ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР САМТИ ТАЪЛИМ

 06.09.2021

Бахшида ба 65-солагии донишгоҳ

    Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар тӯли фаъолияти 65-солаи худ ба дастовардҳои назаррас дар самти таълим ноил гардидааст.

     Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон корҳои таълимӣ ва методӣ вазифаи муҳими фаъолияти он ба ҳисоб мерафт. Яке аз самтҳои асосии кори таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ ташкили ҷараёни таълим, таҳия ва мунтазам такомули нақша ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва асноди таълимӣ-методӣ, мушаххас намудани мазмун, навъҳо ва ҳаҷми корҳои мустақилонаи донишҷӯён мебошад, ки маҷмӯи тадбирҳои андешидашударо фаро гирифта, барои омода намудани мутахассисони варзида дар донишгоҳ мавқеи марказиро ишғол менамояд ва барои ба даст овардани дастовардҳои нав ба нав таъсири мусбат мерасонад.

     Бояд қайд намоям, ки фаро гирифтани донишҷӯён ба таълиму тарбияи дуруст пеш аз ҳама аз ташкили сатҳи баланди раванди ба нақшагирӣ ва идораи босамари кори таълимӣ-методӣ вобаста аст.

    Дар ин росто, фаъолияти пайгиронаи раёсати таълим ҷиҳати татбиқи босамари барномаи таълимӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён зарур ва муфид аст. Вазифаи асосии Раёсати таълим ин ташкил, банақшагирӣ ва назорати раванди таълим дар донишгоҳ мебошад. Раёсати таълим барои ташкили дурусти ҷараёни таълим, назорати ҷорӣ аз болои ҳамаи намуди корҳои таълимӣ, омӯзиш ва ворид намудани таҷрибаи пешқадами раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дониши мутахассисон, банақшагирии сарбории таълимӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорон, гузаронидани озмуни ҷойҳои холии корӣ, ташкил намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тақсимоти мутахассисони ҷавон ва банақшагирии чопи китоб ва маводи таълимӣ мунтазам чораандешӣ менамояд.

     Муҳимтарин сохтор дар баргузории корҳои таълимӣ-методӣ кафедраҳои донишгоҳ маҳсуб мешаванд. Ҳамасола дар нақшаҳои кории кафедраҳо баргузории маҷмӯи чорабиниҳои таълимӣ-методӣ пешбинӣ мегардад. Корҳои методии кафедраҳоро комиссияҳои методии факултетҳо раҳнамоӣ ва назорат мекунанд, ки дар навбати худ кори ин комиссияҳоро Шӯрои методии донишгоҳ ҳамоҳанг месозад. Шӯрои методии донишгоҳ ба таҳияи мавод бо забони давлатӣ аҳамияти махсус дода, ҳамасола зиёда аз 150 китобу дастурҳои таълимию методиро барои нашр тавсия медиҳад.

     Истифодаи васеъи шаклу усулҳои замонавии таҳсил, ки дар донишгоҳ ҳамаҷониба амалӣ мегардад, сатҳи омодасозии мутахассисонро тибқи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва минтақавии меҳнат таъмин менамояд.

    Тайи солҳои охир донишгоҳ ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ - омодакунии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Ду ихтисоси техникии донишгоҳ соҳиби аккредитатсияи байналмиллалӣ ва аломати сифати EUR-AСE мебошанд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозист. Кормандони раёсати таълими донишгоҳ пайваста талош доранд, ки ба фазои ягонаи таҳсилот ворид шуда, аз имконият ва таҷрибаи пешқадами марказҳои таълимии ҷаҳон истифода намуда, бобати баланд бардошатни сатҳи таълим дар донишгоҳ ташаббусҳои созанда роҳандозӣ менамоянд.

   Аз он ҷумла, ба донишгоҳ дар соли сипарӣ иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолият дар панҷ соли минбаъда дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи муҳандисӣ ва иқтисодиёти соҳавӣ дода шуд.

    Мавриди зикр аст, ки саҳми омӯзгорони донишгоҳ дар таҳияи Стандарти давлатӣ ва таснифоти давлатии равия ва ихтисоҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хело баланд аст.

   Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим ва идоракунӣ яке аз шартҳои рақобатпазирӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи босифату самараноки технологияҳои нав дар раванди таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, инчунин тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб нақши бориз дорад. Дар ин замина вобаста ба иҷрои Стратегияи милли рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526) дар донишгоҳ ҳамчун донишгоҳи заминавии соҳаи техникаю технология ба татбиқи технологияҳои нав аҳамияти хос медиҳанд.

      Дар раванди коргузорӣ ва идоракунии донишгоҳ технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ марҳила ба марҳила ҷорӣ шуда истодааст. Он мувофиқи дастуру супоришҳо ва дар асоси муқаррароти муайяншуда амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар донишгоҳ Системаи ягонаи иттилоотӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Инфрасохтори иттилоотӣ ташкил шуда, заминаи моддию техникии донишгоҳ вобаста ба иҷрои талаботи стратегӣ, консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ тадриҷан инкишоф дода шуда истодаанд. Инфрасохтори иттилоотии иборат аз шабакаи корпоративии донишгоҳ, системаи иттилоотии ягонаи донишгоҳ, вебсайти донишгоҳ, системаи назорати видеоии идоракунии дастрасшавӣ, системаи паҳнкунии аудио ва видеоиттилоот нишонаи фаъолияти пурсамар дар ин самт аст.

    Ҳамаи равандҳои иттилоотии донишгоҳ марказонида шуда, муҳити ягонаи иттилоотӣ таъмин шудааст.

    Масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баҳри баланд бардоштани  иқтисодиёти ҷумҳурӣ яке аз вазифа ва уҳдадориҳои ҳайати профессорону омӯзгорон ва колективи кормандони донишгоҳ буда, сохторҳои дахлдори донишгоҳ кушиш менамоянд, ки сол аз сол талабот ва сатҳи тайёркунии мутахассиси соҳибкасбро баланд намоянд.

   Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, баъди ба охир расидан ва ҷамбасти қисми назариявӣ дар асоси Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аттестатсияи давлатӣ марҳилаи хотимавии таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта дар шакли имтиҳони давлатӣ, ҳимояи кор ва лоиҳаҳои дипломӣ ва кори бакалаврӣ ҷамъбаст карда мешавад. Супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи кору лоиҳаҳои дипломӣ, натиҷаи ниҳоии аттестатсияи давлатии хатмкунандагони донишгоҳ мебошад ва дар навбати худ имконияти медиҳад, ки натиҷаи фаъолияти панҷсолаи ҳайати профессорону омӯзгон ва колективи факултету кафедраҳоро дар ташкили дурусти раванди таълим дар тайёркунии мутахассисон баҳогузорӣ карда мешавад. 

   Чун ҳамасола, мувофиқи нақшаи раванди таълим, баъд аз  бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои ҷории дар нақшаи таълимии ихтисосҳо пешбинишуда,  ҳамаи донишҷӯёни хатмкунанда дар доираи нақшаи таълим имтиҳонҳои давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ месупоранд.

    Дар соли таҳсили ҷорӣ дар зинаи бакалавр аз шумораи умумии 2214 нафар (394 буҷавӣ, 1764 шартномавӣ, 56 квота) 2211 нафар ба ҳимоя иҷозат гирифтанд, ки аз ин шумора 2162 (609 аъло, 956 хуб, 591 қаноатбахш) нафар лоиҳаҳои худро ҳимоя намуданд. Холи миёна дар зинаи таҳсилоти бакалавр аз натиҷаи имтиҳони давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ баробари 3,82, аз натиҷаи ҳимояи рисолаи хатми бакалаврӣ баробари 4,36 мебошад. Ин нишондиҳанда дар зинаи магистратура аз натиҷаҳои имтиҳони давлатӣ баробари 4,5 ва аз натиҷаи ҳимояи рисолаи магистрӣ баробари 4,5 мебошад. 

   Қайд кардан зарур аст, ки ба 31 нафар ё баробари 1,3% хатмкунандагони зинаи таҳсилоти бакалавр ва ба 27 нафар ё баробари 1,12 % магистрант бо тавсияи КАД бинобар ҷавобгӯ будан ба талаботи Низомнома дипломи аъло дода шуд.

    Кормандони раёсати таълим ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, ташкили низоми идоракунии самараноки он, гузаштан ба низоми таълими донишҷӯмеҳвар ва ба амалия нигаронидашуда пайваста тадбирҳои мушаххас андешида, дар самти такмили ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи раванди таълим, назорати сифати таълим ва санҷиши натиҷабахшии он ба таври мунтазам саҳмгузорӣ менамоянд.

 

Сардори Раёсати таълим Фохаков Абдурауф,
доктори илмҳои техникӣ, дотсент,
аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба рӯйхат