|
Аминов Шамсулло Асоевич Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон |
Таърихи таъсису инкишофи донишгоҳро бе фаъолияти иттифоқи касабаи устодон ва кормандони он тасаввур намудан муҳол аст, зеро Иттифоқҳои касаба ягона ташкилоти ҷамъиятии расмие мебошанд, ки ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи кормандони муассисаю корхонаҳоро новобаста аз мансубияти ҳизбӣ, динӣ, ирсию мазҳабиашон ҳимоя менамоянд. Аз ин рӯ, таърихи Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ ба таърихи худи донишгоҳ ҳамсол буда, дастоварду мушкилоти воқеии ҳаёти донишгоҳро дар ҳамаи марҳилаҳои фаъолияташ пурра таҷассум менамояд.
Агар ба ҳуҷҷатҳои охири солҳои 50-уми Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ шинос шавем, дар онҳо ҳамчун масъалаи асосӣ беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандон, ташкили озмоишгоҳу синфхонаҳо ва дастрас намудани хобгоҳ барои институти навтаъсис мебошад. Дар солҳои 60-ум то 90-ум бошад, дар ҳуҷҷатҳо масъалаҳои нисбатан васеътари илмию таълимӣ, фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии Институти политехникӣ ва кормандони он дар мадди аввал ба назар мерасанд.
Яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти давлати Шӯравӣ ва қувваи пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои фаъолият дар собиқ иттиҳоди Шӯравӣ мусобиқаи сотсиалистӣ ба шумор мерафт. Масъалаи ташкил, назорат ва ҷамбасти натиҷаҳои мусобиқаи сотсиалистӣ яке аз вазифаҳои асосии Иттифоқҳои касаба дониста мешуд. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки ба ташкилоту корхонаҳои ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ “Байрақи сайёр”, “Ифтихорнома” ва мукофотпулиҳои Кумитаҳои марказии Иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ дода мешуданд.
Мисоле, ки коллективи Институти политехникии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли 1978 барои гирифтани ҷойи сеюм дар озмуни мактабҳои олӣ оид ба ташкили шароити хуби кору истироҳати донишҷӯён ва аз рӯйи натиҷаҳои соли 1984 барои нишондиҳандаҳои баланд дар мусобиқаи умумииттифоқии сотсиалистӣ дар иҷрои супоришҳои соли 1984 ва амалӣ намудани чорабиниҳои зиёд дар самти омода намудани мутахассисони бомаҳорат, беҳтар намудани самаранокӣ ва сифати корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ бо ифтихорномаҳои Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси иттиҳоди Шӯравӣ, Кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ, инчунин бо мукофоти пулии онҳо сазовор шудааст, аз фаъолияти хуби Кумитаи иттифоқҳои касабаи Институти политехникӣ дар солҳои 80-ум шаҳодат медиҳад.
Назорати риояи интизоми меҳнат, иштироки кормандон дар чорабиниҳои оммавӣ – шанбегиҳо, ғунучинӣ пахта ва ғайраҳо аз ҷумлаи вазифаҳои Кумитаҳои иттифоқҳои касаба ба шумор мерафт.
Беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандон яке аз вазифаҳои муҳими кумита буд. Кормандон дар он давра фақат тибқи рӯйхати навбатдорон ва қарори дахлдори Кумитаҳои иттифоқи касаба соҳиби хона шуда метавонистанд. Айнан ҳамин тавр дастрас намудани маводи камёби серталабот, аз қабили мошини сабукрав, гилему палос, яхдон ва ғайраҳо ба воситаи рӯйхат дар Кумитаҳои иттифоқҳои касаба амалӣ карда мешуд.
Аз ин лиҳоз, барои кормандон зиёда аз 70 хонаи истиқоматӣ дастрас намудани раёсат ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишгоҳ дар соли 1990 аз фаъолияти хуби кумита дарак медиҳад.
Аз оғози фаъолияти донишгоҳ то давраи истиқлолият роҳбарии Кумитаи иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандони донишгоҳро Сангинов С.Н., Неъматулоева З., Балхов Д.Б., Анваров А., Гулбеков К.К., Раҳимқулов Х., Табибулоева М.М., Ҳасанова Ф.Н. ба уҳда доштанд. Аз соли 1994 то соли 2014, дар давоми 20-соли давраи истиқлолият роҳбарии кумитаро Раҳматов Акрам Шарифович ба уҳда дошт ва ҳоло раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи устодон ва кормандон Аминов Шамсулло Асоевич мебошад. Ҳайати қумита аз 11 нафар иборат буда, дар чор сектор фаъолият намуда, шумораи аъзоёни иттифоқи касаба аз ҳисоби устодон ва кормандон 873 нафарро ташкил менамояд.
Биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ пурра таъмиру азнавсозӣ шуданд. Қисми аздастрафтаи минтақаи варзишию истироҳатии донишгоҳ дар километри 53-юми дараи Варзоб ба донишгоҳ баргардонида шуда, барои истироҳати устодону кормандон ҳамаҷониба таъмир ва азнавсозӣ карда шудааст. Пояи моддӣ-техникии таълим хеле беҳтар гардида, дар донишгоҳ китобхонаҳои замонавии анъанавию электронӣ, толору майдончаҳои варзишӣ таъсис дода шуданд. Дар донишгоҳ шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Ҳамасола Кумитаи иттифоқҳои касаба барои дар сатҳи баланд гузаронидани иду ҷашнҳои умумидавлатию сунатиамон, махсусан иди Наврӯз диққати ҷиддӣ медиҳад. Кумита дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ мекӯшад, ки баргузории ҳар як иду тантанаи умумихалқӣ хотирмон бошад, барои баланд шудани худшиносию масъулияти кормандон мусоидат намояд. Бо ин мақсад дар баробари чорабиниҳои тарғиботию фарҳангӣ дар арафаи иду ҷашнвораҳо кормандони донишгоҳ, махсусан кормандони камбизоат бо мукофоти гуногун сарфароз гардонида мешаванд.
Ҷашнвораю чорабиние, ки дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба баргузор карда мешаванд, дар беҳтар гардидани самтҳои фаъолияти донишгоҳ саҳми арзанда мегузоранд. Яке аз чорабиниҳои муҳиму хотирмон баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 50-солагии донишгоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17-уми апрели соли 2007 буд. Айнан ҳамин тавр баргузории “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” 1-уми сентябри соли 2014 дар бинои навбунёди факултети сохтмон ва меъмории донишгоҳ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам таъсирбахшу хотирмон буд.
Ҳадафи асосии донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар се зинаи таҳсилот, яъне бакалавриат, магистратура ва докторантура мебошад.
Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ будани сохтори идоракунӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, таъмини кафедраҳо бо кадрҳои соҳибунвон, ки яке аз омилҳои муҳиму асосии беҳтар намудани сифати таълим ва омодакунии мутахассисони соҳибкасбу баландпоя мебошад, таъмин нагардад, пешравию муваффақият ба даст намеояд.