Кодиров Неъматулло

Кодиров Неъматулло

Ёрдамчии ректор

Ёрдамчии ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ танзимкунандаи кори котиботи раёсат буда, фаъолияташро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Пешбурди фаъолияти ташкилӣ, тарҳрезии мулоқоту машваратҳои кории ректори донишгоҳ, баррасии ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, ки барои имзо ва тасдиқ ба ректори донишгоҳ пешниҳод мегардад, аз ҷумлаи вазифа ва уҳдадориҳои ёрдамчии ректор мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ёрдамчии ректори донишгоҳ ҳамзамон котиби ҷаласаи раёсати донишгоҳ аст ва назорати иҷрои қарорҳои ҷаласаи раёсатро ба уҳда дорад.

Айни ҳол дар ин вазифаи пурмасъул Неъматулло Қодиров фаъолият дорад.