Маҳбуба Авазовна – маҳбуби шогирдону ҳамкасбон, зодрӯз муборак!

 14.09.2021

Маҳбуба Авазовна – маҳбуби шогирдону ҳамкасбон

 

Ҳар лаҳзае, ки номи муаллимаи азизу гиромиқадр Шаропова Маҳбуба Авазовнаро ба забон мегирем, пеши назар  олиҳаи ҳалиму меҳрубон, хоксору поквиҷдон  ва воқеъан чароғи илму маърифат, меҳрубониву вафодорӣ падидор  мегардад.

Ҳоло чанд сухане дар бораи ҳаёту фаъолияти муаллима, аълочии маъориф ва бинокори фахрии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисод, устоди собиқадори кафедраи “Маводҳо, технология ва ташкили сохтмон”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба таваҷҷуҳи хонандаи азиз пешкаш мегардад.

Шаропова Маҳбуба Авазовна 14 сентябри соли 1951 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1969 ба Донишкадаи политехникии Точикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.С.Осимӣ) дохил шуда, соли 1974 донишкадаи номбурдаро бо мувафақият хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии муаллима Шаропова М.А. аз моҳи августи соли 1974 дар трести КПДС-и Вазорати сохтмони ҶШС Тоҷикистон дар вазифаи муҳандиси шӯъбаи лоиҳакашии ташкили кор оғоз гардидааст. Аз  моҳи декабри соли 1975 то ноябри соли 1979 Шаропова М.А. фаъолияти кории худро дар шуъбаи системаҳои автоматии идораи маркази ҳисоббарори Вазорати сохтмони ҶШС Тоҷикистон дар вазифаҳои муҳандис ва муҳандиси калон давом додааст.

Майлу рағбати зиёди мутахассиси ҷавон ба илму донишомӯзӣ имкон медиҳад, ки моҳи декабри соли 1979  Шаропова М.А. ба аспирантураи донишкадаи муҳандисӣ - иқтисодии шаҳри Ленинград (Санкт - Петербург) ба номи П.Толятти (ЛИЭИ) дохил гардида, баъди хатми он дар соли 1982 рисолаи номзадии худро  дар мавзӯъи «Совершествование хозрасчётных отношений на предприятиях индустриального домостроения» барои дарёфти унвони номзади илмҳои иқтисод бомуввафақият дифо намудааст.

Баъди хатми аспирантура, моҳи январи соли 1983 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба кор қабул  гардида, то имрӯз дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсент ва аз соли 1999 то декабри соли 2015 мудири кафедраи “Истеҳсоли маводҳо, технология ва ташкили сохтмон” фаъолияти илмӣ-педагогии худро амалӣ намудааст.

Дар тамоми давраи фаъолияти корӣ дар донишгоҳ профессор Маҳбуба Авазовна Шаропова худро ҳамчун мутахассис, омузгор, корманди илмӣ ва ташкилотчии баландихтисос нишон дода, дар ҳамаи вазифаҳои ба душ доштааш дар ташакул ва тараққии корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии кафедра ва факултет саҳми арзанда ва чашмрасе гузошта аст.

Тули  солҳои сарвари кафедра будан, устод ҳамчун роҳбари дурбину кордон тамоми маҳорат ва истедоди хешро баҳри ба сатҳи баланд бардоштани равиши таълиму тарбия, пурқувват гардонидани базаи моддӣ ва техникии донишгоҳ, пешравии корҳои илмию тадқиқотӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос равона намудааст. Натиҷаи он аст, ки имрӯз дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ва берун аз марзҳои он шогирдони устод дар соҳаҳои гуногуни илмию эҷодӣ,  сохтмонию истеҳсолӣ, ҳукуматӣ ва давлатӣ суботкорона фаъолият доранд.

Маҳз бо ташаббуси муаллима Шаропова М.А. ва бо дастгирии аҳли кафедра соли 2001 Донишгоҳ ва Корпоратсияи  “Маводи сохтмон”- и Вазорати саноати ҶТ ихтисоси нав “Истеҳсоли масолеҳ,  мавод ва конструксияҳои сохтмон”, ки барои сохтмон ҳамчун обу ҳаво лозим аст, ташкил шудааст.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки дастовардҳои имрӯзаи кафедраи “Маводҳо, технология ва ташкили сохтмон” ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва ҷамъиятии устод зич алоқамандӣ  доранд.

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, муаллима пайваста бо корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошад. Доираи корҳои илмию тадқиқотии Маҳбуба Авазовна дар ҳамкорӣ бо коллективи кафедра дар чорчӯбаи  барномаи илмию тадқиқотии донишгоҳӣ ва  ҷумхуриявӣ амалӣ гашта истодаанд.

Фаъолияти бисёрҷонибаи илмию омӯзгорӣ ва ҷамъиятии муаллимаи азиз Шаропова М.А.-ро арзёбӣ намуда, пеш аз ҳама хислатҳои неку оқилонаи инсонӣ,  муносибати эчодкорона, сахтгирӣ ва ҷиддияти том ҳангоми адои вазифа, ҳисси баланди масъулият, серталаби ба худ ва дигаронро қайд намудан ба маврид аст. Номбурда ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои ба сатҳи баланд бардоштани  раванди таълиму тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ ва методӣ мебошад.

Корҳои илмӣ-тадқиқотии устод Шаропова М.А.  дар зиёда аз 90 номгўи маводҳои илмӣ ба тарзи мақола, монография ва дастурҳои таълимию методӣ ба чоп расидаанд. Муаллима аъзои семинари илмии назди Маркази  илмӣ-таҳқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ» -и ДТТ мебошанд.

Фаъолияти илмию омӯзгорӣ, ташкилотчигӣ ва ҷамъиятии муаллима Шаропова Маҳбуба Авазовна аз тарафи давлату ҳукумат борҳо   қадрёбӣ гардида, ӯ бо унвони «Аълочии маъорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон», нишони “Бинокори фахрии Тоҷикистон” ва даҳҳо ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Дар давоми тамоми фаъолияти меҳнатии худ  Шаропова М.А. ҳамеша иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Имрӯзҳо Маҳбуба Авазовна дар нуқтаҳои балантарини илмию эҷодӣ  қарор дошта, фаъолияти босуботи пурмаҳсули хешро дар кафедраи “Маводҳо, технология ва ташкили сохтмон” -и ДТТ  аз пештара бештар ривоҷу равнақ  дода истода, ҳамаи қувва, таҷриба ва малакаи бои омўзгориашро баҳри таълиму тарбия ва тайёр намудани   мутахассисони баландихтисоси соҳаи меъморӣ ва сохтмонии Ватани азизамон равона сохтааст.

Мо, ҳамкорон ва ҳамкасбон муаллимаи азизу меҳрубон, Маҳбуба Авазовнаро бо ҷашни фирўзи 70-солагиашон аз самими қалб табрику таҳният хонда, ба ӯ  пеш аз ҳама саломатии бардавом, хушбахтӣ, бурдбориҳои илмию эљодӣ ва мувафақиятҳои беназирро таманно менамоем.

                Мавлуди ту табрик ба ҷон , эй устод!

                Пандат шунавад халқи ҷаҳон, эй устод!

                Сад сол бизӣ, саломату шод бизӣ!

                Бо бахту саодати ҷавон, эй устод!

Нозимшо Ҳасанов, доктори меъморӣ, мудири кафедраи МБваИ

               


Назад к списку