Шӯрои таълимию методии донишгоҳ дар асоси қарори Шӯрои олимон бо фармоиши ректор оид ба такмили корҳои таълимӣ, таълимию методӣ, ташкилию тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар донишгоҳ таъсис дода шудааст.
Шӯрои таълимию методӣ мақоми коллективи машваратӣ мебошад, ки қарорҳои он пас аз қабул дар Шӯрои олимон ва тасдиқи фармоиши ректори донишгоҳ эътибор пайдо мекунанд. Ба ҳайати Шӯрои таълимию методӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, муовини ректор оид ба тарбия, раёсати таълим, мудири шуъбаи таълим, деканони факултетҳо ва мутахассиси пешбар аз ҳар як факултет ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ шомиланд. Шӯрои таълимию методӣ аз чор комиссия (комиссияи таълимию методӣ, комиссияи илмӣ-тадқиқотӣ, комиссияи ташкилию тарбиявӣ, комиссияи табъу нашри мавод) ва як гурӯҳи кории доимоамалкунада (гурӯҳи танзим ва истилоҳоти забони тоҷикӣ) иборат аст, ки ҳар сол дар ҷаласаи аввал раис ҳайати онро аниқ мекунад ва бо фармоиши ректори донишгоҳ тасдиқ карда мешавад. Фаъолияти Шӯрои таълимию методиро раиси он дар шахсияти муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, ки раванди таълимро дар донишгоҳ аз рӯйи барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иловагии касбӣ назорат мекунад, ташкил менамояд.
Вазифаҳои асосии Шӯрои таълимию методӣ аз таҳлили ҳолати кунунӣ ва муайян намудани самтҳои ояндадори фаъолияти донишгоҳ дар соҳаи корҳои таълимию методӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ оид ба таҳия ва такмили барномаҳои таълимӣ иборат аст.
Шӯрои таълимию методӣ барои иҷрои таҳлили ҳолати ҷории таълимию методии факултетҳо ва кафедраҳо, пешбинӣ ва таҳияи стратегияи рушди таълимию методии донишгоҳ, таҳлили барномаи таълимии самтҳои таълими бакалавр ва магистр, барномаҳои таълими иловагӣ ва баъд аз таҳсил, такмили шаклҳои аттестатсияи ҷорӣ, фосилавӣ ва ниҳоии донишҷӯёни ҳама шаклҳои таълим, ҷорисозӣ ва такмили системаи рейтингӣ, назорат аз рафти таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, ташаккул додани инфрасохтори инноватсионии иттилоотӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нави иттилоотӣ дар донишгоҳ, рушди системаи идоракунии сифати таҳсилот дар донишгоҳ, омодасозии донишгоҳ барои иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи барномаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди системаи аккредитатсияи ҷамъиятии корфармоён, ворид намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва ватанӣ дар соҳаи маориф, ташкили конференсияҳои методӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба мушкилоти таҳсилоти донишгоҳӣ, ба роҳ мондан ва рушди равобит бо шӯроҳои шабеҳи дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ даъват карда мешавад.
Шӯрои таълимию методӣ фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо Шӯрои олимон, ректорат, деканатҳо, шӯрои илмӣ-методии факултетҳо ва кафедраҳо ба роҳ мемонад. Инчунин фаъолияти комиссияҳои таълимию методӣ барои гурӯҳҳои васеи соҳаҳои омӯзишро ҳамоҳанг месозад ва стратегияву тактикаи маҷмӯавии рушди таълимию методии донишгоҳро таҳия менамояд. Шӯрои таълимию методӣ аз ҳисоби аъзои худ метавонад гурӯҳҳои ташаббускори доимӣ ва муваққатӣ, комиссияҳо оид ба самтҳои фаъолияти худро таъсис диҳад. Натиҷаҳои Комиссияи аттестатсионии давлатӣ, ҳисоботи деканони факултетҳоро оид ба корҳои таълимию ташкилӣ-методӣ, таълимию методӣ ва илмию методӣ бо мақсади такмили минбаъдаи онҳо баррасӣ карда, метавонад чопи дастурҳои таълимӣ ва таълимию методиеро, ки кормандони донишгоҳ омода кардаанд, пешниҳод намояд.
Роҳбарони Шӯрои таълимию методӣ тӯли солҳо Нигматов И.И., Додхудоев М.Д., Амонзода И.Т., Одиназода Б.Н., Гадоев С.А., Саидзода Р.Ҳ., Саъдуллозода Ш.С. буда, айни замон раисии Шӯрои таълимию методӣ ба зиммаи Маҳмадизода М.М. гузошта шуда, котиби шӯро Назиров Я.Г мебошад.
Шӯрои методии донишгоҳ (ШМД) узви коллективии доимамалкунанда дар назди ноиби ректор оид ба корҳои таълим ба ҳисоб меравад. ШМД самтҳои асосии корҳои методиро дар донишгоҳ кор карда баромада, якҷоя амал намудани факултетҳо, кафедраҳо ва дигар қисмҳои таркибии донишгоҳро, ки дар раванди таълим дар самти корҳои методӣ фаъолона иштироккунандаро мувофиқат намуда, инчунин барои ҷорӣ кардани самтҳои ояндадорӣ таъминоти илмӣ-методии раванди таълим бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тайёр намудани мутахассисон мусоидат менамояд.
ШМД дар фаъолияти худ мувофиқи қоида ба ҳуҷҷатҳои меъёрии Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумоти олӣ ва хатмӣ баъди донишгоҳӣ оиди тарақиёт ва такмилдиҳии дониш, инчунин Низомномаи донишгоҳ, Муқаррароти амалкунанда, қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳо ва дастурҳои ректор амал менамояд. Доираи салоҳияти ШМД тайёр кардани дастурҳоро дар самти фаъолияти таълимӣ-методӣ дар бар мегирад.
Самтҳои асосии фаъолияти ШМД:
— Банақшагирии стратегӣ ва мутобиқати кори таълимию методӣ бо мақсади мукаммал намудани сифати таълими донишгоҳӣ. Мониторинг, таҳлил ва баҳо додани сифати корҳои таълимӣ-методӣ дар донишгоҳ.
— Мусоидат намудан барои таъминоти факултетҳо ва кафедраҳо бо ҳуҷҷатгузориҳои меъёрӣ-методӣ ва адабиётҳои таълимӣ-методӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия гардидааст.
— Барои фаъолияти таълимию методӣ дар донишгоҳ мусоидат намудан.
— Дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тайёрӣ ба литсензиякунонӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи донишгоҳ иштирок намудан.
— Кори ШМД –ро раис (муовини ректор оид ба таълим) роҳбарӣ менамояд, дар мавриди иштирок надоштани он – муовини раис. ШМД –ро раис дар маҷлисҳои ректор ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо оиди корҳои таълимӣ-методӣ муаррифӣ менамояд.
— Фаъолияти ҷории ШМД аз тарафи идораи таълимӣ-методӣ ИТМ таъмин карда мешавад.
— ШМД мутобиқи нақшаи солона фаъолият менамояд, ки дар асоси мақсадҳои стратегии донишгоҳ дар доираи таъмин намудани сифати таълим ташкил ёфтааст ва аз тарафи гуруҳи кории ШМД (раис, муовини раис, раисони ШМ факултетҳо, роҳбарони комиссияҳои методии назди ШМД) мукамал гардида, охири соли таҳсили ҷорӣ дар маҷлиси Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда мешавад.
— Раиси ШМД оиди фаъолияти яксола ба Шӯрои олимони донишгоҳ ҳисобот пешниҳод менамояд.
— Барои ҳалли масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, тайёрӣ ба маҷлисҳо, гузаронидани санҷишҳои назди ШМД, гӯруҳҳои кории мувақатӣ ва комиссияҳои доимамалкунанда таъсис дода мешаванд. Кори комиссияҳо ва гуруҳҳои корӣ аз рӯи нақша назорат мегардад, ки дар маҷлисҳои ШМД аз тарафи роҳбарони ин комиссияҳо ва гӯруҳҳо тартиб дода шудааст, қабул карда мешавад. Роҳбарони комиссияҳо ба раиси ШМД оиди натиҷаҳои кори комиссия, тавсияҳо оиди мукаммалкунии раванди таълим ва нақшаҳои кор барои соли таҳсили оянда дар охири соли таҳсил ҳисобот пешниҳод менамоянд.
— Маҷлиси ШМД мутобиқи нақшаи корӣ, вале на камтар аз ду маротиба дар давоми нимсола гузаронида мешавад. Рӯзномаи маҷлиси минбаъда ва маълумотҳо ба он ба аъзоёни ШМД пешакӣ фиристода мешаванд. Маҷлиси ШМД барои ҳамаи кормандони донишгоҳ кушода ба ҳисоб меравад.
— Қарорҳои ШМД барои иштироккунандагони аъзоёни ШМД кушода қабул карда мешавад. Қарори ШМД қабулгардида ҳисобида мешавад, агар барои он на камтар аз 50 % аз шумораи иштироккунандагон овоз дода бошанд.
— Қарорҳои маҷлиси ШМД дар намуди мактубҳои методӣ ва хабарӣ, қарорҳо, дастурҳо, лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои олимон ва лоиҳаҳои фармонҳои ректор тартиб дода мешаванд.