Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабон ба комиссияи қабули  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ пешниҳод менамоянд:

Довталабоне, ки тибқи рўйхати ММТ, барои идомаи таҳсил ё гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат месупоранд:


1. Аризаи довталаб (дар комиссяи қабул тартиб дода мешавад);
2. Ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ);
3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
4. Сурати андозаи 3х4 (6 адад);
5. Шиноснома (асл ва нусха);
6. Билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (асл ва нусха);
7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад);
8. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар тавассути имтиёз дохил шуда бошад) – шаҳодатнома дар бораи маъюбӣ (барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юм), хатти вафоти падар
ва модар (барои ятимони кулли то синни 21 сола), ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи бепарастор будани довталаб, тавсияномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
ҶТ барои ғолибият дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика ва химия.

! Барои довталабоне, ки таҳсил ба тариқи шартномавиро интихоб намудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишгоҳ пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.

Довталабоне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия карда мешаванд:


1. Аризаи довталаб (дар комиссяи қабул тартиб дода мешавад);
2. Ҳуҷҷат дар бораи маълумот ё диплом (нусхаи аслӣ);
3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
4. Сурати андозаи 3х4 (6 адад);
5. Шиноснома (асл ва нусха);
6. Билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (асл ва нусха);
7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад);
8. Қарори Шӯрои педагогии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ;
9. Тавсияи шуъбаи маорифи шаҳр/ноҳия;
10. Роҳхати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр/ноҳия;
11. Тавсифномаи довталаб;
12. Қарордоди сетарафа (шаҳр/ноҳия, донишгоҳ, донишҷў);