Журнал Сайт2

ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ

мақолаҳо ба маҷаллаи "Паёми политехникӣ"

1.Дар Маҷалла мақолаҳои дорои хусусияти илмӣ, амалӣ ва ҳалталаб нашр карда мешаванд, ки натиҷаи таҳқиқоти анҷомшуда буда, навоварии илмӣ доранд ва барои доираи васеи хонандагони маҷалла қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
2.Талаботи асосӣ ба мақолаҳои барои нашр дар Маҷалла пешниҳодшуда:
- мақола (ба истиснои тафсирҳо) бояд натиҷаҳои нави илмиро дар бар гирад.
- мақола бояд ба мавзӯъ ва сатҳи илмии маҷалла мувофиқат кунад.
- мақола бояд бо риояи пурраи талаботҳо таҳия карда шавад (ниг. ба банди 5).
3.Мақола ба воситаи почтаи электронӣ ё бевосита дар шакли электронӣ ва нусхаи чопӣ ба шуъбаи дахлдор пешниҳод карда мешавад.
  1. Сохтори мақола
Матни мақола бояд дар шакли IMRAD[1] бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад.
[1] Ин истилоҳ аз ҳарфҳои аввали калимаҳои инглисӣ иборат аст: Introduction (Муқаддима), Materials and Methods (Маводҳо ва усулҳо), Results (Натиҷаҳо) Acknowledgements and Discussion (Муҳокима). Ин маъмултарин услуби тарроҳии мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла барои маҷаллаҳои Scopus ва Web of Science мебошад.
    1. ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАКОЛАҲО
    2. ТАЛАБОТ БА РУЙХАТИ АДАБИЁТ
    3. ТАРТИБИ БОЗПАСГИРӢ (RETRACTION)
Ба мақола замима карда мешавад:
  1. Мактуб (барои кормандони беруна)
  2. АРИЗАИ МУАЛЛИФӢ
  3. ШАРТНОМАИ литсензионӣ
  4. ХУЛОСАИ ЭКСПЕРТӢ дар бораи имконияти дар матбуоти кушод чоп кардани мақола.
  5. Тақризи берунӣ (тибқи талабот).
  6. Хулосаи антиплагиат
 

Илм ва инноватсия