Бобоева А.Х.

Бабаева Адлия Ҳалимҷоновна

Мудири шуъба

Барои рушди илм дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ДПТ) соли 1981 бо қарори Вазорати макотиби олии ИҶШС кушодашавии аспирантура аз рӯйи се ихтисос – «Системаҳои автоматонидашудаи идоракунӣ (аз рӯйи соҳаҳо)», «Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ» ва «Конструксияҳои сохтмонӣ» ҳодисаи муҳим гардид. Чораҳои андешида имкон доданд, ки аллакай дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ бо кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ таъмин гарданд. Дар ин давра ҳудуди 230 нафар докторон ва номзадони илм кор мекарданд, ки асосан хатмкунандагони донишгоҳ ба ҳисоб мерафтанд. Аз соли 1982 сар карда, шуъбаи аспирантура фаъолияти тамоми қисматҳои донишгоҳ – факултетҳо, кафедраҳо, филиалу коллеҷҳоро дар соҳаи омодасозии кадрҳои илмию педагогӣ мутобиқ менамояд.

Донишгоҳ анъанаҳои омодакунии кадрҳои илмию педагогии баландихтисос ва таъмини кафедраҳоро бо чунин кадрҳо то ҳол ҳифз мекунад. Гарчанде дар соҳаи илмҳои техникӣ дифоъ кардани рисолаҳои номзадӣ нисбатан меҳнатталаб аст, ба ин нигоҳ накарда, устодон ва кормандони донишгоҳ бо шавқмандӣ ва нияти неки хизмат ба Ватан ба роҳи пурпечу тоби илм қадам мемонанд ва хушбахтона муваффақ ҳам мешаванд.

Мавҷудияти аспирантураи худ, васеъшавӣ ва тақвият бахшидани робитаҳо бо мактабҳои илмии макотиби олии техникии ИДМ ба донишгоҳ натиҷаҳои мусбати худро доданд. Дар 30 соли охир 44 рисолаи докторӣ ва 272 рисолаҳои номзадӣ аз тарафи устодону кормандони донишгоҳ дифоъ карда шудааст, ки бисёре аз онҳо ҳоло дар вазифаҳои гуногуни давлатии ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.

Олимони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар омодасозии кадрҳои илмию педагогии давлатҳои хориҷа низ саҳми худро гузоштаанд.

Рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби шаҳрвандони Сурия, Миср, Гвинея, Эрон ва Афғонистон омода ва дифоъ шудаанд. Роҳбарони илмии онҳо аз ҷумлаи олимони беҳтарини соҳа ва донандагони мушкилоти илмии замон ба ҳисоб мераванд, ки намояндагони давлатҳои хориҷа инро пурра эҳсос ва қадр менамоянд.

Аз соли 2015 шуъбаи аспирантураи донишгоҳ ба шуъбаи докторантураи PhD ва аспирантура, баъдан ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ивази ном кард. Ҳоло дар докторантураи PhD ва аспирантураи донишгоҳ беш аз 156 нафар докторанти PhD, аспирантон ва унвонҷӯён, аз он ҷумла намояндагони давлатҳои хориҷи дур (Нигерия, Афғонистон, Корея, Чин) таҳсил менамоянд.

Барои пешрафти иқтидори илмии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ соли 2017 кушодашавии се шӯроҳои диссертатсионии махсусгардонидашудаи қабул ва дифои рисолаҳои дараҷаи доктори фалсафа (PhD) ва докторон аз рӯйи тахассус шароити мусоид фароҳам омад.

Агар соли 1981 аз рӯйи се ихтисос таҳсил дар аспирантура доир мегардид, ҳоло бошад, дар аспирантура (унвонҷӯӣ) аз рӯйи 22 ихтисосҳо, дар докторантураи PhD аз рӯйи 27 ихтисосҳо ва докторантураи анъанавӣ аз рӯйи 19 ихтисосҳо метавонанд таҳсил намоянд. Талаботи замони муосир нисбат ба кадрҳои техникиро ба ҳисоб гирифта, роҳбарияти донишгоҳ таваҷҷуҳи худро ба омодакунии кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ боз ҳам бештар менамояд.

Дар солҳои гуногун шуъбаро Ӯрунова Н.Х., Шанидзе Н., Солиева М.Х., Ишанҷонова З., Собитова З.А., Фатҳуллоева Ф.Х., Назарова Г.К. роҳбарӣ кардаанд. Ҳоло роҳбарии шуъба ба зиммаи Бабаева А.Ҳ. гузошта шудааст.

Илм ва инноватсия