|
Қаюмов Маҳмадзоир Махмараҷабович Мудири шуъба, доктори PhD |
Тел: 227 57 87, 934102317 E-mail:kmakhmadzoir@gmail.com |
Шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмии донишгоҳ бо мақсади таъмини самараноки фаъолияти илмии- инноватсионӣ донишгоҳ, баланд бардоштани мақоми донишгоҳ дар сатҳи байналмиллалӣ ва инчунин ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмии донишгоҳ ташкил карда шудааст.
Шуъба аз рӯи самтҳои зерин фаъолияташро ба роҳ мондааст:
- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, таҳқиқотӣ ва амалӣ пешбини шудааст;
- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии солона оид ба фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиботи муқарраргардида;
- ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
- ташкил ва назорати нашри маҷаллаи илмии “Паёми политехникӣ”
- назорати татбиқи корҳои таҳқиқотӣ ва такон бахшидани фаъолияти ихтироъкорӣ;
- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ;
- назорати Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- ташкил ва баргузории олимпиадаҳои сатҳи донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ;
- ҳамкори бо ташкилот ва муассисаҳо дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ-инноватсионӣ ;
- омода ва ворид намудани маълумотҳои илмӣ дар махзанҳои электронӣ (Репозиторияи электронӣ eIR-TTU (rep.ttu.tj) , elibrary.ru);
- назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти “Маркази зеҳни сунъи” дар донишгоҳ;
- назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти “Шӯрои олимони ҷавон”.
Инчунин шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмӣ дар татбиқи нақша-чорабиниҳои марбут ба консепсияҳо, барномаҳо, стратегияҳои давлатӣ, иҷрои Паёми Президент, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба корҳои илмӣ-инноватсионӣ дар макотиби олӣ, фаъолона ширкат меварзад.
Роҳбарии шуъба ба зиммаи Қаюмов М.М. гузошта шудааст.