ҶАНГИ МУҚАДДАС ВА ПИРӮЗИИ ТАЪРИХӢ

 11.05.2022

Иди Ғалаба – Иди пирӯзиҳо ба бадист, зеро неруи мардум дар ин ҷанги ҷаҳонӣ бар фашизми гитлерӣ зафар кардааст.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои муҳим қарор дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, низ азиз ва гиромӣ аст. Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва руҳи шикастнопазири халқҳои мост.

Нимаи аввали садаи ХХ дар таърихи инсоният, бахусус барои сокинони Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ, Чину Ҷопон даврони басо пурфоҷиа буд. Ба сабаби сар задани ихтилофҳо байни гурӯҳҳои сармоядори манфиатҷӯй, сиёсатҳои хому бемасъулияти сарони давлатҳо ва ҳизбҳои бар сафсатаҳои хаёлӣ ва ниқорҷӯйиву нажодпарастӣ асосёфта дар муддати 30 сол (1914-1945) оташи инқилобҳо, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ду ҷанги ҷаҳонӣ аланга зад. Ҳамаи ин ба сари миллионҳо мардуми бегуноҳ, аз ҷумла, халқи тоҷик, ҷабру ситами гӯшношунид, қурбониҳои бешумору харобиҳои бемисл овард.

Ин садамаҳоро солиёни дароз модарони тоҷик ва насли қаҳрамонони роҳи озодӣ дар қалби худ бардоштанд. Аммо мо аз он насли носипосе нестем, ки озодиҳои бо арзиши ҷон ба даст омадаро фаромӯш созем. Корномаҳои онон то абад моро дар роҳи озодипарастиву душворнописандӣ тарбия хоҳад кард.

Ҳанӯз соли 1994-ум Фармони рақами 1-уми худро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи беҳтар намудани некӯаҳволии моддии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардида ба имзо расонида буд.

Cоли 1995-ум дар маҷлиси ботантана бахшида ба 50-солагии Рӯзи Ғалаба таъкид дошт, ки бо вуҷуди душвориҳои азими иқтисодӣ, масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи нафақахӯрон, махсусан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти давлату ҳукумат мебошад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштааст: “Мо ҳаргиз ба хору зор шудани маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳ намедиҳем. Зеро онҳо на танҳо дар назди Ватан, балки дар назди аҳли башар хизмати бузург намуда, инсониятро аз таҳдидҳои фашизми гитлерӣ эмин нигоҳ доштаанд”.

Ва мо хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошта, ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнатро қарзи шаҳрвандии худ медонем.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Дар баробари он ки Рӯзи Ғалаба ҳамчун ид таҷлил мегардад, аз ҷониби дигар санаи ёдбуд ва пос доштани хотираи неки шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Фашизм дар солҳои муборизаи хунини худ ба сари инсоният он қадар қурбониву харобӣ ва ғаму кулфат овард, ки захми он то ҳоло шифо наёфтааст.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан – Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд.

Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро бо сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристоданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамаи ин меҳнатҳоро дар ақибгоҳ мардуми мо – асосан пиронсолон, занону духтарон ва наврасон кашиданд, ки бори вазнини зиндагиро ба зимма доштанд. Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ба хотири ғалаба бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ меҳнат мекарданд.

Ҳамаи ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон аз хатти ҷабҳаи ҷанг дур буд, вале ҳамватанони мо бо иштироки бевосита дар муҳорибаҳо ва кӯшишу талошҳои худ дар ақибгоҳ дар ғалабаи бузург бар фашизм ҳиссаи сазовор гузоштанд.

Барои мо ва наслҳои оянда низ корномаи ҷангӣ ва азму иродаи онҳо дар бартарафкунии хавфу хатар ва таҳдидҳое, ки ба сари аҳли башар омада буд, намунаи ибрат аст ва месазад ифтихор кунем, ки мардуми мо чун як узви ҷомеаи умумибашарӣ нисбат ба тақдири инсоният бетараф набуд ва нахоҳад монд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхорӣ зоҳир мегардад. Шӯрои собиқадорон ва ветеранҳои донишгоҳ дар тарбияи насли ҷавон, омодакунии кадрҳои муҳандисӣ заҳматҳо кашидаанд. Раёсати донишгоҳ ба таври доимӣ мекӯшад, ки дар чорабиниҳои донишгоҳӣ аз ташрифи онҳо барои андӯхтани таҷрибаи зиндагӣ истифода барад. Имрӯз бо ҳидояти ин пирони барнодил ва таҷрибаҳои ҳаётии онҳо мо ҷавононро дар руҳияи худогоҳии миллию зиракии сиёсӣ ва ватанпарастию инсондӯстӣ тарбият хоҳем кард.

Зеро то ҳол Ҷанги дуюми ҷаҳон бо анҷоми фоҷиабораш ба сокинони сайёра сабақи талхи таърихӣ мебошад. Вале мутаассифона, ҳанӯз дар баъзе нуқтаҳои олам ҷангҳои гуногун ба назар мерасанд.

Терроризму даҳшатангезӣ аз ҷониби баъзе аз гурӯҳҳои тундрав, гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ин гурӯҳҳо, таҳдиду куштор ва дигар амалҳои ғайриинсоние, ки имрӯз мо – тоҷикистониён онро ба таври қатъӣ маҳкум мекунем, дар тамоми олам доман паҳн намудааст.

Илова бар ин, ҳоло дар баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки дар гузашта худ дучори ҳамлаи фашизм гардида, қурбониҳову харобкориҳои зиёд дида буданд, ҳаракатҳои неофашистӣ зуҳур карда, ошкоро ба амалҳои зиддиинсонӣ даст мезананд. Ин, албатта, оқибатҳои хуб надорад. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии таҳдидҳо ва тамоюлоти марбут ба он, ки метавонанд ба сари ҷомеаи умумибашарӣ фоҷиаҳои ҳалокатбор биёранд, бояд мо оқибатҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро фаромӯш насозем.

Ҳамзамон азму талошҳои кишварҳо ва миллатҳои гуногуни оламро дар бартараф намудани хатари фашизм ҳамчун сабақи таърихӣ арзёбӣ намуда, барои пешгирии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, офатҳои экологӣ ва техногенӣ кӯшиш намоем.

Бигузор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ неруи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Ҷавонони навовару равшанфикри тоҷик доимо дар ғами наҷоти миллат буданд ва имрӯз низ мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо фарҳанги хештаншиносиву миллатдӯстӣ, ватанпарвириву сулҳхоҳӣ ба оянда қадам гузорем. Ҷангу нотифоқӣ аз паси худ наҳсиятҳои зиёде меорад ва аз пайи ҳар як ҷанг солҳои тӯлонӣ хушксолию афзоиши бемориҳо ва дигар офатҳо ҳукмрон мешавад.

Пас биёед, ки мо бо поси хотири шаҳидони Ҷанги муқаддас – ҶБВ дар 77-умин солгарди пирӯзӣ бар аҳримани асри ХХ – фашизми гитлерӣ барои мустаҳкам ва ҷовидонии Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳи бебозгашти тоҷикон кӯшиш намоем.

Фаридун Юнусов.


Назад к списку