

Факултети муҳандисӣ-техникии
Донишгоҳи миллии техникии Беларус -
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
Факултаи муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (минбаъд ФМТ ДМТБ-ДТТ) соли 2011 таъсис ёфтааст. Дар асоси супоришҳои президентҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Шурои олимони ДМТБ ва қарори Шӯрои олимони ДТТ (ҳамчун муассисон), бо мувофиқаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои «Созишнома дар бораи таъсиси ФМТ ДМТБ-ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз 28.10.2011с.”, “Созишномаи ҳамкорӣ байни ДМТБ-ДТТ аз 28.10.2011”, байни ду донишгоҳи ДМТБ ва ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар санаи 03.02.2012 шартнома ба имзо расид.
Дар факултет омузиш бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Раванди таълим тибқи системаи таълимии анъанавии гузаронида мешавад.
Дар заминаи факултети муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДТТ Маркази маориф, илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Беларус амал мекунад.
Айни замон дар сохтори факултет 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият менамоянд:
- Кафедраи забонҳо;
Дар факултет мутахассисон дар зинаи бакалавриат аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:
1-2602– Бизнес - идора,
1- 3601– Мошинсозӣ,
1-3802 – Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ,
1-4001– Воситаҳои математикӣ ва барномавӣ,
1-4301 – Энергетикӣ,
1-6901 – Меъморӣ,
1-7002 – Сохтмон,
1-7003 – Нақлиёт ва роҳ.
Марҳилаи ибтидоии омӯзиш (1-2 сол) дар ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ва марҳилаи дуюм (3-6 сол) дар ДМТБ шаҳри Минск гузаронида мешавад.
Факултети муштараки муҳандисӣ-техникӣ дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии донишгоҳ ва Ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро мегузорад.
Факултети муштараки муҳандисӣ-техникӣ дорои профессорону омӯзгорони баландихтисос буда, дар ҳайати онҳо 2 нафар докторони илм ва 33 нафар номзадони илм фаъолияти илмӣ – педагогӣ доранд.