УСТОХОНАИ БА НОМИ ЛУ БАН

Устохонаи ба номи Лу Бан, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ бунёд мегардад, аввалин чунин устохонаҳо мебошад, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Чин дар миқёси Осиёи Марказӣ бунёд карда мешавад. Айни ҳол, корҳои банақшагирӣ ва муайян намудани ҷой, масоҳат ва баҳодиҳии шароити зарурӣ ба анҷом расонида шудааст.

Санаи 04 январи соли 2022 маросими ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардида, айни замон миёни ҷонибҳои болозикр доир ба бунёди Устохонаи ба номи Лу Бан созишнома ба имзо расонида шуда, корҳо дар минтақаи бунёди иншоот рафта истодаанд.

mmexport1646981021142

mmexport1646981024338

mmexport1646981027237

Илм ва инноватсия