WhatsApp Image 2025-08-14 at 10.32.45

Юсуфзода Манучеҳр Юсуф,

декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, дотсент

тел: +(992) 918-45-60-75

e-mail: manu_1804@mail.ru

1_1

Факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ моҳи сентябри соли 1956 таъсис дода шудааст.

Аз рӯзи таъсисёбии факултети энергетикӣ то имрӯз ҳазорон нафар мутахассисони варзида омода гардидаанд, ки айни ҳол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд.

 

Дастовардҳо ва фаъолияти шоистаи онҳо мояи ифтихор ва сарфарозии донишгоҳу факултет маҳсуб меёбад.

Айни замон дар сохтори факултет 6 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият менамоянд:

  1. Кафедраи неругоҳҳои электрикӣ;
  2. Кафедраи электротаъминкунӣ;
  3. Кафедраи ҳаракатдиҳандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ ва мошинҳои электрикӣ;
  4. Кафедраи ҳимояи релеӣ ва автоматикунонии системаҳои энергетикӣ;
  5. Кафедраи асосҳои назариявии радио ва электротехника;
  6. Кафедраи техника ва энергетикаи гармо;
  7. Кафедраи физика.

 Дар факултет мутахассисон дар зинаи бакалавриат аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ,

1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ,

1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо),

1-430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ,

1-430105 – Энергетикаи ҳароратии саноатӣ,

1-430105-05 – Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия,

1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ,

1-390101 – Радиотехника,

1-530104-03 – Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ,

1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ,

1-530105-01 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ,

1-530106 – Роботҳои саноатӣ ва комплексҳои робототехникӣ.

Дар зинаи магистратура мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода карда мешаванд:

1-430101 – Неругоҳҳои барқӣ,

1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ,

1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо),

1-430105 – Энергетикаи ҳароратии саноатӣ,

1-430105-05 – Манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия,

1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ,

1-390101 – Радиотехника,

1-530104-03 – Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ,

1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ.

Дар факултет докторантони PhD аз рӯйи ихтисосҳои 6D 071700 – Энергетикаи ҳароратӣ ва 6D 071800 – Энергетикаи электрикӣ омода карда мешаванд.

Факултети энергетикӣ дорои профессорону омӯзгорони баландихтисос буда, дар ҳайати онҳо 3 нафар докторони илм ва 55 нафар номзадони илм фаъолияти илмӣ – педагогӣ доранд. Дар маҷмуъ ҳайати умумии омӯзгорон ва кормандони факултет зиёда аз 80 нафар мебошад.

 Барои маълумоти муфассал оид ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет ба http://ef.ttu.tj/tj  ворид шавед.

5555_2


Ба рӯйхат

Донишгоҳ




Кафедраҳо