Маҷидзода Тоҳир Саид

Маҷидзода Тоҳир Саид

Муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал

2 апрели соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Маълумот: олӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.

Ихтисос: муҳандис-химик-технолог.

Мукофот ва қадршиносиҳо: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1991-1996 – донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ.

Солҳои 1996-2006 – лаборанти калони кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Солҳои 2006-2012 – ассистенти кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Солҳои 2012-2016 – муаллими калони кафедраи “Бехатарии фаъолияти инсон ва экология” Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Солҳои 2016-2020 – мудири Шуъбаи таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

 Солҳои 2020-2023 – декани факултети муштараки Донишгоҳи миллии техникии Белорус - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ;

Аз 14.08.2023 то ҳол – муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

 

 

 

 

Донишгоҳ