WhatsApp Image 2025-08-21 at 14.37.30

Исмонзода Рустам Довуд

декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

тел: +(992) 918-78-68-98
e-mail: rustam@ttu.tj

 

Факултаи механикӣ ва технологӣ дар ташкилу равнақи худ, дар идоракунӣ ва сохтор, тағйиротҳои зиёде дидааст, ки 4 январи соли 1960 бо фармони ректори аввалини Донишкадаи политехникии ш. Сталинобод, факултети «Технологӣ» ташкил шудааст.

Бо мақсади таъмини корхонаҳои саноатӣ бо кадрҳои баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир ва мусоидат намудан дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ факултети механикӣ ва технологӣ фаъолият менамояд.

Раванди таълимро дар факултет 8 кафедра (7 кафедраи тахассусӣ, 1 кафедраи умумитаълимӣ) – кафедраҳои технология ва таҷҳизоти саноати нассоҷӣ; технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металлбурӣ; бехатарии фаъолияти инсон ва экология; масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва таҷҳизоти металлургӣ; технологияи мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ; метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия; механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод; нақшакашии муҳандисӣ ва компютерӣ дар зинаи таҳсилоти бакалаврият, магистратура ва докторантураи PhD аз рӯи ихтисосҳои

1-330101-05 – «Ҳифзи муҳандисии муҳити зист»,

1-330104 – «Мониторинги экологӣ, менеҷмент ва аудит»,

1-330103-03 – “Бехатарии ҳаёту фаъолият”,

1-360101 – «Технологияи мошинсозӣ»,

1-360103 – «Таҷҳизоти технологии истеҳсолоти мошинсозӣ»,

1-360101-03 – «Технологияи истеҳсолоти автоматонидашуда»,

1-360201 - «Масолеҳшиносӣ дар мошинсозӣ»

1-360201-05 – «Мошинҳо ва таҷҳизоти металлургӣ»,

1-360601-01 – «Мошинҳои полиграфӣ ва низоми коркарди маълумот»,

1-470201 – «Технологияи истеҳсолоти полиграфӣ»,

1-470206-01 – «Дизайни ва технологияи борыомасозӣ»,

1-500101-08 – «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ»,

1-500101-09 – «Технологияи маводи нассоҷӣ»,

 1-020106 - «Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ)»

 1-030601-02 -  «Санъати тасвирӣ. Графикаи компютерӣ»,

1-190101-0504 - «Дизайни маҳсулоти бофандагӣ»

1-540101-01 - «Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (дар соҳаи мошинсозӣ ва асбобсозӣ»,

1-54010101-03 - “Сертификатсия ва идоракунии сифат” ба роҳ мондааст

Донишҷӯёни факултет дар корхонаҳои бузурги истеҳсолии КВД “Ширкати Алюминийи тоҷик”, ҶСК “Азот”,  КВД “Коргоҳи мошинасозӣ”, КМ “Зарафшон”, КМ “Апрелевка”, ҶСК “Комбинати металлургии тоҷик”, КМ “Пакруд”, ҶДММ “НОҚИЛИ ТАЛКО”, ҶСП “Сомонтаҷҳизот”, ҶСК “Сементи тоҷик”, ҶСШК “Тоҷик текстил” корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ, матбуотӣ ва ғайраҳо барои таҷрибаомӯзӣ фиристонда мешаванд.

Имрӯзҳо роҳбарии факултет ба зиммаи н.и.т., дотсент Исмонзода Р.Д. гузошта шудааст.

Ҳоло дар факултет 860 нафар донишҷӯён таҳсил менамояд, ки шумораи онҳо дар шуъбаи рӯзона 720 нафар, дар шуъбаи фосилавӣ 137 нафар, дар нафар ва дар магистратура 22 нафарро ташкил медиҳад.

Фаъолияти кафедраҳои факултет ҷавобгӯ ба меъёрҳои аккредитатсионӣ буда, дар 8 кафедра 77 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии ҳайати профессорону омӯзгорони факултет 52 нафар (67,5%)-ро устодони дараҷаи унвони илмидошта ташкил медиҳанд.

Кафедраҳои факултет бо кафедраҳои ҳамравияи Донишгоҳи пӯлод ва хӯлаҳои ш. Москва, Донишкадаи дастгоҳу асбобҳои ш. Москва, Донишкадаи давлатии технологии ш. Кострома, Донишкадаи бофандагии ш. Москва, Донишгоҳи давлатии техникии ш. Самара, Донишгоҳи давлатии матбуоти ш. Москва, Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва озмоишгоҳҳои илмии Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон алоқаи зич дошта, дар баланд намудани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаҳои экология, технологияи мошинсозӣ, металлургия, заргарӣ, технологияи химиявӣ, полиграфия, иқтисодиёт ва коркарди нахҳои табиӣ кӯшишу талош доранд.

Хатмкардагони факултет, ки дар вазифаҳои масъули давлатию ҳукуматӣ фаъолият намудаанд ва айни ҳол кор мекунанд, Расулов Р.А. – менеҷери аудит дар ҶДММ “Бейкер Тилли Тоҷикистон”, Алимардонов Қ.М. – сардори нозироти пахта ва пиллаи агентии Тоҷикстандарт, Холмаҳмадзода С. – вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, Нозимҷонов У. – сармуҳандиси корхонаи пахтатозакунии ш. Конибодом, Ҳикматов А. – собиқ раиси н. Мастчоҳ, Шарипов Р.И. – директори генералии ҶСК «Норак НБО-соз», Бақоев М.Ҳ. – директори генералии комбинати нассоҷии ҶДММ “Спитамен Текстайл”, Қаландаров И.Ш. – директори генералии ҶММ “Нику Хуҷанд”, Қадамов А.В. – сармуҳандиси фабрикаи ресандагии кооперативи истеҳсолии К. Мирзоалиев, н. Восеъ, Одиназода Ҳ.О. – собиқ ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, д.и.т., профессор, академик, узви вобастаи АМИТ, Ортиқов М.А. – директори корхонаи пахтатозакунии н. Зафаробод, Саидов М.Ҳ. – намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, Бобоев А.М. – директори маркази Тоҷикстандарт дар в. Суғд, Бобоев Ш.Б. – директори агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусамадов А. – сардори истеҳсолоти бофандагии ҶММ «Текстилсити»-и ш. Хуҷанд, Қурбонов И.К. – муовини аввали директории Агентии Тоҷикстандарт, Қаҳҳоров А.С. – директори фабрикаи ресандагӣ-бофандагии ш. Конибодом, Зулфонов Ф.С. – раиси ҶСШК «Сипеҳр», Сафарзода М.Х. – муовини директори агентии Тоҷикстандарт, Бояков Д. – раиси ҶДММ «Корпоратсияи Зиёратшоҳ», н. Фархор, Фақиров А.А. – директори генералии ҶСП «Бахтиёр», н. Бохтар, Баротов Ф.Р. – раиси н. Лахш, Саидов Р. – сармуҳандиси корхонаи пахтатозакунии ҶДММ “Водии Вахш”-и н. Вахш, Ашуралиев С.Н. – директори иҷроияи ҶДММ “Водии Вахш”-и н. Вахш, Ҳақдод М.М. – д.и.т., профессор, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Сафаров А.М. – д.и.т., профессор, директори институти кимиёи ба номи В.И. Никитин, АМИТ, Одинаев Б.Н. – н.и.т., дотсент, раиси н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Маҳмудов А. – сартехнологи ҶДММ “Ноқили Талко”, Қодиров С.Н. – муовини сардори шуъбаи истеҳсолию танзимгарӣ оид ба истеҳсолоти рехтагарӣ ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”, Холов Р.Ғ. – директори ҳифзи меҳнат, экология ва сифати ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”, Мирсаидзода И. – д.и.т., дотсент, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Раҳмонзода Ф. – директори ҶСК «Азот»-и ш. Леваканд, Гадоев Т. – муҳандиси калони корхонаи ҶСК «Азот»-и ш. Леваканд, Восиев М. – администратори ҶСП «Талко Голд» дар н. Айнӣ, Нуъмонов С. – директори маркази муассисаи илмию тадқиқотии Хитою Тоҷикистон «Маркази инноватсионӣ оид ба маҳсулоти табиӣ»-и АМИТ, Назаров З.Ё. – сармуҳандиси ҶДММ “Орбита”, Муродов М. – сартехнологи ҶДММ “Нашриёти муосир”, Ҳабибов В.А. – муовини директори КВД комбинати полиграфии ш. Душанбе оид ба истеҳсолот мебошанд. 

123456

Буклет МТФ 2025 текст


Ба рӯйхат

Донишгоҳ




Кафедраҳо