Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) ва мавриди иҷро қарор додани қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№18/29 аз 31.05.2011) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6 июли соли 2012) Парки технологии донишгоҳ таъсис дода шудааст.
Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионй ва инвеститсионй ташкил шуда, дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумурии Тоҷики барои солҳои 2011-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ”, Оинномаи ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, Оинномаи парк ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом дода истодаааст.
Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолият тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ барои барои намудҳои фаъолияте, ки бояд мавриди литсензиякунонии давлатӣ қарор дода шаванд, литсензияҳо (иҷозатномаҳо) гирифта истодааст. Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0002505 аз 27 марти соли 2018, №3111) дода шудааст.
Тибқи қарори Шӯрои Олимони ДТТ аз 30 декабри соли 2013 баҳри таъмини фаъолияти бонизом ва амалӣ намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ба Парки технологии донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ расонидани ёрии молиявии баргарданда расонида шавад ва ё донишгоҳ барои гирифтани қарз аз бонк ба парки технологии донишгоҳ кафолатнома диҳад. Ба Парки технологӣ иҷозат дода шудааст, ки баҳри баланд бардоштани самаранокии истифодаи таҷҳизоти кафедраҳои дахлдор, заминаи моддию техникӣ ва молу амволи донишгоҳро ҳамчун зерсохтор бо таъмини ҳолати техникӣ, бехатарӣ ва санитарӣ, ройгон истифода барад. Шўъбаи робитаҳои хориҷии донишгоҳ вазифадор шудааст, барои дарёфти лоиҳаҳои инноватсионӣ ва тадбиқи онҳо дар парки технологӣ мусоидат намояд.
Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар мувофиқи бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ, дар як сол ду маротиба озмун мегузаронад. Як маротиба бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз ва маротибаи дуюм бахшида ба Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон бо беҳтар шудани ҳолати молиявии технопарк дар назар гирифта шудааст, ки барои донишчӯёни ихтироъкори аълохон ва аспирантони беҳтарин стипендияи технопарк таъсис дода мешавад.
Айни замон сомонаи интернетии Парки технологии донишгоҳ дар реҷаи тестӣ ба кор оғоз намудаст. Сомонаи технопарк дар интернет www.technopark.tj
Парки технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мувофиқи бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ, дар як сол ду маротиба озмун гузаронида шавад. Як маротиба бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз ва маротибаи дуюм бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун гузаронида мешавад.
Дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ
Дар технопарки донишгоҳ миниэкскаватори хурд сохта шудааст, ки барои гузаронидани дарсҳои озмоишиву таҳқиқотӣ истифода мешавад. Модели намунавии ин экскаватор аз тарафи донишҷӯи факултети нақлиёт Воҳидов Зафар сохта шуда, ба тавозуни кафедраи “Ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ” гузаронида шуда, барои гузаронидани дарсҳои лабораторӣ истифода бурда мешавад. Инчунин асбоби тиббии ченкунӣ барои ташхиси мушаки сфинктери кудакони хурдсол ихтироъ карда шуд. Модели намунавии ин асбоби электронӣ, ки ҳамаи маълумотҳоро коркарди рақамӣ намуда, бевосита ба компютер интиқол ва нишон медиҳад, аз тарафи магистранти курси якуми ихтисоси “Дастгоҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ” Нуралиев Солеҳҷон барои озмоиш сохта шудааст.
Айни замон парки технологии донишгоҳ асосан корҳои илмию тадқиқотиро бо корхона ва ташиклотҳо дар асоси шартнома ба роҳ монда, инчунин барои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҷҳизоти лабораторӣ тайёр карда истодааст.
Дар давоми фаъолияташ технопарки донишгоҳ корҳои зеринро тибқи қарордодҳо иҷро кардаст:
№ р/т |
Соли иҷроиш |
Фармоишгар |
Тавсифи қарордод |
1 |
2013 |
Комиссияи техникии РБДА |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
2 |
2013 |
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авто Ташхис Марказ» |
Курси такмили ихтисос |
3 |
2014 |
ҶДММ “ГАЗПРОМНЕФТ ТОҶИКИСТОН |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
4 |
2014 |
Комиссияи техникии РБДА |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
5 |
2014 |
Маркази муоинаи техникии автомобилии Хучанд |
Курси такмили ихтисос |
6 |
2014 |
Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии шаҳри Душанбе |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
7 |
2014 |
ҶДММ “Кафолат” |
Курси такмили ихтисос |
8 |
2014 |
Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар н. Рашт |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
9 |
2015 |
Комиссияи техникии РБДА |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
10 |
2015 |
Донишгоҳи Давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллои Рудакӣ |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
11 |
2015 |
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО РОҒУН» |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
12 |
2015 |
ШТИ КФС “Дирексияи сохтмони РО Душанбе-Қурғонтеппа” |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
13 |
2015 |
Филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
14 |
2015-16 |
Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
15 |
2016 |
Комиссияи техникии РБДА |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
16 |
2016 |
Филиали ширкати "Транс-Таджик Газ Пайплайн |
Курси такмили ихтисос |
17 |
2016 |
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н. Рашт |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
18 |
2016 |
Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
19 |
2016 |
Ҷамъияти саҳомии фаръии "Сохтмони асосӣ"-и ҶСК «НБО РОҒУН» |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
20 |
2016 |
Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
21 |
2017 |
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВАСЛ–2016» |
Корҳои илмӣ – таҳлилӣ |
22 |
2017 |
Комиссияи техникии РБДА |
Корҳои илмию тадқиқотӣ |
23 |
2017 |
Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ дар ш. Хуҷанд |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
24 |
2017 |
Коллеҷи техникии ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
25 |
2018 |
Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
26 |
2018 |
Муассисаи давлатии Пажўҳишгоҳи акушери гинекологи ва перинатологияи Тоҷикистон |
иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ оид ба муайян кардани меъёри сарфи сӯзишвории автомобилҳо |
27 |
2018 |
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВАСЛ–2016» |
иҷрои корҳои илмӣ – таҳлилӣ оид ба санҷиши таҷҳизоти электронии худкор |
28 |
2019 |
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “ЛОИҲА-ГИДРОЭНЕРГО” |
иҷрои корҳои илмӣ – таҳлилӣ оид ба ташхиси маҳсулот |
29 |
2019 |
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳоҷӣ Қурбон» |
васлу насби дучархаҳои худкори барқӣ (электровелосипед) |
30 |
2020 |
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |
31 |
2020 2021 |
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия |
Истеҳсоли таҷҳизотҳои озмоишӣ аз фанни физика |