Таҷҳизоти газубаллонӣ

 15.04.2022

Таҷҳизоти газубаллонӣ

Яке аз усулҳои имконпазири арзёбии бехатарии таҷҳизоти газубаллонӣ (ТГБ) ин хусусиятҳо ва ҳолати техникии таҷҳизоти технологии истифодашаванда мебошад. Мусаллам аст, ки таҷҳизоти газубаллонӣ доимо дар раванди такмил қарор дорад. Айни замон шаш насли чунин таҷҳизот маҷуд аст [1] [2].

Насли аввали ТГБ соддатарин буда, истифодаи он дар аксари давлатҳо манъ гардидаст. Он аз зарфи нигоҳдории газ, редуктори газ, миксер барои ҳаво ва газ, инчунин абзори ивази сӯзишворӣ (газ ё бензин) иборат аст. Онро пештар танҳо дар автомобилҳои карбюраторӣ ва моно-инжекторӣ насб мекарданд.

Насли дуюм. Насли кӯҳнашуда, ки брои автомобилҳои истеҳсоли асри 21 чандон мувофиқ нест. Система аз  аз зарфи нигоҳдории газ, редуктори электрикӣ, дозатор (электронӣ) ва сенсори миқдори оксиген – ламбдазонд иборат аст. Дозатори он саҳеҳияти баланд надорад, бинобар ин ҳангоми кори муҳаррик ноустуворӣ ҳис мегардад. Танҳо барои муҳаррикҳои инжекторӣ мувофиқ аст.

GBO (1)

Расми 2. Сохти насли якуми ТГБ [1]:

1 — зарфи газ, 2 — мултиклапан, 3 — клапани газ, 4 — редуктор-буғкунак, 5 — миксер, 6 — клапани бензин, 7 — воситаи бо газ пуркунӣ

GBO (1)Расми 3. Насли дуюми ТГБ [1]

 

Насли сеюм. Онро одатан дар автомобилҳое, ки аз Европа оварда шудаанд, мушоҳида кардан мумкин аст.  Система ҳамзамонияти (синхронии) пошдиҳии газро бо истифода аз блоки идоракунии компютерӣ таъмин мекунад. Дозатор ҳаҷми газро бо истифода аз форсункаҳо дар асоси маълумоти сенсорҳои гуногун танзим мекунад (вале на ҳамеша дуруст). Форсункаҳо ҳангоми баланд шудани фишори газ кушода мешаванд.

Насли чорум ин навъи маъмултарини системаҳои ТГБ мебошад. Он дорои системаи пошдиҳии тақсимшудаи газӣ мебошад. Барои аксарияти муҳаррикҳои бензинӣ мувофиқ аст. Таъмини муҳаррик бо сӯзишворӣ хеле дақиқ кор мекунад, яъне шумо метавонед, ҳангоми кори муҳаррик, намуди сӯзишвориро аз газ ба бензин ва баръакс иваз кунед.

 

GBO (2)

Расми 4. Насли сеюми ТГБ [1]

Расми 5. Насли чоруми ТГБ [1]

Насли чоруми плюс. Ин система барои муҳаррикҳое, ки сӯзишворӣ бевосита ба силиндр пош дода мешавад, пешбинӣ шудааст. Он дар муқоиса бо ТГБ 4 принсипи дигари кор дорад. Дар ин ҷо блоки электронии идоракунӣ метавонад ҳамзамон ҳам инжекторҳои газ ва ҳам бензинро идора кунад. Дар натича сузишворй бо таносуби: 80 фоиз газ ва 20 фоиз бензин дода мешавад.

Насли панҷум одатан назар ба насли чоруми ТГБ аз ду маротиба зиёдтар арзиш дорад. Аз ҳамин сабаб маъмул нест. Дар чунин система газ дар ҳолати моеъ ба муҳаррик дода мешавад. Барои ҳамин ба сифати газ талабот хеле баланд аст (дар акси ҳол насоси сӯзишворӣ метавонад вайрон шавад). Инчунин, конденсати ҳосилшуда метавонад кори насоси сӯзишвориро халалдор кунад, ки арзиши он хеле гарон аст. Афзалиятҳои асосии ТГБ 5: талафоти ками тавоноии муҳаррик; муҳаррик ҳатто дар сардии шадид ба кор медарояд, зеро пеш аз ворид шудан ба муҳаррики дарунсӯзӣ газро бухор кардан лозим нест; мембранаи редуктор 2 маротиба зиёдтар хизмат мекунад, система ба системаи электронии идоракунии муҳаррик пайваст шуда, тавассути нармафзори компютерӣ танзим карда мешавад. Дар насли панчуми гази газ таъминоти сузишворй аник ва сарфакорона аст, вале аз сабаби тез-тез вайрон шудани насоси газ насб кардани ин гуна система аз чихати иктисодӣ самаранок нест.

Насли шашум, ин шакли такмилёфтаи насли панҷуми ТГБ мебошад, аммо камбудиҳои асосӣ бартараф нашудаанд. Клапанҳои алоҳида барои бензин ва газ васл карда мешаванд. Насоси газ омехтаи гази моеъро бо фишори аз 7 то 25 бар, ба система медиҳад. Барои дар фазаи моеъ нигох доштани омехтаи пропан-бутан якчанд насос лозим аст. Аз зарф (баллон) ба хати сӯзишворӣ, марҳилаи якуми фишурдашавӣ ба амал меояд. Марҳилаи навбатӣ тавассути насос дар қисмати муҳаррик давом меёбад. Барои таъмини давраи сеюми фишурдашавӣ дар назди ҳар як инжектори бензинӣ насосҳои алоҳида истифода мешаванд. Аз ин рӯ, барои ворид кардани гази моеъ клапанҳои иловагии воридшаванда истифода намешаванд, аммо система инжекторҳои бензиниро истифода мебарад. Дар насли 6-уми ТГБ зарфи сӯзишворӣ (баллон) низ шакли дигар гирифта, якҷоя бо насос меояд ва номи pump inside lpg tank гирифтаст

GBO (2)Расми 6. Насли панҷуми ТГБ [1]

GBO (4)

Расми 6. Насли шашуми ТГБ [1]

 

Бо вуҷуди ҳамаи бартариҳои «газификатсия» таваҷҷӯҳи кам барои гузаштан ба сузишвории алтернативӣ сабабҳои гуногун дорад. Омили муҳимтарини боздоранда, ин масъалаи бехатарии истифодабарии автомобили бо ТГБ ҷиҳозонидашуда мебошад.

Системаи аз ҷиҳати техникӣ дуруст васлгардида, худ аз худ таркида наметавонад. Ҳамаи муассисаҳои насбкунандаи ТГБ барои ҳуқуқи машғул шудан ба ин тиҷорат аз як расмиёти сертификатсия мегузаранд. Эҳтимолияти таркиши автомобилҳое, ки бо газ кор мекунанд, нисбат ба автомобилҳои бо бензин коркунанда камтар аст. Газ, ба монанди буғи бензин, танҳо дар консентратсияи муайян дар ҳаво таркиш мекунад. Буғҳои бензин метавонанд дар консентратсияи на камтар аз 1,5% таркад, аммо газ танҳо дар 1,8-2,4% [3].

 

Адабиёт

1.

Что такое ГБО в автомобиле: расшифровка, виды, устройство, стоит ли устанавливать газобаллонное оборудование [Электронный ресурс] URL: https:/​/​motorist.guru/​tyuning/​gbo-chto-eto-takoe-v-avtomobile.html (дата обращения: 29.12.2021).

2.

Баранник А. Ю. и др. Использование природного газа в качестве топлива для автомобилей-одно из приоритетных направлений по обеспечению экологической безопасности страны //Технологии гражданской безопасности. – 2020. – Т. 17. – №. 3 (65). – С. 21-28.

3.

Сюляргин, В. Г. Ещё бензин, или уже газ… / В. Г. Сюляргин // АвтоГазоЗаправочный комплекс + Альтернативное топливо. – 2008. – № 5(41). – С. 66-67.

 

  Мамадамон Абдулло

e-mail: mamadamonabdullo@ttu.tj

whatsapp: +992934257775


Назад к списку