Факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ моҳи ноябри соли 2007 дар заминаи факултети автомобилию роҳсозӣ бо ҳамроҳкунии баъзе аз ихтисосҳои собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Моҳи октябри соли 1975 бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ дар ҳайати Донишкадаи политехникии Тоҷикистон факултети алоҳидаи автомобилию роҳсозӣ таъсис дода шуд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №471 аз 1-уми сентябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ”, фармоиши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ таҳти №79-3/2 аз 18-уми октябри соли 2007 ва таҳти №81-3/2 аз 31-уми октябри соли 2007 “Дар бораи ҳамроҳкунии Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ” дар базаи факултети автомобилию роҳсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон ду факултети равияи нақлиётӣ – факултетҳои нақлиёт ва идора ва сохтмони нақлиётӣ созмон дода шуд, ки баъдтар факултети идора ва сохтмони нақлиётӣ ба факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ табдили ном кард.
Омодасозии муҳандисони равияи роҳсозию нақлиётӣ дар сохторҳои гуногуни Донишкадаи политехникии Тоҷикистон аз соли таъсисёбии донишгоҳ (соли 1956) амалӣ мегардид. Аз рӯйи ихтисоси 1211 – “Роҳҳои автомобилгард ва фурӯдгоҳҳо” омодасозии мутахассисон дар ҳайати факултети “Сохтмон” ҳанӯз соли 1978 оғоз гардидааст. Соли 1962 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон факултети химикию технологӣ таъсис дода шуд ва омодасозии мутахассисони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба зиммаи он вогузор карда шуд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони соҳаи роҳсозию нақлиёти автомобилии Тоҷикистон соли 1975 факултети автомобилию роҳсозӣ таъсис дода шуд, ки мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои 1609 – «Автомобил ва хоҷагиҳои автомобили», 1725 – «Иқтисодиёт, ташкил ва идоракунӣ дар корхонаҳои нақлиётӣ» ва 2910 – «Роҳҳои автомобилгард ва фурӯдгоҳҳо» омода менамуд.
Айни замон дар сохтори факултет 3 кафедраи тахассусӣ – иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ, сохтмони роҳҳо, иншоот ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт ва 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ – тарбияи ҷисмонӣ мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои 1-440101 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ”, 1-440103 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти роҳи оҳан”, 1-440105-02 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ҳавоӣ”, 1-700301-01А – “Сохтмони роҳҳо ва фурӯдгоҳҳо”, 1-700302-04 – “Сохтмони кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ”, 1-370205А – “Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо”, 1-260203-23 – “Логистика”, 1-270101-02А – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти автомобилӣ)”, 1-270101-03А – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (хоҷагии роҳ)”, 1-270101-07Б – “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти авиатсионӣ)” омода мекунанд.
Инчунин, дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои 1-440101 – “Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ”, 1-260203-23 – “Логистика” ва 1-700301-01А – “Сохтмони роҳҳо ва фурӯдгоҳҳо” магистрон таҳсил менамоянд.
Декани аввалини факултети навбунёд, ташаббускори ташкили ин факултет аз оғози фаъолият то соли 1993 д.и.и, профессор Ҷумъаев Ҷамоат Ҷумъаевич буданд. Аз соли 1993 факултетро н.и.и., дотсент Сатторов Раҳматулло Сатторович ба уҳда доштанд.
Аз соли 1996 то моҳи декабри соли 2009 факултетро д.и.т., профессор Турсунов Абдуқаҳҳор Абдусамадович сарварӣ намуданд. Моҳи августи соли 2008 баъди бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамроҳ намудани Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон факултети автомобилию роҳсозӣ ба ду факултет – нақлиёт ва идора ва сохтмони нақлиётӣ ҷудо гардид. Пас аз таъсиси факултети нави идора ва сохтмони нақлиётӣ роҳбарии факултет ба зиммаи д.и.т., профессор Оев Абдулҳақ Мансурович гузошта шуд. Аз соли 2011 то майи соли 2014 ба вазифаи декани факултети идора ва сохтмони нақлиётӣ д.и.и., профессор Сангонов Облоқул Қамарович ва аз майи соли 2014 н.и.и., дотсент Ҳабибуллоев Ҳабибулло Хайруллоевич таъйин карда шуданд. Пас аз табдили ном роҳбарии факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётиро аз соли 2017 н.и.и, дотсент Ҳамроев Фузайлӣ Маҳмадалиевич, аз соли 2020 н.и.и., дотсент Алибаева Мавҷуда Мингаровна ва баъдан н.и.и., дотсент Азимов Пулод Ҳакимович бар уҳда доштанд. Айни ҳол аз сентябри соли 2021 ин вазифаро Ашӯрзода Ашӯр Нурулло ба уҳда дорад.
Дар факултет донишҷӯёни шуъбаи рӯзона 1103 нафар, шуъбаи фосилавӣ 257 нафар ва шуъбаи ғоибона бошад, 26 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, айни ҳол дар факултет 49 нафар магистрон таҳсил менамоянд.
Дар панҷ соли охир (солҳои 2015-2020) шумораи омӯзгорони унвондор дар факултет мунтазам зиёд гардида, ҳайати устодон рисолаҳои илмии худро дар мавзӯъҳои гуногун дифоъ намуданд. Шумораи омӯзгорони унвондор дар факултет 26 нафарро ташкил дода, 2 нафарашон докторони илм, профессорон мебошанд. Дар маҷмуъ ҳайати умумии омӯзгорони факултет 62 нафар мебошад.
Раванди таълиму тарбия дар факултет хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони дорои тахассус ва таҷрибаи баланди назариявию амалӣ ба донишҷӯён касб меомӯзанд. Бо воситаҳои гуногуни таълимӣ мутахассиси ояндаи ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ тарбия карда мешавад, ки саҳми Шӯрои кураторони факултет назаррас аст. Ҷамъияти илмии донишҷӯён ба таври доимӣ фаъолият менамояд, донишҷӯён бо мақолаву тезисҳои худ дар маҳфилҳои илмӣ баромад мекунанд.
Таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии донишҷӯёни факултет дар корхонаҳои нақлиётию роҳсозии пешбари кишвар – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Тоҷикистон (АВВАТ), ККВД «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3», КВД «Экспедитсияи нақлиётӣ», Сехи автомобилии №2-и заводи Алюминии тоҷик, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Тоҷик-Эйр», КВД «Сомон-Эйр», Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Душанбе, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Хуҷанд, Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Кӯлоб, Фурӯдгоҳи айналмилалии ш.Бохтар, Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковиии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Корхонаи оҳану бетонбарории №1»-и ш. Душанбе ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.
Аз тарафи коллективи устодону профессорони факултет зиёда аз 50 монография ва 500 мақолаи илмӣ ба чоп расидааст. Дар факултет коллективи устодону профессорон доир ба «Мушкилоти системаи нақлиётӣ ва роҳҳои бартараф кардани камбудиҳои соҳа» корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд ва саҳми назарраси худро барои рушди соҳаи нақлиёт гузоштаанд.
Аз рӯзи таъсисёбии факултети автомобилию роҳсозӣ ва дар заминаи он ташкилшавии факултети менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ то ба имрӯз беш аз 10 ҳазор нафар мутахассисони ихтисосҳои нақлиётию роҳсозӣ омода шудаанд, ки ҳоло дар системаи хоҷагии кишвар ва берун аз он софдилона меҳнат менамоянд ва боиси ифтихори факултетанд.
Дар омодакунии мутахассисон ва олимони ҷавон факултет бо Донишкадаи автомобилию роҳсозии Маскав (МАДИ-ТТУ), Муассисаи федералии давлатии буҷавии таълимии олии касбии “Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании Санкт-Петербург” (ФГБОУ ВО “Санкт-Петербургский государственный университет гражданской авиации”), Донишкадаи техникӣ-физикаи АМИТоҷикистон, Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ, Академияи муҳандисии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Нақлиёт”, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, муассисаҳои нақлиётии шаҳру навоҳии кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, “Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Душанбе”, “Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Хуҷанд”, “Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Кӯлоб”, “Фурӯдгоҳи байналмилалии ш.Бохтар” алоқаи илмиву амалӣ ва судмандро ба роҳ мондааст.
Корҳои илмии устодони факултет дар маҷаллаҳои соҳавии Федератсияи Россия – «Автомобильные дороги», «Наука и техника в дорожной отрасли», «Дороги содружества» ва инчунин дар нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ахбороти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Маърӯзаҳои академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Паёми политехникӣ» ва ғайраҳо, ки аз нашрияҳои илмии эътирофнамудаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошанд, нашр мегардад.
Устодони факултет дар санҷиш ва тадқиқоти роҳҳои автомобилгард, кӯпрукҳо ва роҳҳои оҳани ҷумҳурӣ, қисман дар санҷишҳои кӯпрукҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, Қӯрғонтеппа – Тирмиз, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат – Норак, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе – Ваҳдат – Данғара – Кӯлоб, кӯпрукҳои бандарҳои обии Роғун ва дигар иншоот иштирок мекунанд.
Дар назди факултет озмоишгоҳҳои масолеҳи сохтмони роҳҳо, истифодабарии роҳҳои автомобилгард ва иншооти муҳандисӣ дар сохтмони нақлиётӣ, ки дар онҳо тадқиқот, санҷишҳо ва назорати сифати масолеҳ ва дигар иншооти роҳҳо гузаронида мешавад, фаъолият мекунанд.
Олимони факултет дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳҳои гуногун ба ҳайси аъзо қабул гардида, дар омодакунии олимони ҷавон саҳми худро гузошта истодаанд. Инчунин кормандони факултет ба узвият (аъзо-корреспондент)-и Академияи муҳандисии Тоҷикистон пазируфта шудаанд.
Устодони факултет пайваста барои хизматҳои шоиста дар соҳаи маориф ва нақлиёт бо мукофотҳои давлатӣ, нишонҳои “Аълочии маориф ва илм” ва “Нақлиётчии фахрӣ”, ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти кишвар қадрдонӣ гардидаанд.
Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз факултетро шумораи зиёди донишҷӯён хатм намуда, дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи вазорату корхонаҳо ва дигар вазифаҳо бомуваффақият фаъолият менамоянд. Ҳамзамон хатмкардагони факултет дар хориҷи наздику дур кор карда истодаанд.
Хатмкардагони зерини ихтисосҳои факултет, ки дар вазифаҳои масъули давлатию ҳукуматӣ фаъолият намудаанд ва айни ҳол кор мекунанд инҳо мебошанд: Абдуллов Н.А. – сардори шуъбаи танзими фурӯдгоҳҳо, аэронавигатсия ва иҷозатномадиҳии раёсати танзим ва стандартҳои Агентии авиятсияи гражданини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алишерзода А. – муовини директори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», Ашуров Ф.М. – ёрдамчӣ-иҷрочии муовини суди иқтисодии ш.Ҳисор, Бадалов В. – сардори истгоҳи Айнӣ дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Баротов Б. ҶСК – сардори АТС №1-и ҶСК “ШАТ”, Бобоев К.О. – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири бахши “Нақлиёт”-и Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, Бобоев О.Б. – д.и.и., профессор, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, собиқ директори институти илмӣ-тадқиқотии нақлиёт, собиқ ректори Донишкадаи нақлиёт, собиқ Вазири нақлиёт, собиқ директори институти иқтисодиёт ва демография, вакили МН МО ҶТ, Валиев Ш.Н. – н.и.т., дотсенти кафедраи “Пул ва иншоот”-и Донишкадаи автомобилию роҳсозии ш. Маскав, Ғаниев Ҳ.Р. – сармуҳандиси ККВД “Автобус – 1”, Ганҷалзода Ш.Р. – сардори хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, собиқ Вазири нақлиёти мамлакат, Гулов М. – сардори истгоҳи Душанбе-2-и КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Гулов Ф. – сармуҳосиби филиали Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Хуросон, Давлатов Ҷ. – сардори МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», Каримов Б.Б. – д.и.т., профессор, Директори иҷроияи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, Қодиров С. – сардори раёсати байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимов М.Ф. – муовини директори КВД “Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ, Лолаев У. – директори ҶДММ “ФАЭТОН” (ширкати ҳавопаймоӣ), Махсумов В.Ҳ – директори “ПЛИН”-и ВНҶТ, Муминов З.С. – сардори раёсати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминов Л.Қ. – директори КВД «Маркази сертификат ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт», Азиззода И.А. – мудири шуъбаи молияи Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назришоев С.Т. – сармуҳандиси иншооти муҳандисӣ, Неъматзода Ф. – сардори раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оев А.М. – д.и.т., профессор, собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе, собиқ муовини ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, собиқ декани факултет, Расулов Ф. – сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ш. Душанбе, Раҳимов Н. – собиқ директори МНА-и №10, Раҷабзода Ш. – генерал-майори милитсия, муовини сардори РБДАҶТ РВКД-и минтақаи Рашт, Раҷабов Р.К. – д.и.и., профессор, собиқ муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, сардори раёсати илм ва инноватсия, Саидаҳмадов А. – сармуҳандиси КВД “ПЛИН”-и ВНҶТ, Саидзода М.Б. – генерал-майори милитсия, Саидмуродзода Ш.О. – н.и.и., дотсент, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сангинов О.Қ. – д.и.и., профессор, собиқ муовини ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Сафарзода Х. – генерал-майор, сардори дастгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Талбаков А. – ҷонишини сардори пойгоҳи вагонҳои боркашонии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Холдоров О.О. – муовини директори КВД “ПЛИН”-и ВНҶТ, Холматов Р.Б. – н.и.и., дотсент, директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Ҳабибуллоев Ҳ.Х. – н.и.и., дотсент, собиқ директори ҶДММ “Автострада”, собиқ муовини ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, собиқ декани факултет, Ҳасанов Ш. – директори КВД “Экспедитсияи роҳи оҳан”-и КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Ҳокимов Н.Ҳ. – собиқ муовини раиси ш. Душанбе, Шарипов М. – директори ҶДММ “Пахтаи Ёвон”, Шарифов А.Ш. – н.и.и., академики АИ Россия, Шарифҷонзода М. – муовини директори иҷроияи ҶДММ “Акиа-Авеста автоматив индастри”, роҳбари лоиҳаи “Мусича”,Шафиев Д. – сардори истгоҳи Хатлон, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, Ярматов Н. – сардори хадамоти бехатарии МД “Фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе“.