Дар доираи татбиқи лоиҳаи грантии «Рушди таҳсилоти олӣ», лоиҳаи «Мукаммалгардонии таҳсилоти олии техникӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар асоси таҷрибаи донишгоҳҳои аврупоӣ» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ панҷ маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва як толори сабти видеомаводҳо мавриди истифода қарор дода шуд.
Марказҳои технологияҳои инноватсионии таълимӣ баҳри баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисон тавассути иҷрои амалҳои зерин имконият медиҳад:
- иштироки донишҷӯен, магистрҳо, докторантон ва ҳайати профессорону устодон дар онлайн лексияҳои олимони таҷрибадор аз донишгоҳҳои хориҷӣ доир ба масоили мубрами илм ва технология;
- ташкили онлайн омӯзишҳо барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ аз тарафи мушовирони байналмилалӣ;
- ташкили вебинарҳо ва конференсияҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- гузаронидани мизҳои мудаввар оид ба масоили мубрами таҳсилоти муҳандисӣ ва рушди бахши воқеии иқтисодиёти кишвар бо иштироки корфармоён.
- рушди касбӣ ва салоҳиятнокии ҳайати профессорону устодон тавассути ташкили курсҳои такмили ихтисос.
Инчунин, марказҳои инноватсионии таълимӣ имкон медиҳанд, бахшҳои гуногуни донишгоҳ дар заминаи технологияҳои инноватсионии иттилоотӣ бо ҳам дар шакли онлайн доим пайваст бошанд. Дар баробари ин, шароити баргузории онлайн лексия, вебинар, видеоконференсия ва дигар чорабинҳо бо иштироки намояндагони донишгоҳҳо (шарикон), аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ фароҳам оварда шудааст.
Видеостудияи замонавӣ ҷиҳати ба роҳ мондани наворбардорӣ, монтаж ва коркарди рақамии видеомаводҳои таълимӣ, беҳтар намудани имкониятҳои дастрасии маводҳои таълимию методӣ ва таҳияи видеокурсҳои фаннӣ таъсис дода шуда, имкониятҳои технологӣ-инноватсиони он васеъ мебошанд.
Дар ҷараёни кушодавии марказҳо аз тарафи омӯзгорону донишҷӯён таъсиси чунин имкониятҳо баҳои баландро гирифт. Зикр гардид, ки минбаъд барои рушди таҳсилоти олӣ ва баланд бардоштани малакаҳои эҷодии ҳайати педагогӣ марказҳои таълимии инноватсионӣ нақши махсус хоҳанд гузошт.
Дар рафти кушодавашии марказҳо таъкид гардид, ки бо истифода аз имконотҳои марказҳо ҳайати омӯзгоронро зарур аст, ки сифати таълимро ба сатҳи нисбатан нави замонавӣ бароранд ва бо ин саҳми амиқи худро дар рушду нумӯи кишвар гузоранд.