиву бедорӣ ва накукориву хайрандешӣ нишон дода, мардумро ба саховатмандӣ ва дастгирӣ кардани шахсони ниёзманд даъват менамояд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Шукӯҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошанд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар давоми таърихи беш аз панҷҳазорсола ва роҳи пуршебу фарози хеш мазмуни амиқу васеи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо ватани Наврӯз аст ва дар сарзамини мо тантанаҳои наврӯзӣ, ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруи тоза мебахшанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум, мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Дар фалсафаи Наврӯз амали созандаву офаранда чун нахустунсури фаъолияти инсон шинохта мешавад, ки ҳунари кишоварзӣ баёнгари возеҳтарини он мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз – бо ин ҳама ойинҳои неку ибратбахши худ – ҳамчун паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо ба мардум накуиву зебоӣ ва хушиву хурсандӣ ато мекунад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои мардумӣ ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсози мо ба ҳисоб рафта, аз фарорасии фасли зебои баҳор ва оғози баракати сол мужда медиҳад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Тамоми ойинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ доранд, имрӯз низ барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Яке аз суннатҳои неки наврӯзӣ шод гардонидани кӯдакону наврасон аст, ки мардуми фарҳангпарвари мо аз қадимулайём ин таомулро бо эҳтироми хоса ба ҷо меоварад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум, доир мегардад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва, дар маҷмуъ, ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз, ки маҷмӯае аз андӯхтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагиву рӯшноӣ, некиву накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунанд, машҳури олам гардидааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Моро зарур аст, ки таърих ва анъанаву суннатҳои Наврӯзро ҳарчи бештар ва амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти ҷаҳон густариш бахшем ва паҳлуҳои неки инсонгароёнаву умумибашарии ин ойини фархундаро дар олам тарғиб намоем.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯзи ҷаҳонӣ, мисли адабиёту фарҳанг, хусусият ва сиришти инсонгароёна дошта, ба кас неруву шодмонӣ, хушиву хушбахтӣ мебахшад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷаҳонишавии Наврӯз мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки, дар баробари ифтихор кардан, инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намуда, ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек – таҷассум ёфтааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон, дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз имрӯз – дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ – тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз устураҳои ориёӣ сарчашма мегиранд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо аз қаъри ҳазорсолаҳост, ки накутарин ва зеботарин ойини будану зистанро ба мардум талқин мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёди аҷдодӣ оромишу осоиш, эҳёву созандагӣ, назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳуму тавозун ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат таҷассум ёфтаанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Бо омадани Наврӯз табиат зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, ҳаракат ба оромӣ ғалаба мекунад ва марди деҳқон бо умед ба замин донаи ризқ мепошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз падидаест, ки ҷаҳони маъниро дар худ нуҳуфта ва розҳои фалсафии он ковишу таҳқиқоти амиқро тақозо доранд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар зоти худ шинохти ақлӣ ва сиратии инсон аз низоми малакутӣ ва табиии ҷаҳон аст. Назму низоме, ки дар шинохти ориёиҳои бостонӣ бар мабнои ростӣ, некӣ, озодагӣ, эътидол ва созандагӣ устувор аст ва маънии воқеии ҳастии инсонро таъин менамояд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва, дар маҷмуъ, фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа буда, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳати инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонианд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар низоми ҷомеа ва фаъолияти миҷтимоии инсон асли эътидолро чун асли бунёдӣ ва мизони возеҳ арзёбӣ намудааст. Наврӯз аз сароғоз шаҳсутунҳои ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас ва муайян намуд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷовидонагии Наврӯз ба ҳайси қадим тарин ҷашни зиндаву пойдори ҷаҳон дар пайванди ногусаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон – зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ ва, бахусус, камоли маънавии инсон аст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Бузургдошти Наврӯз, умуман, бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моротаҷассум менамояд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ва суннату ойинҳои он як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз мебошад. Аз ин рӯ, пос доштани Наврӯз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, чун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз бо обу хок ва марзу буми аҷдоди мо, бо рӯҳи зиндагисоз, фаъолияти созанда ва эҳсоси ватандориву хештаншиносии мардуми мо пайванди ногусастанӣ дорад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз барои халқи мо чун ҳалқаи пайвандсози таърихӣ хизмат карда, дар тӯли умри чандинҳазорсолаи миллатамон тану ҷони онро қуввату қудрати тоза бахшидааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Фарҳанги Наврӯз дар назди башарият масъулиятҳои ҷиддиеро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ гузоштааст. Мову шумо ҳамчун меросбарони ин фарҳанги бузург бояд дар амалӣ сохтани орзуву омоли наврӯзӣ ибтикороти созанда нишон диҳем.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Дар тӯли қарнҳо фалсафа ва фарҳанги наврӯзӣ, ки таҳаммулгароӣ ва дигар арзишҳои волои инсониро дар худ ғунҷонидааст, ташаккул ёфта, пос доштани чаҳор нахуст унсури зиндагии башар – обу замин ва оташу бодро дар мадди аввал қарор дод.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Зуҳури Наврӯз ба воқеаву устураҳои бузурги кайҳониву ҳамосие мепайвандад, ки ба сарнавишти ҳамаи фарзандони Ҳазрати Одам алоқамандӣ доранд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Фарҳанги Наврӯз моро ҳидоят мекунад, ки, дар навбати аввал, роҳҳои иртибот ва коммуникатсияро дар дохили кишварҳоямон барқарор кунем ва онҳоро такмилу инкишоф бахшем ва, ба ҳамин васила, теъдоди ҳарчи бештари омилҳои ҷудоиро дар байни миллатҳо ва давлатҳои ҳавзаи наврӯзӣ аз байн бардорем.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Фарҳанги маърифатпарваронаи Наврӯз ҳамчунин метавонад барои тавсеаи ҳамкориҳои наздик дар соҳаҳои иттилоот, маориф, фарҳанг ва иҷрои тарҳҳои муштараки илмӣ дар бахшҳои мухталиф мусоидат расонад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз рамз аст, рамзи навсозӣ ва тоҷикон дар ин маврид мегӯянд: «Соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост».

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ин ҷашни бостонии ниёгони мо рамзи абадияти зиндагӣ, эҳёи табиат ва покии инсон буда, барои мо, тоҷикон, басо муқаддас ва гиромӣ мебошад. Зеро фарҳангу ойинҳои ориёии мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои наврӯзӣ ва сарнавишти миллати мо пайванди ногусастанӣ дошта, дар дилу дидаҳои мардуми мо ҷой гирифтаанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Маросимҳои наврӯзии мардуми тоҷик ҷолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи истиқлолият аст, ки Наврӯз дар саросари Тоҷикистон бо тантанаҳои бошукӯҳ баргузор мегардад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар Тоҷикистон дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши истиқлолияти давлатӣ ба муҳимтарин ҷашни миллӣ ва мардумӣ табдил ёфтааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯзи Тоҷикистон Наврӯзи даврони истиқлол, паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз, ки таҷассумгари некиву накукорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ ва созандаги ву бунёдкорӣ мебошад, ҳоло ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадим ниёгони мо бо нияти нек ва ормони олӣ ҷашнеро асос гузоштаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, таҳаммулгароӣ, покиву садоқат, зебоиву нафосат ва бедориву заҳмат мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз зиндатарин ҷашне дар рӯйи Замин буда, воқеан ҳам омадани соли навро ба кураи он ва сабзиши ҷадиди ҷаҳонро башоратгар аст. Ин ҷашн ҳар сол як мароти ба чун бедориву эҳёи табиат фаро расида, бо ҳар равияи ғоявию фарҳангие, ки дар тӯли таърих рӯ ба рӯ шудааст, созгор омадааст ва боз ҳам зеботару ғанитар гаштааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо, ба монанди забони модарӣ, ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро, чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Хусрави Парвизу Борбад, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ, аз нав эҳё намуд ва мазмуну шукӯҳи тоза бахшид.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангиимо – тоҷикон – аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд. Бояд зикр кард, ки тибқи донишу таҷрибаи онҳо дар асрҳои бостонӣ фаслҳои солро ба давраҳои гармо ва сармо тасниф менамуданд. Ин ду фасли сол, яъне гармо – тобистон – аз ҳафт моҳ ва сармо – зимистон аз панҷ моҳ иборат буданд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз айёмест, ки хурду бузург пероҳани наву тоза ба бар намуда, рӯҳу ҷонро тоза карда, ғубори кудуратро аз дилҳо берун намуда, бо қалби поку ниятҳои нек гирди дастархони ҳафтсину ҳафтшин давра меороянд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ки гувоҳи аз ҷониби мардумони мо бо камоли эҳтирому эҳтиёт то замони мо расондани ин ҷашни зебои ниёгон аст. Расму ойини наврӯзӣ бо покию беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеа низ пайванди сахте дорад. Ин асл аз замони бостони мардумони мо сарчашма гирифтааст, ки пиндору гуфтору рафтори нек тақозои ҳатмии зиндагии эшон будааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешаванд ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруву илҳоми тоза ато мекунад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас, оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне Наврӯз оғозгоҳи мардуми фарҳангии мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад.

Чунонки аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ бармеояд, пайдоиши Наврӯз ба замони Ҷамшед марбут буда, панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи хуҷаста, пешонии сол ва ҷашни шодиву нишот таҷлил мегардад. Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯйи рӯзгори бехушунат, сулҳу субот ва кӯшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз ёдгори барҷаста ва бошукӯҳи зиндамондаи мардуми ориёинажод аст, ки собиқаи беш аз панҷҳазорсола дорад ва яке аз ҷашнҳои бисёр куҳани ҷаҳон ба шумор меравад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрӯз – ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани офтоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ – бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин аз канораҳои Вароруд то Халиҷи Форс ҷашн гирифта мешавад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз на танҳо ҷашни миллии мо, балки ҷашни умумибашарист, зеро фасли зебои баҳор ва нав шудани сол барои тамоми инсонҳо яксон меояду хушҳолӣ меорад ва ба онҳо рӯҳи тоза бахшида, ба соли нав омода месозад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз, дар баробари забони модариамон, барои мо аҳамияти таърихиву миллӣ дорад ва мо онро бояд ҳамчун шиносномаи миллати худ дониста, таҷлил намоем.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҷашни табиат буда, робитаи инсонро бо мавҷудоти олам пайванд месозад. Ва баракату фаровонӣ аз фазилатҳои неку писандидаи ҷашни баҳор аст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз яке аз ҷашнҳо ва суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷик мебошад, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Истиқлолияти давлатӣ – ин саодати ҷовидона, – ки дар масири ҳазорсолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷикон насиб гардид, ба таҷлил пуршукӯҳу шаҳомати хоси иди муқаддаси ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз, Наврӯзи ормонҳои навин – шароити мусоид фароҳам овард.  Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, шукрона кунем ва аз истиқлолияти давлати хеш, чун бахти безаволи миллат, ифтихор дошта бошем.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз, илова бар арзишҳои зикршуда, ҳамчунин ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардуми мо, мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз сазовориву шоистагии ҳама гуна хушҳоливу шодиро дорад. Чунки бузургони гузаштаи мо дар ин маврид гуфтаанд: «Ҳар кас, ки талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад».

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз яке аз ойинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва, муҳимтар аз ҳама, мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврӯз – ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав – ба таърихи бисёр халқу миллатҳои ҷаҳон ворид гашта, ҳаёти онҳоро рангу таровати тоза бахшидааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз моломоли зебоиву накуӣ буда, бузург доштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ ҷузъи ҷудонапазири он будааст. Бинобар ин, фасли баҳорро арӯси сол ва Наврӯзро зебу ҷалоли он гуфтаанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ мебошад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Мо, ворисони тамаддуни ориёӣ, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба киштукори баҳорӣ, шинонидани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шурӯъ менамоянд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯзи Аҷам аз даврони бостон то ба имрӯз – чун ҷашни Соли нави миллӣ ва тантанаи ваҳдати инсону табиат – дар дили мардум беҳтарин орзуҳои созандагиро бедор карда, бо қудуми худ ҳар сол ба хонадони мо хушҳоливу шодмонӣ ва файзу баракати тоза меорад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ойинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз аз оғози зуҳураш иди воқеии кишоварзон мебошад, ки нақши он, пеш аз ҳама, дар шудгори замину пошидани донаи умед, шинондани ниҳолу тоза кардани наҳрҳо, кандани ҷӯю пок доштани манбаъҳои об, ободонии маҳалли зисту тозаву озода кардани хона ва дигар корҳои хайр таҷассум меёбад. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва маънавиёти солим, пиндору гуфтору кирдори нек аст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Кишвари мо – Тоҷикистон – сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯйи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ниёгони мо расму ойинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастурхони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои Фалаку Шашмақом, ҷуфтбарории деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ дошта, аз файзи истиқлол ба он шукӯҳу шаҳомати хоса афзудааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон худ Наврӯзи таърихи навини мамлакати мо буда, аз баракати марҳалаи пайгиронаи бунёдкориву созандагиҳо баҳори шукуфтани ғунчаҳо ва айёми ҳосил фаро мерасад.

Ниёгони хирадманди мо тамоми расму ойинҳои наврӯзиро, ки аз баробар шудани шабу рӯз ва эҳёи табиат оғоз меёбанд, ба хотири бузургдошти ғояҳои инсонпарваро наи миллӣ ва умумибашарӣ ҷорӣ ва ҳифз кардаанд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки дар давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Шукри истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ки аз баракати онҳо дар кишвари мо баргузории ҷашни Наврӯз ва эҳёи суннатҳои он ҳусн ва рушди тоза гирифта, ба иди умумимиллӣ ва умумихалқӣ табдил ёфт. Яъне Наврӯзи бостонии мо аз фишори сиёсати даврони гузаштаи таърихамон, ки онро бо ҳар баҳона расму ойини куҳна ва нодаркор эълон карда буд, тадриҷан раҳида, мақоми шоиста ва ҷойгоҳи сазовори худро соҳиб шуд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар таърихи халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва, умуман, халқҳои ориёинажод мақому манзалати хоса дошта, дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон рушду такомул ёфтааст. Вақте ки ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин ойини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Миллати мо Наврӯзро дар давоми асрҳо чун муждаи эҳёи табиат, бедории замин ва оғози киштукор истиқбол мекард ва азизу гиромӣ медошт.Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз – ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод – аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз дошта, бо вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабиён ва ҳангомаҳои мазҳабу минбар, аз насл ба насл то замони мо овардааст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз дар тасаввур ва ойини миллати қадимаи мо ва, умуман, нажоди ориёӣ иди пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ аст.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Аҳамияти иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург аст. Онро танҳо воситаи фароғату истироҳат ё худ шодиву сурур пиндоштан раво нест. Наврӯз нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ, мизони ҳаракати сайёраҳо, вуруди соли нави мардуми ориёинажод мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи давру замон фарорасии Наврӯзро ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизорӣ мекашиданд.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз, ки як иди хеле табиист, на танҳо ба дили мардумони ориёӣ, балки ба қалби халқу миллатҳои дигар ҳам ба таври ҷовидонӣ маскан гирифтааст. Ин яке аз далелҳои равшани нақши тамаддунсози миллати куҳанбунёд ва фарҳангии мост.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст. Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу заминро талқин мекунад.

* * * * * * * * * * * * * * * * * * * * *

Наврӯз сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ ва воситаи муҳими сарҷамъ намудани ҳамаи сокинони кишвар, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу бобарор мебошад.

Гирдоваранда: Самадов Ҳ.Ҳ. – омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.


Назад к списку