|
Сафаров Манучеҳр Исуфович - мудири шуъба бо кормандони шуъба |
Охири солҳои 80-уми асри гузашта донишгоҳ бо мақсади тақвият бахшидан ва дастгирии раванди таълиму тарбия ва илм шуъбаи табъу нашрро таъсис дод, ки дар оянда тамоми эҳтиёҷоти чопии донишгоҳро пурра қонеъ намуд. Дар муддати кӯтоҳ ба шуъбаи табъу нашр асбобҳои зарурии чопӣ ва банду баст таҷҳизонида шуданд. Акнун донишгоҳ метавонист, ки тамоми эҳтиёҷоти чопии худро дар дохили донишгоҳ ва бо қувваи меҳнатии худ таъмин намояд.
Айни ҳол шуъбаи табъу нашр аз зерсохторҳои фаъоли донишгоҳ ба шумор рафта, асосан кори матбаавиро иҷро мекунад ва маводи чопшаванда танҳо барои эҳтиёҷоти умумии дохилидонишгоҳӣ равона мегардад.
Дар Шуъбаи табъу нашр ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои таълимии донишгоҳ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, журналҳои илмӣ ва академӣ, маводи шиносоӣ барои довталабон, эълону табрикот бо сифати баланди чоп карда мешаванд. Шуъба бо дастгоҳҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуда имкони чопи сифати баланд ва муқовабандиро дорад ва дар заминаи он дарсҳои озмоишии ихтисосҳои соҳаи полиграфии донишгоҳ низ баргузор мегардад.
Вобаста ба дигаргуншавии сохтори донишгоҳ шуъбаи табъу нашр ба таркиби маркази иттилоот ва нашр ворид карда шуда, пас аз муддате боз ба шуъбаи алоҳида табдил дода шуд.
Солҳои тӯлонӣ роҳбарии шуъбаро Одинаев Ғ., Шарипов Н.Д., Юнусов Ф.М. бар уҳда дошта, ҳоло шуъба таҳти роҳбарии Сафаров М.И. фаъолияти хуб дорад.
Шуъба узви Агентии миллии ISBN буда, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Кормандони шуъбаи табъу нашр Сафаров М.И. – мудири шуъба, Тоҳиров Ш.З. – мутахассиси пешбар, Искандарзода А.С. – мутахассис барои пешбурди фаъолияти матбаавии донишгоҳ содиқона меҳнат менамоянд.