КИТОБХОНА ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР

 23.05.2022

Без названия

Дар фазои илмию фарҳангӣ, адабию маърифатӣ ва сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши китобхонаҳо бузург мебошанд.

Паёми гузашта ва имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар паёми рӯшноиву сафову нур буд. Роҳбари давлатамон дар баробари масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш, инчунин аз мақому манзалату ҷойгоҳи баланди китоб бештар ҳарф заданд. Аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президентамон, мо кормандони соҳаи маориф ва китобдорӣ қаноатманд шуда, бо қувваҳои нав ба кор давом медиҳем.

Дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ нақш ва мақоми китобхонаҳо ҳамчун марказҳои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва тарғиби маводи дар ҳамаи намудҳои имконпазир интишорёфта беш аз пеш меафзояд. Замони рушди босуръати технологияи иттилоотӣ ва телекомуникатсионӣ аз корманди ҳар соҳа талаб мекунад, ки донишу таҷрибаи кории худро ба талаботи нав мутобиқ созад.

Имрӯз дар баробари истифодаи китобҳои чопӣ истифодабарандагони китобхонаҳо аз китобҳои электронӣ низ истифода мебаранд. Китобдорону китобшиносонро зарур аст, ки талаботи хонандагонро ҳам бо истифодаи махзани анъанавӣ, яъне китобҳои чопӣ ва ҳам бо истифода аз махзани электронӣ қонеъ гардонанд.

Қобили қайд аст, ки дар даврони истиқлолият яке аз заминаҳои асосии пешбурди фаъолияти китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ворид гардидан ба ҷаҳони муосири технологияҳои компютерӣ буд. Сараввал соли 2008 дар донишгоҳ синфхонаҳои электронӣ ташкил шуда буданд. Дар вақти ташкилёбӣ дар он синфхонаҳо 30 ҷойи нишаст буду 30 адад компютер. Ин синфхонаҳо асосан барои дастрас шудан ба заҳираҳои таълимии шабакаи интернет ва маводи таълимие, ки аз тарафи кормандони китобхона ба шакли электронӣ гардонида мешуданд (тариқи сканер намудани китобҳо) пешбинӣ шуда буданд. Дар қатори китобҳои ба намуди электронӣ гардонидашуда китобхона захираҳои таълимӣ аз шабакаҳои интернет гирифта шуда, дар сервери алоҳидаи “Китобхонаи электронӣ” ҷамъоварӣ ва ба истифодабарандагони китобхонаи донишгоҳ дар ин синфхонаҳо дастрас мешуданд.

Барои дастрасшавӣ ду намуди имкон истифода мешуд:

1.Сомонаи китобхонаи электронӣ: (lib.ttu.tj)

китобхона

2. Диски шабакавӣ бо протоколи FTP (ftp://ftp.lib.ttu.tj)

китобхона-1

Маводи дар сомона ҷойшуда ба воситаи интернет аз ҷойи дилхоҳ дастрас мешавад. Асосан ин маводи электронидашудаи китобхона ва маводи таълимие, ки аз тарафи устодон ва омӯзгорони донишгоҳ тайёр шуда буданд.

Маводе, ки дар FTP-каталог ҷойгиранд, танҳо дар синфхонаҳои китобхонаи электронӣ дастрас мебошанд. Ин маводи калонҳаҷми матнӣ ва маводи видеоӣ буданд, ки аз сайтҳои интернет гирифта шудаанд.

Бо рушди шабакаи интернет ба дастрас кардани аксари донишҷӯён ба интернет фаъолияти синфхонаҳои электронӣ ҳам дигаргун шуд. Яъне вазифаи пешниҳоди маводи таълимии электронӣ дигар асосӣ набуд. Дар ин раванд сохтори идораи китобхона тағйир дода шуд. Китобхонаи илмӣ ба китобхонаи илмӣ-электронӣ табдил дода шуда, аз сохтори таълим ба сохтори илм гузашт.

Китобхонаи илмӣ-электронӣ фаъолияти худро дар самти ба намуди электронӣ гузаронидани маводи чопии китобхонаро давом дода, барномаи алоҳида барои бақайдгирии истифодабарандагони китобхона ва ташкили феҳристи электронии китобҳо бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ шуруъ кард. Қисмати якуми барнома сохта шуда, истифода мегардад. Акнун истифодабарандагони китобхона аз рӯйи корти электронии донишҷӯӣ, ки дар он ному насаб, ID, рақами гурӯҳ, шакли таҳсил, соли дохилшавӣ ва рақами корт қайд карда шудааст, ба аъзогии китобхона ворид карда мешаванд ва аз рӯйи ID донишҷӯӣ дар барнома рақамгузорӣ мешавад. Аз феҳристи электронӣ истифодабаранда китоби даркориашро интихоб намуда, ба китобдор фармоиш равона менамояд. Китоби даркорӣ аз фонди китобхона тайёр карда мешавад ва ба рақами донишҷӯ ба корти электронӣ сабт карда мешавад.

Айни замон дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ду китобхонаи электронӣ фаъолият менамояд. Дар онҳо 92 ҷойи нишаст бо 92 компютер барои истифодабарандагон таъмин шудааст ва бо сомонаҳои интернет пайванд мебошанд, то ки донишҷӯён ғайр аз сомонаи китобхонаи донишгоҳ аз дигар сомонаҳои интернет низ маводи таълимиро дастрас карда тавонанд.

Фонди умумии китобхонаи электронии донишгоҳ имрӯз дорои зиёда аз 28 150 маводи электронӣ мебошад. Ҳар рӯз китобдорон аз 3 то 5 китоби дарсӣ аз фанҳои умумитаълимӣ ва техникиро сканер намуда, ба феҳристи электронӣ ворид менамоянд. Ғайр аз ин, маводе, ки аз тарафи устодону омӯзгорони донишгоҳ тайёр карда мешаванд, ба сомонаи китобхонаи электронӣ ворид карда мешаванд.

Мо, китобдорони китобхонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимиро зарур аст, ки барои амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи китобдорӣ саъю талош варзида, барои ҳар чӣ бештар ба мутолиа рӯ овардани ҷавонон, хусусан донишҷӯён, аз роҳу усулҳои нав ба нав самаранок истифода барем.

Неъматова С.Ҷ. – директори китобхонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Назад к списку