Таърихи ташаккули факултет ба солҳои аввали таъсиси Донишкадаи политехникии Тоҷикистон рост меояд. Ҳанӯз соли 1956, ҳамзамон бо таъсиси донишкада, омодасозии муҳандисон аз рӯйи ихтисоси 1609 – нақлиёти автомобилӣ дар ҳайати факултети сохтмон оғоз гардида буд.
Бо мақсади такмили ҷиддӣ бахшидан ба раванди омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёти автомобилӣ, 13 октябри соли 1975 факултети автомобилию роҳсозӣ таъсис дода шуд. Ин иқдом заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи нақлиёт ва тайёр намудани кадрҳои касбӣ фароҳам овард.
Дастовардҳо ва фаъолияти шоистаи онҳо мояи ифтихор ва сарфарозии донишгоҳу факултет маҳсуб меёбад.
Айни замон дар сохтори факултет 4 кафедраи тахассусӣ фаъолият менамоянд:
- Кафедраи сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияи нақлиётӣ;
- Кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилӣ;
- Кафедраи истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ав роҳи оҳан;
- Кафедраи ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмону роҳсозӣ;
Дар факултет мутахассисон дар зинаи бакалавриат аз рӯйи ихтисосҳои зерин
омода карда мешаванд:
1-700301-01 – сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо,
1-700302-04 – купрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ,
1-370205 – сохтмони роҳҳои оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо,
1-370105-02 – автомобил ва хоҷагии автомобилӣ,
1-370106-01 – истифодабарии техникии автомобилҳо (нақлиёти автомобилии
истифодаи умум ва шахсӣ),
1-370107 – хизматрасонии автомобилӣ,
1-370110 – автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ,
1-440302 – ташкили ҳаракат дар роҳ,
1-080101-09 – таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ),
1-370401 – истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ,
1-370403 – истифодабарии техникии дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда,
1-370202-01 – истифодабарии техникии локомотивҳо ва вагонҳо,
1-361101 – мошинҳои сохтмонию роҳсозӣ ва таҷҳизоти борбардорию нақлиётӣ,
1-361102 – хизматрасонии техникии лифтҳо ва эскалаторҳо,
1-74060301 – ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ фаъолияти
самаранок дорад.
Дар зинаи магистратура мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода карда
мешаванд:
1-700301-01 – сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо,
1-440302 – ташкили ҳаракат дар роҳ,
1-370401 – истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ,
Дар факултет докторантони PhD аз рӯйи ихтисосҳои 6D 074500 – сохтмони нақлиётӣ.
Айни ҳол дар факултет 45 нафар омӯзгорон ва кормандон фаъолият мекунанд. Дар байни онҳо 1 нафар доктори илмҳои техникӣ, профессор, 16 нафар номзади илмҳои техникӣ ва дотсент, 12 нафар муаллими калон, 9 нафар ассистент, 1 нафар мудири озмоишгоҳ, 4 нафар лаборанти кафедра ва 2 нафар ба ҳайси коргузори кафедра фаъолият доранд.