Оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳиме дар ҷомеаи инсонӣ мебозад. Тамоми бурду бохти мо ба оилаву оиладорӣ алоқаманд аст. Ҳаёти ҳар як шахс аз оила оғоз мешавад. Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандоне, ки ҳамарӯза аз ин дабистоне, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Таъсири оила ба инкишофи минбаъдаи шахсият ҳиссагузор мебошад. Бо мақсади тарғиби оилаи солим тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи ташкилӣ тарбиявӣ дар донишгоҳ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила зери унвони “Оила -макони камолоти маънавии инсон” бо иштироки меҳмонони даъватӣ: Бухориева Сафаргул-сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломова Манзура Ғуломовна директори муассисаи давлатии маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе, Ғаниева Бунафша- номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи психология ва сотсиологияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фозилова Мақсуда-мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, собиқадорон, устодон, кормандзанон ва донишҷӯдухтарон доир гардид.