Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои ҷавонӣ дар ҳамоишу роҳпаймоиҳои мардумии асри гузашта, махсусан дар роҳпаймоиҳои идонаи мардуми Шӯравӣ шиорҳои бешарҳи аз як калима: сулҳ, ваҳдат, истиқлолият, озодӣ ва меҳнат иборат дар назарам бисёру камзарурат менамуд. Баъдтар дарк намудам, ки ин вожаҳои мухтасар ифодкунандаи орзую умеди одамон, рукнҳои бунёдии фаъолияти инсон ва ҷавҳари зиндагии мардум дар ҳамаи давру замонҳо будаанд. Шукри самимона ва ифтихори беандоза аз он, ки бо талошҳои пайгирона ва фаъолияти сулҳофару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳуриамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтавои ин гавҳарҳои вожаҳои мардумӣ ва ҷавҳарҳои зиндгии башарӣ насиби мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам, гаштааст.
Имрӯзҳо, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ба сокинони кишвари азизамон, ки дар фазои сулҳу ваҳдат, илҳому эҷод, ба фаъолияти созандаю ободонӣ баҳри пешрафту шукуфоии ватани азамон машғул мебошанд, мувафаққиятҳои наву бештар, зидагии арзандаю бехтарро орзӯ намуда, таманнои онро мекунам, ки фазои Ватани кучакамон ҳамеша ором ва эмин аз ҳаргуна вирусҳои биологию идеологӣ бошад.
Ман худам шоҳиди бевоситаи бо чи гуна бартарафкунии мушкилиҳои шадиди солҳои 90-ум ба даст овардани фазои мусоиди имрӯза будам. Ҳарчанд, ки бо пошхӯрии сохтори Шӯравӣ, эъломияи сиёсии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст омада бошад ҳам, нигоҳ доштану самаранок истифода кардани он ба душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашт. Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто маънвию фарҳангӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифт.
Нафаре солҳои 90-ум дар рӯзномаи “Известия” кишварҳоро дар ҷаҳони пуртуғёну пурталотуми он давра, ба вазъи киштиҳо дар уқёнуси туфонӣ монанд ҳисобида, қайд намуда буд, ки ҳар чи қадар кишти хурду сабук бошад, аз туфони уқёнус ҳамон қадар бештар осеб мебинад. Бузургии таҳомулпазирии мардуми шарифи Тоҷикистон, нозукбинию дурандешии пешвои миллати он аз он бештар ба назар мерасад, ки тавонистанд заврақи кучаки номаш Тоҷикистонро аз туфони бархурди ҳадафҳои кишварҳои абарқудрат, аз гирдоби макру найрангҳои гуруҳҳои мухталифи ғаразнок, аз ҷараёнҳои бесамти обҳои дохилӣ, берун кашанд ва ба соҳили умед роҳнамо созанд.
Ҳоло барои шинои орому устувори ин заврақи умед дар уқёнуси ноороми ҷаҳони муосир, саҳму талоши тамоми сокинону сарнишинонаш, зарур аст. Дар ҳамин раванд, мехоҳам чанд ҷумлаи писандро дар партави мустаҳкам намудани пояи Истиқлолияту таъмини рушди устувори мамлакат, дар самти таъмини шинои орому устувори заврақи Нуҳи точикон, дар мисоли рушду фаъолияти як ҷузъи ҷудонашаванда кишварамон - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ, ки банда ҳам кормандаш мебошам, ибрози хотири шумо хонандагони азиз гардонам.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки имсол 65 - солагиаш ҷашн гирифта мешавад, соли 1956 ҳамчун Институти политехникии Сталинобод, барои таъмини талаботи иқтисодиёти барқарор шудаистодаи баъдиҷангии РСС Тоҷикистон ба кадрҳои муҳандисӣ, таъсис дода шуда буд. Метавон тазаккур дод, ки ин Муассисаи таҳсилотии дар ҷумҳурӣ навтаъсис, аз ӯҳдаи иҷрои ҳадафҳои дар наздаш гузошташуда бо сарбаландӣ баромад. Солҳои 70-ум ин институт (ки номи Институти политехникии Тоҷикистонро гирифта буд) ба яке аз муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии техникии на танҳо ҷумҳурӣ, инчунин СССР ва барун аз он табдил ёфта, барои кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳам, мутахассисони техникӣ омода менамуд.
Солҳои 80-ум китобчаеро дар бораи аҳамияти рушди илму техника хондам, ки дар он ҳамчун мисоли зарурати рушди илму технология, суханони як шахси олимақоми Бритониёи Кабир солҳои 30-уми асри гузашта гуфта:- “мо барои мустамликаҳоямон асосан мутахассисони соҳаҳои гуманитарӣ омода менамоем. Омода намудани мутахассисони соҳаҳои илм ва технология роҳ ба сӯйи истиқлолият аст”- оварда шуда буд. Намедонам, барои чи ин ибора дар хотираи ман нақш баст ва баъдтар ҳам изҳори ақидаҳои ба ҳамин монандро дар гуфтаҳою навиштаҳои шахсиятҳои шинохта бисёр дидам ва дар амал низ мушоҳида намудам. Чанде пеш ба ҳамин монанд ақидаро собиқ Президенти ИМА Б. Обама дар суханрониаш бахшида ба ҷашнвораи Академияи илмҳояшон ифода карда буд.
Мудао аз овардани ин гуфтаҳо дар он аст, ки тибқи тасаввуротҳои мавҷуда таъсиси Донишгоҳи техникӣ ва оғози омода намудани мутахассисони соҳаи техникаю технологияро дар ҷумҳурӣ, ҳамчун шабеҳи гузоштани таҳкурсии яке аз пояҳои истиқлолият, баррасӣ намудан мумкин аст. Гумон мекунам, ки дар бораи саҳми назаррасӣ хатмкардагони Институти политехникии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар замони Шӯравӣ, насли калонсол аз мушоҳидаашон, насли ҷавон аз расонаҳои иттилоотӣ хабардор мебошанд.
Мутаасифона дар даврони Итиқлолият буҳрони шадиди солҳои 90-ум чун ҷузъи ҷудонашвандаи ҷумҳурӣ, ба Донишгоҳи техникӣ ҳам таъсири манфии зиёде расонид. Бисёре аз муассисаҳои ҳамкор дар хориҷи кишвар монданд. Мутахассисони ватани аҷдодиашон берун аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар рафтанд. Пояи моддӣ -техникӣ ва таълимии донишгоҳ заиф гардид.
Новобаста аз ин, дар давраҳои душвортарин ҳам донишгоҳ бефосила фаъолияташро ба роҳ, монда барои таъмини иқтисодиёти ҷумҳурии соҳибистиқлол, бо мутахассисони соҳаҳои нав ва соҳаҳое, ки пештар дар хориҷи кишвар омода карда мешуданд, чораҳои имконпазир андешид. Дар ҳамин давраи душвори гузариш омодакунии мутахассисон аз рӯи даҳҳо ихтиссосҳои наву зарурӣ ба роҳ монда шуд.
Хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳо 2007 сар карда марҳилаи сифатан нави фаъолияти донишгоҳ оғоз гардид. “Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015” таҳия ва амалӣ карда шуд. Сохтори донишгоҳ такмил дода шуда, донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таҳсилоти олӣ ва низоми кредитии таълим гузашт. Қариб ҳамаи нишондиҳандаҳои асосии донишгоҳ як тартиб афзуда, пояи моддӣ-техникии таълим мустаҳкам ва сатҳу сифати омодакунии мутахассисон беҳтар гардид.
Дар донишгоҳ низоми бефосилаи таҳсил ба роҳ монда шуда, дар сохтори донишгоҳ докторантура, магистратура, бакалавриат, литсей, коллеҷи техникӣ, донишкадаи политехникӣ, 7 факултет фаъолона амал мекунанд. Дар 47 кафедраҳои донишгоҳ аз рӯи 83 ихтисос мутахассисони дараҷаҳои бакалавр, магистр ва доктори илм омода карда мешаванд.
Нуфузи байналмилалии донишгоҳ боло рафта, донишгоҳ аъзои зиёда аз 20 иттиҳодия ва ташкилотҳои байналхалқӣ буда, бо зиёда аз 100 марказҳои илмию таълимии минтақа ва ҷаҳон шартномаи ҳамкориҳои дутарафа дорад. Тайи солҳои охир таҷрибаи таёркунии муштараки мутахассисон бо иштироки донишгоҳҳои пешбарӣ кишварҳои дигар вусъат ёфта истодааст. Дар донишгоҳ 9 сол боз факултети муштараки муҳандисӣ-техникии донишгоҳ ва донишгоҳҳои Ҷумхурии Белорус амал менамояд. Барои наздик намудани корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ бо истеҳсолот дар донишгоҳ “Парки технологи” амал менамояд.
Имрӯз, амалӣ намудани се ҳадафҳои асосии стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари интиқоли энергия табдил додани чумҳурӣ; раҳоӣ аз бумбасти коммуниктсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон; саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ гузаштан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ, ки мундариҷаашон ба фаъолияти донишгоҳ надик мебошад, муҳтавои асосии фаъолияти донишгоҳро ташкил медиҳад.
Донишгоҳ кӯшиш намуда истодааст, ки аз дастовардҳои илму таълими муосир истифода намуда, сатҳи донишу малакаи мутахассисони омодашавандаро баланд бардорад ва самти корҳои илмию таълимии донишгоҳро ба талаботи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳарчи бештар наздик намояд. Дар ҳамин замина ба мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ саҳм гузорад.
Саҳм гузоштан дар иҷрои ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ва таъмини истиқлолияти воқеии кишвар вазифаи тамоми мардуми Тоҷикистон, махсусан ҷавонон маҳсуб меёбад. Дар охир ҳар чанд кӯҳнаю забонзада шуда бошад ҳам, дар ҳамин самт мехоҳам як муроҷиати соли 1976 ба иштирокчиёни мактаби тобистонаи Физикхо, математикҳо ва химикҳои ҷавони ҷумҳурӣ, гуфтаамро биёрам. Мактаб солҳои 1971-1992 таҳти роҳбарии Президенти ҳамонвақтаи Академия фанҳо, шодравон академик М.С. Осимӣ, ҳар сол дар моҳи август дар яке аз лагерҳои пионерӣ, бо иштироки хонандагони болаёқати синфҳои болоии тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешуду ман ҳам дар он омӯзгор будам. Вақте, ки дар ҷамъомади тантанавии кушодашавии мактаби навбатӣ, суханро ба ман доданд, ман гуфтам, ки дирӯз аз радиои “Маяк” шунидам, ки ровӣ мегуфт: -“Норвегия кишвари сахт иқлим аст. Ягона боигарии асосии он кӯҳҳои баланди барфпӯш мебошад, ки об шуда ба уқёнус ҷорӣ мешаванд. Мардуми боҳунар дорад, ки неругоҳҳои обии барқ сохта, саноати энергияталабро рушд додаанд ва 22 сол боз сатҳи зиндагиашонро дар ҷаҳон дар ҷойи аввал нигоҳ медоранд. Захираи гидроэнергетикии кишвари мо аз Норвегия камтар нест. Худованд ба Тоҷикистони мо иқлими биҳиштосое додааст, ки ҷуби хушкро шинонӣ сабзида ҳосил медиҳад. Таги поятро дурусттар кобӣ кандание меёбӣ. Аммо сатҳи зиндагиамон баланд нест, чунки мо ҳануз мардуми донишманди боигарии табииашро шинохтаю мувофиқи талаботи замони муосир, самаранок истифода кунандаро надорем. Шумо, ки ҷавонони болаёқати ҷумҳурӣ мебошед, илму технологияи муосирро софдилона омӯхта, бунёди ҳамон мардуми донишманди ҷумҳуриамонро гузоред.”
Ҳоло, дар ҷумҳурӣ барномаи “20 соли рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм ”, ки ҳадафи асосии он ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму технологияи муосир мебошад, амалӣ шуда истодааст. Мехоҳам, ки ин муроҷиатро то ҷое, ки қобили қабул бошад, ҷавонои имрӯза ҳам баррасӣ намоянд ва барои ҳарчи тезтару хубтар амалӣ намудани ин барнома кӯшиш намуда, дар мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти воқеии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Абдурасулов А. – Собиқадори меҳнати Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.С. Осимӣ